Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 3,7 маротиба кам шудааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Омори расмии Бонки марказии Русия ҳокист, ки ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми сол қариб 4 маротиба коҳиш ёфтааст.

Бонки марказии Русия омори расмӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ин кишвар ба хориҷ дар семоҳаи сеюми соли 2015-ро нашр кард. Омори нашршуда ҳокист, ки интиқоли пул аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ аз Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ назар ба як соли қабл бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Аз ҷумла бино ба ин омор, дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи муодили ҳамагӣ 358 миллион доллар пул фиристодаанд. Ин назар ба 1 миллиарду 348 миллион долларе, ки дар семоҳаи сеюми соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон рафта буд, 3,7 маротиба камтар аст.

Коҳиши башиддати интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюм дар ҳолест, ки маъмулан ду семоҳаи ахири сол авҷи мавсими интиқоли пулҳои коркардаи муҳоҷирон ба Ватанашон ба шумор меравад.

Омори расмии Бонки марказии Русия, ки бар асоси маълумоти 9 ширкати пулфиристанда - Анелик, Вестерн Юнион, БЛИЗКО, Контакт, Золотая Корона, Колибри, ЛИДЕР, Почта России ва Юнистрим - таҳия шудааст, ҳамин тавр, нишон медиҳад, ки интиқоли пул аз Русия ба Узбакистон – яке дигар аз кишварҳои муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ низ қариб 3 маротиба кам шудааст. Дар семоҳаи сеюми соли 2014 аз Русия ба Узбакистон беш аз 2 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, вале имсол – ҳамагӣ 725 миллион.

Ҳамин тавр, Қирғизистон ба ҷои 635 миллион доллари як соли қабл дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ аз Русия ҳамагӣ 290 миллион доллар пул гирифтааст.

Аксари пулҳое, ки тавассути ширкатҳои интиқоли пул фиристода мешавад, дастмузди муҳоҷирони корианд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кораш барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон худро ба хориҷ ва умдатан ба бозори кори Русия мезананд.

Пулҳои муҳоҷирон як чархаи муҳими гардонандаи аробаи иқтисоди Тоҷикистон ва як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Бино ба омори Бонки марказии Русия, дар соли 2014 аз ин кишвар ба Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои интиқоли пул 3 миллиарду 831 миллион доллар пул интиқол ёфта буд. Ҳарчанд ин назар ба 4,1 миллиард доллар рекорди соли 2013 камтар буд, боз ҳам қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Нигарониҳо аз эҳтимоли коҳиши пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик ва паёмадҳои ногувори он ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тақрибан як сол ба ин сӯ дар сатҳҳои мухталиф садо медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раҳбарони Бонки миллии ин кишвар, низ рӯ ба коҳиш овардани маблағҳои интиқолӣ аз Русияро эътироф мекарданд, вале мегуфтанд, ҳаҷми ин пулҳо ба ҳисоби рубл тағйир наёфтаанд, балки ба далели уфти қурби рубли русӣ ба ҳисоби доллар кам шудаанд.

Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи ноябр бо нигаронӣ аз 32 дарсад коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷирон гуфта буд, ки мутаассифона, ин тамоюл дар соли 2016 низ идома хоҳад ёфт. Ин ниҳоди молӣ аз ҷумла ба далели кам шудани пули муҳоҷиронаш пешбинии худ нисбат ба суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро тағйир дод ва гуфт, иқтисоди ин кишвар дар соли 2015 на 6 - 7 дарсад, ки як даҳсолаи ахир мушоҳида мешуд, балки ҳамагӣ 4,3 дарсад рушд хоҳад кард.

Сандуқи байналмилалии пул – як ниҳоди дигари байналмилалии молии нозири масоили иқтисодии Тоҷикистон – ҳанӯз дар ибтидои сол ҳушдор дода буд, ки ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик имсол дастикам 30 дарсад кам хоҳанд шуд.

Аммо ҳеҷ яки ин пешбиниҳо ба ҳадде, ки омори расмии Бонки марказии Русия нишон медиҳад, нигаронкунанда набуд. Бино ба ин манбаъ, дар 9 моҳи аввали соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 3 миллиарду 16 миллион доллар интиқол ёфта буд. Дар 9 моҳи аввали соли равон – ҳама 1 миллиарду 54 миллион доллар, яъне қариб 3 маротиба ё 2 миллиард доллар камтар аз як соли пеш.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷирон нафақат рӯи таъмини рӯзгори хонаводаҳои онҳо дар Ватан таъсири манфӣ мегузорад ва онҳоро маҷбур мекунад, то дар пешбурди рӯзгорашон ҳарчӣ бештар сарфаҷӯ шаванд. Балки кам шудани маҷрои пул аз Русия соҳаҳои дигари ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла риштаҳои савдо, сохтмон ва хидматрасониро дучори бӯҳрон мекунад. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, нишонаҳои ин бӯҳронро метавон алакай алакай дар сард шудани савдои бозорҳову фурӯшгоҳҳо ва камхаридор шудани бозори манзили Тоҷикистон ба чашм дид.

Бо ин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, кадом аломати беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Русияро ҳатто барои соли оянда пешбинӣ намекунад, балки бо дарназардошти таъсири таҳримоти байналмилалӣ ва идомаи уфти қурби рублу нархи нафту газ – ду маҳсулоти асосии содиротии Русия – вазъ метавонад боз ҳам бадтар шавад . Бар илова, мақомоти Русия қасд доранд, аз соли нав нархи патент ва дигар асноди лозим барои кору зиндагии муҳоҷирони кориро башиддат боло бубаранд. Ва ин ҳама ба маъноест, ки муҳоҷирони тоҷик шояд соли оянда низ аз Русия бо ҷайби боз ҳам тиҳитар баргарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG