Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ боз шуд. Рӯзҳои тоқ аз Хуҷанд, ҷуфт аз Душанбе


Сар аз субҳи имрӯз, 31 январ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе-Хуҷанд оғоз шудааст. Рафтуомад дар ин масир аз се рӯз ба ин тараф бинобар резиши тарма, ба мушкил рӯбарӯ шуда буд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷиистон ва ширкати IRS рӯзи 31 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳаракат нақлиёт субҳи имрӯз аз тарафи Душанбе ба Хуҷанд шурӯъ шудааст. Ба иттилои дафтаи матбуоти ширкати IRS, аз ин ба баъд ва барои як муддати муайян, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир тибқи реҷа ё ҷадвали тасдиқнамудаи вазорати нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилӣ сурат мегирад.

Тибқи ин ҷадвал, ҳаракат рӯзҳои тоқи моҳ аз тарафи Хуҷанд ба Душанбе ва дар рӯзҳои ҷуфт аз Душанбе ба самти Хуҷанд сурат мегирад. Масъулони ширкати IRS ҳамзамон аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаанд, ки ин муқараротро риоя намоянд, то ҳаракат дар ин масир халадор нашавад.

Аз рӯзи 28-уми январ ба ин тараф дар даҳҳо қисмати ин масир резиши тарма роҳҳоро баст, ки дар натиҷа садҳо мусофир ва мошинҳои хурду борбар дармонданд. Тибқи иттилои мақомот, бар асар резиши тарма дар ин масир шаш нафар ҷон бохта ва се тани дигар бенишон шудаанд.

Тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Дар натиҷаи резиши тарма дар саросари роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон то кунун 8 нафар кушта шудаанд, даҳҳо роҳи хурду бузург баста мондаанд. Мақомот мегӯянд, роҳи Душанбе-Хоруғ низ дар чандин ҷой баста аст ва танҳо дар роҳи Ишкошим-Хоруғ 36 тарма мушоҳида мешавад.

Дар дигар гӯшаи кишвар дар ноҳияи Ҷиргатол ҳам вазъ чандон хуб набудааст. Як корбари вебсайти Радиои Озодӣ аз тариқи Вотсаап ба мо хабар дод, ки ”тармафароӣ дар Ҷиргатол ҳам мардумро ба ташвиш овардааст, ин ҳодисаҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Ҷиргатол вуҷуд дорад. Роҳи байни сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон бо ҳамин минтақа рабт дорад, аммо кормандони роҳсозии ноҳия имкони покиза кардани тармаҳои пай дар пайеро надоранд, ки ба роҳи калон мерезанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳам пештар гуфт, ки хатари резиши тарма дар роҳи Душанбе-Ҷиргатол зиёд аст ва беҳтар аст, мардум аз сафар аз тариқи ин роҳ худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG