Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2015-ро иқтисоддонҳо мушкилтарин соли иқтисоди Тоҷикистон дар асри 21 ном мебаранд, вале мегӯянд, ин кишвари пасошӯравиро як соли боз ҳам мушкилтаре ҳанӯз дар пеш аст.

Соли 2015, ба ақидаи иқтисоддонҳои тоҷик, мушкилтарин соли иқтисоди Тоҷикистон дар 15 соли гузашта аз оғози асри 21 буд, вале дастикам як соли дигари боз ҳам мушкилтаре ин кишвари фақири пасошӯравиро дар пеш истодааст. Бовар меравад, ки иқтисоди Тоҷикистон ҳатто баъди бӯҳрони молии солҳои 2008-2009 чунин гирифтор нашуда буд, ки имсол.

Чор омили асосӣ – таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия, коҳиши бамаротиби пулҳои интиқолии муҳоҷирон, 30 дарсад пойин рафтани қурби расмии сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон - дар муқобили доллару евро ва уфти нархи ҷаҳонии алюминий ва пахта – ду маҳсулоти умдаи содиротии кишвар – иқтисоди Тоҷикистонро дар байни дарёи бӯҳрони молӣ тахтабанд кардааст ва зарурати таҳияи як барномаи фавқулоддаи зиддибӯҳронӣ аз сӯи ҳукуматашро ба як амри ногузир ва оҷил табдил медиҳад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар рӯзи 1 январ, дар нахустин рӯзи соли 2015 ҳамагӣ 5 сомонию 30 дирамро ташкил медод. Дар поёни сол қурби расмии сомонӣ алакай ба 6 сомонию 92 дирам баробар шуд. Яъне 30 дарсад бештар аз аввали сол. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар саррофиҳо доллар тақрибан як моҳ боз ба қимати аз 7 сомонӣ боло харидуфурӯш мешавад ва як муддат то ҳафтуним сомонӣ ҳам расид.

Мақомоти тоҷик аз гузаштан ба қурби озод худдорӣ карда, дар тӯли сол барои танзими бозори асъор асосан аз чораҳои маъмуриву муҷозотӣ ва айбдор кардану муҷозоти саррофону баъзе бонкҳо барои истифодаи нархҳои, ба гуфтаи мақомот, “спекулятивӣ” кор мегиранд.

Дар ибтидои моҳи май дар пайи ҷаҳиши навбатии қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллиро бо тамоми муовинонаш иваз кард. Вале баъди андаке танаффус коҳиши қурби сомонӣ ба ҳамон сурати ҷаҳиш ба ҷаҳиш идома ёфт.

Иқтисоддонҳои тоҷик мӯътақиданд, ки чораҳои муҷозотӣ таъсири муваққат доранд, вале барои дарозмуддат наметавонанд суботи қурби пули миллиро таъмин кунанд. Бовар меравад, ки Душанбе низ дар ниҳоят амсоли Қазоқистону Озарбойҷон маҷбур ба пазируфтани қурби озод хоҳад шуд. Вале суол ин аст, ки қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар ҳолати шинои озод ба чанд хоҳад расид? 8? 9? Ё 10 сомонӣ?

Уфти қурби сомонӣ ва ҳамин тавр, мушкилоти дигари иқтисодии Тоҷикистонро асосан таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия мешуморанд. Бӯҳрони Русия дар соли 2015 боиси башиддат кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон – як чархаи дигари муҳими аробаи иқтисодии Тоҷикистон шуд. Бино ба омори расмии Бонки марказии Русия, дар 9 моҳи аввали соли равон аз он кишвар ба Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул рафтааст. Дигар яқин аст, ки ҷамъи ҳосили имсолаи лашкари якмиллионнафарии муҳоҷирони тоҷик аз 3,8 миллиард доллар пуле, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон омад, ва аз 4,1 миллиард доллар рекорди соли 2013 бамаротиб камтар мешавад.

Чунин коҳиши башиддати пулҳои интиқолӣ аз Русия хонаводаҳои муҳоҷирон дар Тоҷикистонро маҷбур кардааст, ки дар харҷи пул аз эҳтиёту сарфакорӣ кор бигиранд ва худро бо харидани танҳо маҳсулоти фавқулодда муҳими рӯзгор маҳдуд кунанд. Пойин рафтани қобилияти харидории мардум ба навбаи худ бозорҳову фурӯшгоҳҳо ва ҳамин тавр, риштаи хидматрасонии иқтисоди Тоҷикистонро дучори мушкили камбуди харидор кардааст.

Кунд шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ сабаби уфти нишондиҳандаҳои умдаи иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар ва ҷамъоварии андозҳо ва боҷу хироҷи гумрукӣ шудааст. Натиҷаҳои сол ҳанӯз эълон нашудаанд, вале дар нимаи аввали сол нақшаи Кумитаи гумруки Тоҷикистон ҳамагӣ 83 дарсад иҷро шуд. Ҳаҷми умумии воридоту содироти Тоҷикистон дар 11 моҳи сол 3,9 миллиард долларро ташкил дод, ки назар ба айни давраи як соли пеш 18 дарсад ё қариб 900 миллион доллар кам аст. Ҳамин фишори мушкилоти иқтисодӣ буд, ки ҳукумат дар моҳи ноябр ҳатто ҳаҷми дахлу харҷи буҷаи имсолаашро ба таври барои дастикам 10 соли охир бесобиқа ба маблағи 200 миллион сомонӣ кам кард.

Душанбе то ҳол барои муқобила бо мушкилоти иқтисодие, ки аз гиребонаш гирифтааст, бештар аз шеваҳои маъмурӣ кор мегирад. Дар моҳи август аз ҷумла дар ҷаласаи ҳукумат “протоколи рақами 9” тасвиб шуд, ки аз тамоми вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ талаб мекунад, то дар шароити бӯҳрони молӣ маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода карда, "аз хароҷоти дувумдараҷа худдорӣ варзанд." Ба мансабдорон аз ҷумла пешниҳод шудааст, то ба ҷои мошинҳои хидматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Ҳамин тавр, дар моҳи ноябр ҳукумат барномаеро тасвиб кард, ки таъсиси 306 000 ҷои кории нав дар ду соли ояндаро пешбинӣ мекунад.

Аммо иқтисоддонҳо чунин иқдомҳоро дар амри муқобила бо сели мушкилоти иқтисодии кишвар зиёд муассир намедонанд ва мегӯянд, фурсате расидааст, ки ҳукумат як барномаи фарогири зиддибӯҳронӣ таҳия кунад.

Баҳси таҳияи барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад ки бино ба пешбинии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бӯҳрони иқтисодии Русия – як манбаи асосии мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон – дар соли 2016 низ давом хоҳад кард ва ҳатто шояд вахимтар шавад. Ин ба маъноест, ки Тоҷикистон соли оянда ҳам ба пули муҳоҷиронаш аз Русия зиёд умед баста наметавонад ва иқтисодашро як соли шояд аз имсола ҳам мушкилтаре дар пеш аст.

Марина Баканова, иқтисодони аршади Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳадди ақал дар як соли оянда низ набояд мунтазири афзоиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирон ва ё боло рафтани нархи пахтаву аллюминий шуд: “Соли равон пулҳои интиқолӣ ба ҳисоби доллар 32 дарсад коҳиш ёфтанд. Соли оянда низ интиқоли пулҳо афзоиш намеёбад, чунки иқтисоди Русия, бино бар пешгӯиҳо, дар соли 2016 низ рушд нахоҳад кард. Нархи пахтаву аллюминий низ, ки аз ду маҳсулоти асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, зиёд гарон нахоҳад шуд.”

Омори солона ҳанӯз натиҷагирӣ нашудааст, вале бино ба пешбинии Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 ҳамагӣ 4,2 дарсад рушд хоҳад дошт. Ин дар ҳолест ки тайи 15 соли охир суръати миёнаи рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон дастикам 7 − 8 дарсадро ташкил медод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG