Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши "шӯравӣ" дар "Давлати исломӣ"


Як гурӯҳи ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияя
Як гурӯҳи ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияя

Бино ба ҳисоби як бунгоҳи таҳқиқотӣ, шумори ҷангҷӯён аз Шӯравии собиқ дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ду соли охир 3 маротиба афзуда, ҳудуди 5 000 “ҷиҳодӣ”-и русзабон ҳоло дар ин гурӯҳ ҷамъияти вижаи худро ташкил кардаанд.

Soufan Group, як бунгоҳи таҳқиқотии марказаш дар Ню-Йорки Амрико, ки таҳаввулоти марбут ба гурӯҳҳои тундравро пайгирӣ ва пажӯҳиш мекунад, шумори ҷангҷӯён аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз моҳи июни соли 2014 ба ин тараф 300 фоиз, ё 3 маротиба афзудааст. Бино ба ҳисоби ин созмон, дар ҳоли ҳозир, шумори “ҷиҳодӣ”-ҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ки дар Сурияву Ироқ ба “давлати исломӣ” пайвастаанд ба тақрибан 5 000 нафар мерасад.

“Садои Амрико” дар як гузориши таҳлилиаш менависад, ки ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” аз кишварҳои Шӯравии собиқ, ки “ҷиҳодиҳои сирилик” ё русзабон ном бурда мешаванд, дар баданаи “Давлати исломӣ” ҷамъияти хоси худро ташкил кардаанд. Аксари онҳо дар шаҳри Раққаи Сурия, ки амалан пойтахти “хилофат”-и худхондаи “Давлати исломӣ” интихоб шудааст, мустақар шудаанд, бисёрии онҳо дар инҷо ҳамроҳ бо хонаводаҳои худ ба сар мебаранд ва ҳатто маҳаллаҳои хоси худро доранд.

Тамрини ҷангии кӯдакони ҷангҷӯёни қазоқ дар Сурия
Тамрини ҷангии кӯдакони ҷангҷӯёни қазоқ дар Сурия

Ин ҷангҷӯён, бино ба гузориши “Садои Амрико” ҳар рӯзи ҷумъа дар масҷиди Абӯбакри Доғистонӣ ба забони русӣ маъвиза мешунаванд, дар мадрасаи Абӯмуслим дарси забони арабӣ ва “Қуръон” меомӯзанд. Кӯдакони онҳо дар мактаби русие, ки ҷамоати Абӯ Ҳаниф боз кардааст, дарс мехонанд ва занонашон аз як мағозае, ки номи русии “универмаг” дорад, харид мекунанд.

Бобоҷон Қаробоев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо истифода аз афви пешниҳодии мақомоти Душанбе аз Сурия баргаштааст ва ҳоло дар зодгоҳаш – шаҳри Ваҳдат ба сар мебарад, рӯзи 31 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ҷамъиятҳои алоҳида ҷудо шудани ҷангҷӯён аз Шӯравии собиқро тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд: “Аксари ҷангҷӯён аз СНГ дар шаҳраки Сабқа, дар ягон 20-километрии Раққа ҷобаҷо шудаанд. Аз ин миён танҳо қазоқҳо ҷудо буданд ва ҷабҳаи алоҳидаи худро доштанд. Ба ҷангҷӯён аз кишварҳои дигари Шӯравии собиқ нафаре бо номи Абӯдуҷана аз Доғистон фармондеҳӣ мекард.”

Бобоҷон Қаробоев
Бобоҷон Қаробоев

Бобоҷон Қаробоев сабаби аз ҷангҷӯёни арабзабон ҷудо амал кардани зодагони Шӯравии собиқро ба балад будани ҳамаи онҳо ба забони русӣ рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, барои раҳбарони “Давлати исломӣ” низ аз ин тариқ идора кардани ин тӯдаи бузург осонтар буд. Ба гуфтаи Бобоҷон Қаробоев, ҷабҳаи ташкилшуда аз ҳисоби ҷангҷӯён аз кишварҳои СНГ дар Сурия “Ҷамоати Сабрӣ” ном дошт.

“Садои Амрико” аз қавли Салим Ҳамуд, як фаъоли суриягӣ аз шаҳри Дайруззор, ки феълан дар Туркия ба сар мебарад, менависад, ки ҷангҷӯёни русзабон аз ҷангҷӯёни арабу африқоӣ бо сатҳи интизом, тарбияи ҷангӣ ва бархӯрди шадидашон, аз ҷумла нисбат ба аҳолии маҳаллӣ фарқ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ба ҳамин далел, сарони “Давлати исломӣ” ҷангҷӯёни русзабонро ба мақомҳои калидӣ таъин мекунанд, ки як намунаи барҷастааш ба симати “вазири ҷанг”-и ин гурӯҳи тундрав расидани Тархан Батирашвилӣ, мулаққаб ба Абӯ Умари Шишонӣ, ё Умари Чеченӣ, як ҷангии чеченитабори зодаи Гурҷистон буд. Шишонӣ, ки баландпоятарин намояндаи Шӯравии собиқ дар “хилофат”-и худхондаи “Давлати исломӣ” ба шумор мерафт, ахиран дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои Амрико кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Намунаи дигар, бино ба гузориши “Садои Амрико” фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аст, ки низ баъди рафтанаш ба Ховари Миёна ба яке аз аъзои баландпояи “Давлати исломӣ” табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Гулмурод Ҳалимов баъди захмӣ шуданаш барои “Давлати исломӣ” нодаркор шудааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран дар матлабе дар нашрияи “Ҷумҳурият” гуфт, ки 85 дарсади ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ маҳз ҳангоми муҳоҷирати кориашон дар Русия ва аксаран бо даъвати пайравони ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст. Ҳамзамон ба он ҷангҷӯёне ки ихтиёран бармегарданд, пешниҳоди афв шудааст. Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ 147 нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

XS
SM
MD
LG