Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи сиҳати Нелсон Мандела вазнин шуд


Нелсон Мандела

Нелсон Мандела

Нелсон Мандела миёни маргу зиндагӣ қарор дорад. Дар ин бора ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо такя ба табибоне хабар дод, ки ба муолиҷаи сиёсатмадори 94-сола машғуланд. Раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума дар бемористони низомии Претория аз Мандела аёдат кард ва аз мардуми кишвар даъват намуд, ки барои сиҳатии ӯ дуо кунанд.Аъзои хонаводаи Мандела ахиран ба бемористон омаданд.

Кохи Сафед хабар дод, ки иттилоъ дар бораи вазъи сиҳати Нелсон Манделаро пайгирӣ мекунад. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама мехоҳад, ки рӯзи шанбе ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сафар кунад.

Нелсон Мандела, раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел моҳҳои ахир чанд бор, аз ҷумла, бо маризии шуш дар бемористон бистарӣ шудааст. Ӯ ҳаёти худро ба мубориза бо нажодпарастӣ бахшид ва солҳои тулонӣ дар маҳбас буд. Соли 1994 Мандела нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG