Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар як моҳи охир додгоҳҳои шаҳри Душанбе дастикам 4 нафарро бо ҷурми зархаридӣ ва қасди ширкат дар ҷанги Сурия маҳкум ба зиндон кардаанд.

Бино ба иттилои додситонии кулли Тоҷикистон, дар як моҳи охир алакай дастикам 4 нафар танҳо дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе бо ҷурми зархаридӣ ва қасди ширкат дар ҷанги Сурия ҳукми зиндон гирифтаанд. Як намояндаи додситонии кулл рӯзи 30 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи ин 4 маҳкумшуда афродеанд, ки аз сӯи мақомоти Туркия дар марз бо Сурия дастгир шудаанд ва Анкара онҳоро баъди бозрасӣ ба мақомоти Тоҷикистон супурдааст.

Аз ҷумла додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 10 март Ботиралӣ Ҷалоловро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба ҳукми додгоҳ, ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи июли соли гузашта ҳангоми муҳоҷират дар Русия аз тариқи шабакаи “Одноклассники” бо як шаҳрванди Узбакистон бо лақаби “Абӯ-Майрам” шинос шуда, даъвати ӯ барои пайвастан ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Сурияро пазируфтааст. Ботиралӣ Ҷалолов 13 октябри соли 2015 бо ҳавопаймо ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз карда, қариб як моҳ онҷо мемонад ва рӯзи 10 ноябр ба шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар наздикии марзи Сурия сафар мекунад. Аммо ӯ дар онҷо аз сӯи мақомоти Туркия дастгир ва сипас ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ Ҷалоловро бар асоси қисми сеюми моддаи 401-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (сӯиқасд ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) гунаҳкор шинохта, барои 7 сол равонаи зиндон кард.

Рӯзи 4 март бо айни иттиҳом додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон шаҳрванди ин кишӯвар Назаралӣ Сафарзодаро низ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Назарзода низ, ба гуфтаи додгоҳ, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия, дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи ҳамватанаш бо номи А.Ҳ. Доров ба узвияти созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҷалб шуда, бо мақсади иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона дар ҳайати ин ташкилот 7.10.2015 тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Истамбули давлати Туркия парвоз намудааст.” Назаралӣ Сафарзода рӯзи 29 ноябр низ дар шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия ҳангоми убури марзи Сурия дастгир ва ба Душанбе фиристода шуд.

Ҳамин тавр, дар поёни моҳи феврал Зарина Сардорова, ки ба гуфтаи мақомот, дар соли 2015 муддати 8 моҳ дар Сурия ба сар бурдааст, бар асоси моддаҳои 3071 қисми 2 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ин зан дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номҳои мустаор саҳифаҳо кушода, дар онҳо расми зани силоҳбадастро мегузошт ва худро "зани ҷиҳодӣ" муаррифӣ мекард.

Зарина Сардорова

Зарина Сардорова

​Зарина Сардорова, ба гуфтаи додгоҳ, аз тариқи Интернет бо Маърифат ном зани узви "Давлати Исломӣ" шинос шуда, бо даъвати ӯ 23 январи соли 2015 ба шаҳри Истамбули давлати Туркия парвоз кардааст. Рӯзи 24 январ Зарина Сардорова ҳамроҳ бо бо Маърифат, шавҳари вай – Абӯбакр ва ду фарзанди ноболиғи онҳо аз Истамбул ба Ғозиёнтеппа рафта, баъди 8 рӯз аз марз мегузарад ва дар шаҳри Дайруззори Сурия, ки таҳти тасарруфи "Давлати Исломӣ" қарор дошт, ба ин ташкилот пайвастааст.

Дар ҳукми ӯ омадааст, ки Зарина Сардорова тӯли 8 моҳ "бо супориши роҳбарияти ташкилоти экстремистию террористии бо ном «Давлати Исломӣ» ба ҷалби дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати ин гурӯҳ ба воситаи сомонаҳои интернетӣ машғул шуда...ба хешовандон ва шиносонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват намудааст."

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран дар матлабе дар нашрияи “Ҷумҳурият” гуфт, ки 85 дарсади ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ маҳз ҳангоми муҳоҷирати кориашон дар Русия ва аксаран бо даъвати пайравони ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст. Ҳамзамон ба он ҷангҷӯёне ки ихтиёран бармегарданд, пешниҳоди афв шудааст. Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ 147 нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG