Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҳукми Шаҳбозро тағйир дод


Саҳифаи Шаҳбоз Азимов дар "ВКонтакте" пас аз боздошташ ҳазф шуд
Саҳифаи Шаҳбоз Азимов дар "ВКонтакте" пас аз боздошташ ҳазф шуд

Додгоҳи олии Русия ҳукми Шаҳбоз Азимов, як сокини 23-солаи Тоҷикистонро, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ зиндонӣ шуда буд, бознигарӣ кардааст.

Додгоҳи олии Русия қазияи Шаҳбоз Азимов, як сокини 23-солаи Тоҷикистонро дубора баррасӣ карда ва муддати ҳабси ӯро ду моҳ кам намудааст. Шаҳбоз дар моҳи ноябри соли гузашта бо қарори додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав бо ҷурми ифротгароӣ ба 3 соли ҳабси умумӣ ё "колония – поселение" маҳкум шуда буд.

Додгоҳ Азимовро дар "барангехтани адоват, хусумат ва таҳқири шарафи инсонии гурӯҳи мардум дар заминаи равияи мазҳабии онҳо, даъватҳои оммавӣ ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароёна, даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва дар мазҳари ом сафед ё тавҷеҳ кардани терроризм" муҷрим шинохт.

Аммо додгоҳи олии Русия ҳангоми баррасии қазияи Азимов ҳолатҳои сабуккунандаро пайдо карда ва дар мавриди муддати ҳабси ӯ бознигарӣ кардааст.

Шаҳбоз Азимов аз моҳи сентябри соли 2013 то июни соли 2014, ки гоҳ дар Архангелск ва гоҳ дар Қазон ба сар мебурд, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" як силсила аксу видеову шарҳҳоеро нашр кардааст, ки намояндагони гурӯҳҳои мазҳабии ғайримусалмонро ба гунаи таҳқиромез тасвир мекарданд. Пас аз нашри ин гуна матолиб дар шабакаи интернет ӯ аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия дар дар вилояти Архангелск дастгир гардид. Тафтишот ин маводи нашршударо “даъвати рӯирост дар мазҳари ом ба фаъолияти ифротгароёна” ва “тавҷеҳи терроризм” таъбир карда буд.

Дар айбномаи Шаҳбоз Азимов дар додгоҳ ба истинод ба матолиби нашршудааш дар шабакаи Интернет таъкид шуда буд, ки " ӯ ҷонибдори ҷиҳод алайҳи кофирон" буда, ҷавононро барои пайвастан ба суфуфи созмонҳои террористии "Давлати исломӣ", "Гурӯҳи Ал-Фарруқ" ва "Ҷунбиши исломии Туркистон" даъват кардааст.

Зимнан, дар солҳои ахир мавориди пахши наворҳои ифротӣ дар шабакаҳои Интернет тавассути муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бештар шудааст.

Танҳо дар соли гузашта дар Русия 4 чунин ҳодиса рух дода, шаҳрвандони тоҷик интишори видеоҳои мамнӯъ дар шабакаи "ВКонтакте" ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ боздошт ва ба муддатҳои мухталиф равонаи зиндон шуда буданд.

Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз беш аз 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд.

Аз ҷумла аз тариқи Интернет ва тавассути наворҳое, ки ҷавононе мисли Шаҳбоз Азимов ноогоҳона ба наворҳои тундрави мазҳабӣ “лайк” ё “класс” мегузоранд ваё ин наворҳоро дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр мекунанд. Бехабар аз онки ин амали онҳо метавонад ҳамчун таблиғи ифротгароӣ ва терроризм таъбир шавад.

XS
SM
MD
LG