Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нелсон Мандела даргузашт


Нелсон Мандела, раҳбари Ҷунбиши озодибахши нажодӣ дар Африқои ҷанубӣ, бар асари беморӣ дар сини 95-солагӣ дар хонаи худ даргузашт.

Нелсон Мандела нахустин раиси ҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои ҷанубӣ, дар моҳи июн ба иллати бемории шуш дар бемористон бистарӣ шуда буд. Ӯ пас аз се моҳ бистарӣ будан, ба хонаи худ мунтақил шуда буд ва зери назорати табибон қарор дошт. Ба дунболи даргузашти оқои Мандела, раиси ҷумҳури Африқои ҷанубӣ Ҷейкоб Зума гуфт "кишвари мо бузургтарин фарзанди худро аз даст додааст ва мардуми мо як падарро". Ӯ афзуд, "он чӣ Нелсон Манделаро марди бузурге мекард, дақиқан ҳамон чизе буд, ки аз ӯ як инсон сохта буд. Мо дар ӯ он чизеро медидем, ки дар худ ба ҷустуҷӯяш ҳастем."

Ҳазорон нафар дар Африқои ҷанубӣ дар ҳафтаҳои гузашта ва пас аз он, ки ӯ ба бемористон интиқол пайдо кард, барои ӯ, ки аз машҳуртарин раҳбарони даврони муосир аст, дуо карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико соате пас аз даргузашти Нелсон Мандела дар баёнияе ӯро намоди ҷаҳонии "набард барои озодӣ ва шарофат" донист ва афзуд, "ӯ ба беш аз он чӣ аз нафар интизор меравад, даст ёфт". Оқои Обама хотирнишон кард, "наметавонам зиндагиамро бидуни дар назар гирифтани Мандела ба унвони як сармашқ, тасаввур кунам."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи тасаллият ба унвони президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума навишт: "Номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд."

Нелсон Мандела дар таърихи ҳаштуми июни соли 1918 дар Тронски дар Африқои ҷанубӣ ба дунё омад. Падари ӯ Ҳенрӣ Мандела яке аз раисони қабилаи Тембу буд. Нелсони ҷавон дар донишгоҳҳои Fort Hare University ва University of Witwatersrand таҳсил кард ва дар соли 1942 дар риштаи ҳуқуқ фориғутаҳсил шуд. Ӯ дар соли 1944 ба Кунгураи миллии Африқо ва аз соли 1948 ба Ҷунбиши сиёсӣ ва муқовимат дар баробари давлати апартеидҳо пайваст. Манделаро дар солҳои 1954 ва 1961 ба иттиҳоми хиёнат дар додгоҳҳои Африқои ҷанубӣ муҳокима карданд, вале дар ниҳоят бегуноҳ баромад.


Пас аз мамнуъ шудани фаъолияти Кунгураи миллии Африқо дар соли 1960, Нелсон Мандела аз ҷумлаи афроде буд, ки тарафдори таъсиси як ҷиноҳи махфӣ ва низомӣ барои ин гурӯҳ буданд. Раҳбарии Кунгураи миллии Африқо дар моҳи июни соли 1961 пешниҳоди Нелсон Манделаро баррасӣ карда ва тасмим гирифт, ки касоне тарафдори идеяи Мандела барои таъсиси шохаи низомӣ ва истифода аз равиши хушунатомез ҳастанд, ба ӯ бипайванданд ва раҳбарии ин созмон монеи фаъолияти онҳо нахоҳад шуд.

Ин тарҳи сиёсӣ ба шаклгирии як бахши низомии Кунгураи миллии Африқо сабаб шуд. Дар соли 1962 Нелсон Мандело дастгир ва ба панҷ сол зиндон дар урдугоҳҳои кори иҷборӣ маҳкум шуд. Дар соли 1963 вақте, ки шумори зиёде аз раҳбарони Кунгураи миллии Африқо ба гурӯҳи шибҳи низомии вобаста ба он боздошт шуданд, Нелсон Мандела низ дар баробари онҳо дар додгоҳ ба ҷурми тавтеа барои сарнагунии ҳукумат, муҳокима шуд. Мурофиаи ӯ дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷӯҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард. Дар моҳи июни соли 1964 ҳашт нафар аз муттаҳамони ин парванда, аз ҷумла Нелсон Мандела ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ӯ аз соли 1964 то 1982 дар зиндони ҷазираи Роббен ва пас аз он ба зиндонҳои Поллсмор ва Виктор Верстер мунтақил шуд.

Мавқеияти сиёсӣ ва шӯҳрати Нелсон Мандела дар солҳои зиндон бо гузашти замон бештар шуд. Ӯ тамоми солҳои зиндонро фидои аҳдофе кард, ки дар оғози муборизаи сиёсӣ барои худ таъйин карда буд. Дар маҷмӯъ 27 солро дар зиндон сипарӣ кард. Пас аз озодӣ аз соли 1990 Нелсон Мандела шеваи муборизаи дур аз хушунат ва сулҳталабонаро пеш гирифт. Дар соли 1991 дар ҷараёни аввалин конфронси саросарии Кунгураи миллии Африқо, ки пас аз ҳудуди чаҳор даҳа дар хоки Африқои ҷанубӣ баргузор шуд, Нелсон Мандела ба унвони раҳбари ин ҳизб баргузида шуд. Ӯ бо ҳукумати Африқои ҷанубӣ ба гуфтугӯ нишаст, то кишваре бисёрқавмӣ ва демократӣ ва аз назари нажодӣ баробар, поягузорӣ шавад.

Дар соли 1992 пас аз интиқоли мусолиматомезди қудрат аз режими апартеиди Африқои ҷанубӣ, ба аҳзоб ва намояндагони аксарияти сиёҳпӯсти ин кишвар, ҷоизаи Нобел, ба таври муштарак ба Нелсон Мандела ва Ф.В.де Клерк, охирин нахуствазири давлати сафедпӯсти Африқои ҷанубӣ, дода шуд. Ӯ аз машҳуртарин чеҳраҳои муосири ҷаҳон ва аз ҷумлаи раҳбарони сиёсист, ки дар бораи фаълияту муборизаҳои ӯ мақолаҳо, китобҳо ва таҳқиқоти зиёде нашр шудааст. Илова бар ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел, оқои Мандела нишонҳои зиёди миллӣ ва байналмилалиии зиёдеро низ аз кишварҳои гуногун дарёфт кардааст. Аз Шӯравии собиқ то Амрико, Ҳинд, Туркия, Канада. Кишвари Бритониё ба ӯро бо нишони ифтихор ё шаҳрванди ифтихорӣ тақдир карда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як пурсиши сарироҳӣ аз сокинони шаҳри Душанбе пурсида буд, ки оё Нелсон Манделаро мешиносед?

Оё Нелсон Манделаро мешиносед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
XS
SM
MD
LG