Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо қарори Маҷмаи умумии СММ аз моҳи ноябри соли 2009, ҳамасола санаи 18-уми июл ба унвони Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела таҷлил мешавад.

Гиромидошти марде, ки барои талошҳои ҳақталабона дар дифоъ аз озодӣ ва ҳуқуқи ҳамватанони сиёҳпӯсти худ 27 соли умрашро пушти милаҳои зиндон сипарӣ кард, аз назари фаъолони ҳуқуқи башар хеле муҳим аст.

Муборизаҳои давомдори Нелсон Мандела барҳадар нарафт ва ӯ соли 1990 аз зиндон раҳо шуд ва чаҳор сол баъ дар як интихоботи умумӣ, ки бо иштироки ҳама ақвоми Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд, бар унвони аввалин раисҷумҳури сиёҳпӯсти ин кишвар баргузида шуд ва то соли 1999 дар ин мақом ифои вазифа намуд.

Нелсон Мандела соли 1993 барои дифоъ аз ҳуқуқи аққалиятҳо, мубориза алайҳи табъйизи нажодӣ ва фақру бенавоӣ, ҷоизаи сулҳи Нобелро ба худ ихтисос дод.

Аммо оё дар Тоҷикистон мардум бо ин шахсияти шинохтаи ҷаҳонӣ ошноӣ доранд? Наворбардори "Озодӣ" бо ин суол ба раҳгузарони хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон муроҷиат кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG