Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷик зоҳиран соли мушкилтарини худро дар Русия паси сар мегузоранд. Имсол дар пайи шадидтар шудани қонуни муҳоҷират дар Русия вазъи будубоши муҳоҷирон низ тағйир ёфт.

Баҳром Тошев, сокини шаҳри Душанбе, чор фасли сол дар назди истгоҳи "Теплый Стан" интизори муштариён аст. Таксирони тоҷик ними умри сисолаашро дар пойтахти Русия гузарондааст ва зоҳиран маълум аст, ки кӯчаҳои ин шаҳри муҳташам (мегаполис) барояш дарси ҳаётро хуб омӯзондаанд.

Аммо тавре Баҳром иқрор шуд, зиракиву чолокиаш имсол андаке ба кор омадааст, чун ба қавли ӯ буҳрони иқтисодӣ ва қонунҳои нав вазъи бе ин ҳам мушкили муҳоҷирони кориро душвортар кардааст. "Муҳоҷирон азоб доранд. Дарёфти як иҷозаи кор қариб 20 ҳазор рубл меафтад. Пул фиристодан мушкил. Кор намекунем. 30 ҳазор маош мегирӣ, ки он ҳам намерасад. Намедонем, пули кор кардаамонро ба хона фиристем ё дар ин ҷо сарф кунем?" - гуфт ӯ.

Аз сӯҳбат бо Баҳром маълум гардид, ки вай аз аввали соли ҷорӣ барои сарфа кардани маблағ аз дарёфти иҷозаи кор ё патент сарпечӣ карда, бо риски зиёд ҳар се моҳ як бор сарҳади Русияро убур мекунад. Баҳром худ аз ғайриқонунӣ будани ин кор огоҳ аст ва ҳатто мегӯяд, ки чанде аз рафиқонаш бо ҷурми нақзи қонуни будубош аз Русия ихроҷ шудаанд.

Мувофиқи омори расмӣ, дар 2 соли охир (2013-2015) шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 20% кам шудаанд. Агар ҳиссае аз ин шумора бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ аз сафар ба Русия даст кашида бошанд, қисми дигар бар асоси ба рӯйхати сиёҳи Хадамоти федеролии муҳоҷират афтидан воридулмамнуъ шудаанд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шумораи умумии чунин нафарон дар аввали соли 2015 ба 276 ҳазор мерасид, аммо бо шадидтар гардидани қонунҳои Русия, бинобар маълумоти дигар ин миқдор то 400 ҳазор расидааст.

Намунаи шадидтар гардидани лаҳни Маскав бо муҳоҷирон ҳисоботи 11-моҳаи Хадамоти федеролии муҳоҷират аст, ки мувофиқи он аз аввали сол зиёда аз 442 000 муҳоҷири корӣ ба феҳристи сиёҳ ворид шудаанд.

Афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин феҳристи Маскав, раҳбарияти кишварро ба ташвиш овардааст. Имомуддин Сатторов аз рӯзи аввали сафир таъин гардиданаш кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад, то мақомоти Русияро барои авфи муҳоҷирони тоҷикистонӣ мутақоид кунад, аммо ин кор ба осонӣ даст намедиҳад.

Абдулло Давлатов, коршиноси тоҷики муқими Русия, сарпечии Маскавро дар ин масъала бо сиёсати хоси ҳукумати Русия, ки ба бӯҳрони иқтисодӣ мувофиқ аст, алоқаманд медонад.

Ҳоло мавзӯи пурбаҳстарин дар байни муҳоҷирони корӣ масъалаи ворид гардидани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мебошад. Тоҷикистониён дар ин паҳно вазъи атбои Қирғизистонро қиёс карда, ба хулосае омадаанд, ки узвияти кишвар дар ин созмон ҳеч набошад аз хароҷоти сангини патент халос хоҳад кард.

Ба ҳар ҳол, коршиносон масъалаи шарти кор ва будубоши муҳоҷирони кориро дар Русия як навъ ҳалшуда меҳисобанд ва илова мекунанд, ки ин қоидаҳо солҳои наздик гумон аст, ки иваз гардад. Бо назардошти ин, соҳибназарон тавсия мекунанд, ки орзуи воридшавии ҳарчи зудтари Тоҷикистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ як сӯ гузошта аз пайи гирифтани патент шаванд.

Дар ҳамин ҳол, вазъи иқтисодӣ дар Русия печидатар мешавад. Таппиши дили иқтисоди Русияро Баҳром бо дигар ҳамватанонаш, мустақим аз таблои нуқтаи мубодилаи асъор назорат мекунад. Барои муҳоҷирони корӣ, ҷаҳиши доллар ва евро нисбат ба пули русӣ боз як дарди сари дигар шудааст, чун бе қурб шудани рубл натанҳо ҳамёни онҳоро тиҳитар кардааст, балки сатҳи зиндагии хонаводаи онҳоро дар Тоҷикистон поён бурдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG