Пайвандҳои дастрасӣ

1 $ = 77 рубл. Ҷайби холии муҳоҷирони тоҷик холитар мешавад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Коҳиши қурби рубли Русия ба ҷайби муҳоҷирони тоҷик низ зарба задааст. Бо ин ҳол, иқтисоддонҳо аз 80 рубл гузаштани қурби рублро низ истисно намекунанд.

Рӯзи 12 январ қурби доллари Амрико 72 тин афзуда, барои бори аввал аз “сешанбеи сиёҳ”-и 16 декабри соли 2014 аз 77 рубли русӣ боло шуд. Баъдан ҷастухези нархҳо дар бозори асъор як каме таскин ёфт ва Бонки марказии Русия қурби расмии долларро барои муомилаҳои рӯзи 13 январ 76 рублу 60 тин муқаррар кардааст.

Вале Герман Греф, раиси “Сбербонк” – бузургтарин бонки Русия – гуфтааст, ин ҳанӯз ҳадди ниҳоӣ нест. Ба бовари ӯ, агар нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам пойин биравад ва қимати як бушкааш ба 25 доллар бирасад, имкон дорад, ки қурби доллар аз 80 рубл гузарад.

Рубли Русия аз як тараф таҳти фишори мушкилоти иқтисодии ин кишвар ва аз тарафи дигар зери фишори коҳиши нархи нафт – як маҳсулоти асосии содиротиаш қарор гирифтааст. Нархи нафт як ҳафта боз беист поён меравад. Рӯзи 12 январ нархи як бушкаи нафти хоми навъи Brent дар биржаи Лондон ба 21,10 доллар ва нархи як бушкаи нафти хоми WTI дар бозори Ню-Йорк то ба ҳадди 30 доллару 95 сент пойин омад.

Танҳо дар 12 рӯзи аввали соли равон рубли русӣ қариб 10 дарсад қурбашро аз даст дод. Аз оғози мушкилоти иқтисодии Русия дар тирамоҳи соли 2014, яъне дар зарфи 15 моҳи охир қурби рубли русӣ дар муқобили доллари Амрико ва евро – воҳиди пулии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо – 250 дарсад коҳиш ёфтааст.

Беқурбшавии рубл пеш аз ҳама ба қишрҳои осебпазири ҷомиа зарба мезанад. Иқтисоддонҳо муҳоҷирони кориро низ аз ҷумлаи чунин қишрҳои осебпазир ном мебаранд, ки аз уфти қурби рубл хисороти ҷиддӣ мебинанд.

Садриддин, як тоҷири мева дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даромади онҳо аз ду тараф – ҳам аз ҳисоби паст шудани қобилияти харидории мардум ва ҳам аз ҳисоби коҳиши қурби рубл хеле камтар шудааст: “Мо имсол ҳатто 30 фоизи даромади соли гузаштаамонро ба даст оварда натавонистем. Агар ба доллар гардонемаш, ҳеҷ мешавад. Ба болои ин, рубле ки ба хона мефиристем, дар Тоҷикистон ҳам дигар қурб надорад. Солҳои гузашта хеле хубтар буд корамон. Ба қавли мардуми худамон, тинҷ шуда будем.”

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз як сӯи дигар, хароҷоти муҳоҷирон дар Русия торафт бештар мешавад: “Як қуттии чорунимкилоии ангур 300 рубл буд. Ҳоло як килояш 300 рубл шудааст. Боз бояд пули патенту имтиҳони забону ҳазору як харҷи дигар ба гардани мо илова шудааст. Фоида дигар он фоидае нест, ки дар солҳои қабл инҷо доштем, вале илоҷи дигар надорем.”

Ғуфрон Ваҳҳобов, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав мегӯяд, ҳамин беилоҷист, ки муҳоҷирони тоҷикро ҳамчунон мӯҳтоҷи бозори кори Русия нигоҳ медорад: “Маълум аст, ки сахт шуд, маълум аст, ки фоидаи муҳоҷирон дигар мисли солҳои пеш нест ва агар онҳо ҳама дар сар ҳавои харидани мошину хонаву ин чизҳоро доштанд, ҳоло дар фикри фақат таъмини рӯзгоранд. Вале ҳанӯз тоқат кардан мумкин, чунки алтернативаи дигар нест. Вазъият ҳанӯз ба ҳадде бад нест, ки ҳамаи муҳоҷирони мо сари худро бигиранду саросар баргарданд.”

Асли мушкили муҳоҷирони корӣ дар Русия ин аст, ки қурби рубл дар муқобили доллар аз тирамоҳи соли 2014 ба ин тараф қариб дувуним маротиба коҳиш ёфт, вале маоши муҳоҷирон, ки аксар дар сохтмонҳову корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии коммуналӣ кор мекунанд, бо рубли русӣ ва аксаран дар ҳамон ҳаддест, ки ду сол пеш буд. Ва ин 15, 20 ё 30 ҳазор рубле, ки ду сол пеш баробари аз 500 то 1000 доллар арзиш дошт, ҳоло ҳадди аксар зери 400 доллар мешавад.

Ғуфрон Ваҳҳобов мегӯяд, бархе корхонаҳо бо дарназардошти афтодани қурби рубл маошҳоро боло бурданд, вале, албатта, на ба ҳадде ки 250 дарсад кам шудани қурби пули миллии Русияро ҷуброн карда битавонад: “Нархи иҷораи манзил, агар ба доллар гардонемаш, арзонтар шуд дар айни замон. Ва хуб аст, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ зиёд босуръат боло намеравад. Вагарна аҳволи муҳоҷирон метавонист боз ҳам бадтар шавад.”

Дар Русия то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кор мекунанд. Аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ дар соли 2014 беш аз 3,8 миллиард ва дар соли 2013 беш аз 4,1 миллиард доллар пул таҳвил шуда буд. Вале бино ба омори Бонки марказии Русия, дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул рафтааст, ки аз як соли пеш 3,7 маротиба камтар аст.

Таҳлилгарони масоили муҳоҷират мегӯянд, мушкилоти иқтисодии Русия дар соли 2016 низ давом хоҳад кард ва қурби рубли русӣ метавонад боз ҳам пойин биравад, ки ин ба навбати худ ҷайби бе он ҳам хеле тиҳишудаи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро боз ҳам тиҳитар мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG