Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагии вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар тӯли сол қариб 50 миллион рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро аз корфармоёнашон рӯёндааст.

Дар давоми соли 2015 бо кӯмаки намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тақрибан 50 миллион рубли русӣ аз кордиҳандаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик баргардонида шудааст. Ин маблағ музди кори муҳоҷирон аст, ки бо ҳар баҳона кордиҳандаҳо намехостанд, ба коргарони худ пардохт кунанд.

Абдулғанӣ Одинаев - муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Хабаровск яке аз чунин муҳоҷирон аст ва мегӯяд, соли 2015 ширкати сохтмонии онҳо намехост дастмузди семоҳаи 28 муҳоҷири кории тоҷикро диҳад: “Қариб як миллион рубли русӣ буд. Мо хеле даводав кардем, ҳеҷ натиҷа надод. Намояндагиҳо ёрдам карданд, пуламонро гирифтем.”

Абдулғанӣ Одинаев мегӯяд, баъд аз ним соли муроҷиат саранҷом аввали моҳи ноябр бо дахолати намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кордиҳанда ин пулҳоро ба онҳо баргардондааст. Вале баъд аз он ҳамаи ин 28 нафар корро дар ин сохтмон қатъ кардаанд.

Иброҳим Аҳмадӣ - сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар маҷмӯъ дар давоми соли 2015 муҳоҷирон барои бозгардондани 90 миллион рубл музди кори худ ариза пешниҳод кардаанд. То ҳол аз ин маблағ тақрибан 50 миллион рубл ба соҳибонашон бозгардонида шудааст.

Иброҳим Аҳмадӣ

Иброҳим Аҳмадӣ

​Иброҳим Аҳмадӣ афзуд: “Дар давоми 11 моҳи соли 2015 бо миёнаравии намояндагиҳои мо 49 634 682 рубли русӣ дар ҳавзаи федеролии марказӣ ва дар ҳавзаҳои минтақавӣ, яъне дар ҳавзаҳои Урал, Шарқи Дур, ҳавзаҳои Сибир, ҳавзаҳои ҷанубӣ ва Приволже ба муҳоҷирон баргардонида шуд. Ин маблағ қарзи ширкатҳову корхонаҳо аз музди кори муҳоҷирони мо мебошад. Ин маблағест, ки барои ёрӣ ба мо муроҷиат кардаанд.”

Ҳоло намояндагии Тоҷикистон дар Маскав барои баргардонидани 40 миллион рубли дигари муҳоҷирон бо корфармоён ва корхонаву ширкатҳои Русия музокираро идома медиҳад.

Оқои Аҳмадӣ мегӯяд, гоҳо музокира бо корфармоён то ним сол ва ҳатто то як сол давом мекунад. Вале агар муроҷиати расмии намояндагӣ ва ё музокирот бо кордиҳандаҳо натиҷа надиҳад, онҳо маҷбур мешаванд, ба ниҳодҳои интизомии Русия, аз ҷумла ба додситонӣ муроҷиат кунанд, зеро қонунҳои Русия чун кишвари мизбон ба онҳо иҷоза намедиҳад, ки кордиҳандагонро барои пардохти дастмузди шаҳрванди Тоҷикистон водор кунанд.

Танҳо намояндагии вазорати меҳнат нест, ки дар Русия барои баргардондани пули муҳоҷирон талош мекунад. Созмонҳои дигари ҳомии муҳоҷирон низ дар ин бахш фаъоланд, вале кадом омори ҳисобшудае дар ин бора надоранд. Раҳбари яке аз ин созмонҳо ба Озодӣ гуфт, ки фақат онҳо барои пас гирифтани даҳҳо миллион рубл пули муҳоҷирон аз корфармоёнашон кӯмак кардаанд.

Ҳамин тавр, мавридҳое ҳам ҳаст, ки бархе шахсони миёнарав ба бозгардонидани музди кори муҳоҷирон талош мекунанд, вале дар чунин ҳолат онҳо ҳам бо ҷониби кордиҳанда ва ҳам бо муҳоҷири корӣ шарту шароити худро матраҳ мекунанд ва аз масали тоҷикии “аз нӯги хамир фатир”-ро истифода мекунанд. Муҳоҷирони корӣ барои комилан маҳрум нашудан аз пули худ бо чунин шартҳо розӣ мешаванд. Барои ҳамин дар ин бора маълумот вуҷуд надорад ва касе ҳам ин розро боз намекунад.

Чунин кор бештар дар минтақаҳое сурат мегирад, ки намояндагиҳои расмии Тоҷикистон вуҷуд надоранд ва муҳоҷирон намедонанд, ки ба кӣ ва ё ба куҷо муроҷиат намоянд. Гузашта аз ин, то ҳол бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик бовар намекунанд, ки аз роҳҳои расмӣ имкони бозгардонидани музди корашон вуҷуд дорад. Барои ҳамин онҳо бештар ба ёрии миёнаравҳо такя мекунанд.

Маблағҳои бозгардондаи муҳоҷирон дар соли 2015 нисбат ба соли гузаштаи 2014 ду баробар афзоиш ёфтааст. Бо миёнҷигарии намояндагии вазорати меҳнат дар соли 2014 ба муҳоҷирони кории тоҷик дар саросари Русия 24 миллиону 126 ҳазор рубли русӣ музди кори пардохтнашудаи шаҳрвандони Тоҷикистон баргардонида шуда буд.

Оқои Аҳмадӣ аз ном бурдани корхонаҳо ё ширкатҳое, ки пули муҳоҷиронро пардохт накардаанд, худдорӣ кард ва гуфт: “Намунаҳое ҳаст, ки кордиҳандаҳо маблағро бармегардонанд ва ба мо занг зада мегуфтанд, ки “мо маблағро баргардондем, дигар шумо моро бадном накунед.” Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки муросо кунем. Кордиҳандаҳоеро ҳам, ки маблағро надодаанд, ном намебарем. Шарти музокирот ҳамин хел аст. Барои ҳамин умедворем, ки онҳо ҳам пули муҳоҷиронро баргардонанд.”

Аксари муҳоҷирон баъд аз гирифтани дастмузди пардохтнашуда ҷои кори худро тарк мекунанд, зеро ҳангоми талош барои рӯёнидани дастмуздашон муносибаташон бо раҳбарони корхона сард мешавад. Тақрибан 60 дарсади муҳоҷирон аз идомаи фаъолият даст мекашанд.

Солҳои пеш маъмулан муҳоҷирон баъд аз моҳи сентябр аз нагирифтани дастмуздашон шикоят мекарданд. Вале соли 2015 бо он фарқ дошт, ки чунин шикоятҳои муҳоҷирон аз аввали сол оғоз ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG