Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Москва "гумонбарони терроризм" боздошт шуданд


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Москва наздик ба 20 нафареро боздошт карданд, ки бино бар иттилои расонаҳои Русия, мумкин аст дар фаъолиятҳои террористӣ даст дошта бошанд.

"Интерфакс" менависад, ки ин афрод "шаҳрвандони Туркия ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ доштаанд". РИА Новости бо такя ба манбаъҳояш дар "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ", боздоштшудаҳоро "ҷонибдорони гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" номидааст. Хабаргузорӣ бо такя ба ҳамон сарчашмаҳояш менависад, ки "бино бар иттилои пешакӣ", боздоштшудаҳо дар Москва "ба ҷустуҷӯ ва ҷалби аъзои нав" барои гуруҳи террористӣ машғул будаанд.

Ахиран додгоҳе дар Петербурги Русия як сокини маҳаллӣ - Сергей Яблоковро 12 сол зиндонӣ кард. Яблоков ба он айбдор шуд, ки яке аз ҳалқаҳои "Ҳизби Таҳрир", ки дар Русия террористӣ шинохта шудааст, сарварӣ мекардааст.

XS
SM
MD
LG