Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нелсон Мандела имрӯз 95-сола шуд


Дар канори бемористоне, ки Мандела таҳти назорати табибон аст
Дар канори бемористоне, ки Мандела таҳти назорати табибон аст
Раисиҷумҳури собиқи Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Нелсон Мандела 95-умин зодрӯзи худро дар бемористон таҷлил мекунад. Ба иттилои раисиҷумҳури феълӣ Ҷейкоб Зума, рӯзҳои ахир вазъи Мандела беҳтар шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва хонумаш Мишел дар як барқия Манделаро бо зодрӯзаш табрик гуфтанд ва навиштанд, ки мардуми сайёра ба хизматҳои Мандела арҷ мегузоранд ва аз ӯ пайравӣ мекунанд.

СММ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои нахустин раҳбари сиёҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ дар мубориза бо нажодпарастӣ 18 июлро Рӯзи байнулмилалии Нелсон Мандела эълон кардааст.

Мандела аз 8 июн ба ин сӯ бо маризии шуш дар бемористони шаҳри Претория таҳти назорат табибон қарор дорад. Ӯ ҳаёти худро ба мубориза бо табъизи нажодӣ дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ бахшид ва барои ин 27 солро дар маҳбас сипарӣ кард. Гуфта мешавад, ки маҳз ҳамон солҳои азияту машаққат дар конҳои зеризаминӣ Мандела ба бемориҳои шуш мубтало шудааст.
XS
SM
MD
LG