Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи сиҳатии Нелсон Манделаро "хуб" гуфтанд


Ҳукумати Африқои Ҷанубӣ имрӯз таъйид кард, ки Нелсон Мандела, раиси ҷумҳури собиқ ва пешвои мухолифони апартеид, дар шифохона озмоишҳои тиббӣ мегузарад, вале ба сиҳатиаш хатаре таҳдид намекунад. Кгалема Мотланте, муовини раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ дар баёнияе гуфтааст, ки “сабабе барои изтироб нест.“ Рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки Нелсон Мандела, барои озмоишҳои муназзам ба шифохона интиқол дода шудааст. Бино ба гузоришҳо, Нелсон Мандела аз бемории бронхит ва ё варами шуш ранҷ мекашидааст. Нелсон Мандела, нахустин раиси ҷумҳури сиёҳпусти интихобӣ дар Африқои Ҷанубӣ аст, ки 27 соли умрашро дар зиндон сипарӣ карда ва аз бемории сил низ ранҷ кашидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG