Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса муҷассамаи Ленин дубора қомат афрохт


Баъд аз 20 соли аз хиёбонҳову майдонҳо барандохтани муҷассамаи Ленин дар Аврупои Шарқӣ имрӯз муҷассамаи 3 метру 30 сантиметрии раҳбари инқилоби болшевикҳо дар Фаронса қомат афрохт. Ҷеорҷ Фрехе-раҳбари минтақаи Фламбоант барои гузоштани 5 муҷассама дар шаҳри Монтпеллер, ба қавли худаш "шахсиятҳои бузурги қарни 20-ӯм"-ро фармоиш додааст. Онҳо Ленин, Винстон Черчилл, Шарлз Дегол, Франклин Рузвелт ва Жан Жорес будаанд. Ҳар як аз ин муҷассамаҳо 260 000 доллар арзиш хоҳад дошт. Барои соли оянда муҷассамаҳои Маҳатма Гандӣ, Голда Миэр, Ҷамол Абдулносир, Нелсон Мандела ва Мао Цзедун фармоиш дода шудаанд. Фрехе сотсиалисти собиқ аст, ки барои изҳороти нажодпарастонааш аз ҳизб хориҷ шуда буд. Ҳоло мухолифонаш вайро интиқод кардаанд, ки пулро барои корҳои беҳуда сарф мекунад.
XS
SM
MD
LG