Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, дар роҳи сафари шаҳрвандон ба хориҷ маҳдудияти ҷиддие эҷод нашудааст, вале афроди мақсади сафарашон машкук метавонанд мавриди бозҷӯӣ қарор бигиранд.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон сарусадоҳои бархоста дар бораи эҷоди маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар роҳи сафари шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷиро рад мекунанд. Бино ба шарҳи ин ниҳод, ба хотири ҷилавгирӣ аз сафари онҳое, ки шояд қасди пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро дошта бошанд, онҳое, ки мақсади сафарашон машкук аст, мавриди бозҷӯии бештар қарор дода мешаванд.

Чунин тасмим рӯзи 10 март дар пайи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон эълон шуд ва сарусадоҳои мухталиферо барангехт. Аз ҷумла Алишер, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз кишварҳои Аврупо кору зиндагӣ мекунад, дар дархосташ аз Радиои Озодӣ мепурсад, ки ӯ ба зудӣ қасди сафар ба Тоҷикистонро дорад ва оё бо худ чӣ гуна ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақсади сафар бояд дошта бошад? Барои мисол, аз ҷои кораш дар Аврупо бояд санад бигирад, ки ӯ инҷо кор мекунад ва барои рухсатӣ ба Тоҷикистон меравад?

Маризо Халифаев, намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ягон кас роҳи сафар ба Тоҷикистон ва аз ин кишварро набастааст: “Аммо агар дар бораи мақсади сафараш ягон суолу ҷавоб шавад, бояд ҷавоб дода битавонад. Шарт нест, ки бо худ санади изофӣ бигирад. Танҳо ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки дар ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалӣ талаб карда мешаванд, бояд бо худ дошта бошад. Ягон талаботи махсуси дигар нест.”

Маризо Халифаев мегӯяд, чораҳои иловагӣ дар фурудгоҳҳо бештар нисбат ба онҳоест, ки эҳтимоли пайвастанашон ба гурӯҳҳои тундгаро вуҷуд дорад: “Барои мисол, агар зану кӯдаконаш ҳамроҳаш бошанду билети бозгашт надорад ва шубҳаҳое ба бор биорад, ки барои пайвастан ба чунин гурӯҳҳо меравад, чунин мусофир бозҷӯӣ мешавад. Дар аксари фурудгоҳҳои дунё мақсади сафару дигару дигарро мепурсанд, баъзан як нафарро чанд соат мепурсанд. Ҳамин аст фақат, дигар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. На дар қонун ва на дар амал.”

Ӯ афзуд, мавридҳое буданд, ки мусофирони машкук аз фурудгоҳи Душанбе бидпарвоз карданд ва дар фурудгоҳҳои Русия дар шиносномаҳои онҳо мӯҳри убури марзи Туркия ва ҳатто Сурияро ошкор кардаанд: “Маълум аст, ки онҳо дар Сурия чӣ мекарданд. Ин тадбирҳои иловагӣ дар фурудгоҳҳо асосан барои чунин мусофирони шубҳабарангез аст. Ба мардуми оддӣ дар Тоҷикистон касе кор надорад, мардум баҳузур рафта омадан мегиранд.”

Аммо дар пайи эълони тасмими бозҷӯии мусофирони машкук дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар Интернет наворе нашр шуд, ки дар он мақомоти интизомии тоҷик дар фурудгоҳ як зани ҷавонро аз парвоз ба Дубай бозмедоранд. Ин зан дар посух ба суоли мақомот дар бораи мақсади сафараш ба Дубай мегӯяд, ки овозхон аст ва барои сабти клип меравад. Аммо маъмурон аз ӯ “ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сафар”, аз ҷумла иҷозатномаи вазорати фарҳанг ва дипломи донишгоҳро, ки овозхон будани ӯро собит кунад, талаб мекунанд.

Аз намояндаи додситонии кулл пурсидем, ки оё барои нафаре ки қасди сафар аз Тоҷикистонро дорад, бо худ гирифтани чунин ҳуҷҷатҳо, ба мисли дипломи донишгоҳ низ зарур аст? Маризо Халифаев дар посух гуфт: “Дар ҷумҳурӣ чанд овозхоне ки ҳаст, ҳама мешиносад. Агар ӯ тамоман ба овозхон монанд набошаду гӯяд, ки барои таҳияи клип меравам, ӯро бояд пурсанд охир. Дар фурудгоҳи ҳар кишвар, ки фуроед, мақсади омадану мақсади рафтанатро мепурсанд. Англисиро медонӣ ё намедонӣ, кас бояд ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳад. Дар мавриди ин зан ҳам ҳатман шубҳаҳое эҷод шудааст, ки бо ӯ саволуҷавоб кардаанд.”

Дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсоз, дар баробари намояндагони ниҳодҳои қудратӣ, ҳамчунин намояндагони Вазорати маориф, Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва идораҳои дигар низ ҳузур доштанд ва аз онҳо низ дар ин росто даъват шуд, ки дар амри ҷилавгирӣ аз сафари ҷавонони тоҷик ба Сурияву дигар манотиқи ҷангзада мусоидат кунанд.

Мақомоти додситонии кулл мегӯянд, мақомоти қудратии Тоҷикистон то имрӯз аз сафари 34 шаҳрванди тоҷик ба Сурияву Ироқ ҷилавгирӣ карда, 147 тани дигарро, ки дар Сурияву Ироқ қарор доштанд ваё қасди сафар ба он ду кишвари ҷангзадаро доштанд, ба Ватан баргардондаанд.

Мақомоти Душанбе барои онҳое, ки аз рафтани худ ба Ховари Миёна ва пайвастан ба гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” сидқан изҳори пушаймонӣ мекунанд, афви гуноҳ низ пешниҳод кардаанд.

Тибқи охирин оморҳо, дар ҳоли ҳозир, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрав ва асосан дар сафи “Давлати исломӣ” будаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 ҷангҷӯи тоҷик дар он ду кишвар гузориш шудааст. Ҳамин тавр, даҳҳо шаҳрванди тоҷики дигар дар Афғонистону Покистон ба сафи гурӯҳҳои ифротие, ба мисли "Ансоруллоҳ" ва "Ҳаракати исломии Узбакистон” шомил шудаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ахиран гуфт, 85 дарсади ин афрод ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои тундгаро афтодаанд. Мақомот мегӯянд, бозҷӯии афроди машкук дар роҳи сафарашон ба хориҷ низ танҳо ба хотири пешгирӣ аз пайвастани атбои Тоҷикистон ба гурӯҳҳои тундгарост.

Тоҷикистон то ибтидои солҳои 2000-ум визаи хуруҷ дошт ва шаҳрвандонаш қабл аз сафар ба хориҷ бояд мақсади сафари худро ба масъулони ОВИР ё ниҳодҳои вазорати хориҷа фаҳмонда, визаи хуруҷ мегирифтанд. Аммо ин муқаррарот аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун нақзи озодиҳои инсон таъбир мешуд ва бо тавсияи онҳо бардошта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG