Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадяи шаҳрдории Душанбе ба занҳои кӯчарӯб


Кӯчарубҳои Душанбе дар шабонарӯзи гузашта.

Кӯчарубҳои Душанбе дар шабонарӯзи гузашта.

Шаҳрдори Душанбе супориш додааст, ба ҳар яке аз занҳои кӯчарӯб, ки чанд рӯзи охир дар ҳавои сард ба тоза кардан хиёбонҳои шаҳр машғуланд, кӯмаки якдафъаина ба маблағи 1000 сомонӣ дода шавад.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳри Душанбе рӯзи 4-уми феврал бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ин кӯмакҳоро «ҷавобан ба заҳматҳои ду шабонарӯзи гузашта ба занҳои кӯчарӯб» унвон кардааст.

Ҳавои Душанбе то 17 дараҷа сард хоҳад шуд

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, мумкин аст, ҳарорат дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то чанд рӯзи дигар то 17 дараҷа сард шавад. Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар торнамои худ навиштааст, ки ҳарорат аз ҷумла дар Душанбе шаби 4 феврал аз 15 то 17 дараҷа сард мешавад ва рӯзона ҳаво нармтар хоҳад буд ва то 7 дараҷа сард мешавад. Дар ин рӯзҳо андаке барф ҳам меборад. Ҳаво дар Тоҷикистон дар охири ҳафта гармтар мешавад ва аз ҷумла дар Душанбе ҳарорат то 7 дараҷа зери сифр меравад. Ҳаво дар шаҳри Хоруғ ва Қӯрғонтеппа баръакс ба ин ҳад сард намешавад. Дар Хуҷанд ҳам ҳарорат то 17 дараҷа зери сифр хоҳад рафт.

Таътили зимистонаро то 10-уми феврал тамдид карданд

Таътили зимистона дар кӯдакистонҳову мактабҳои миёнаву махсус ва олии Тоҷикистон ба иллати сардӣ то 10-уми феврал тамдид шудааст. Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон ба далели сардии ҳаво ва барфрезии зиёд дар тамоми кӯдакистонҳо, макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо то 10-уми феврал таътил эълон кард.

Маҳмуд Шоев, сухангӯи вазорати маориф ва илми тоҷикистон рӯзи 3 феврал гуфт, ки бо назардошти пешомадани ҳавои сарди шадид таътили зимистона дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар то даҳуми феврал тамдид карда шуд. Вай гуфт, ин фармон муассисаҳои давлатӣ ва хусусиро дар бар мегирад: «Пас аз 10 феврал таҳсил дар муасисаҳои таълимӣ оғоз хоҳад шуд. 10 рӯзи таътили феълӣ дар нимаи дувуми соли таҳсил тариқи дарсҳои иловагӣ ҷуброн хоҳад шуд.»

Рӯзи шанбеи 1 феврал бо анҷоми таътили якмоҳаи зимистона хонандагони мактабҳо тоза ба таҳсил шурӯъ карда буданд. Танҳо дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 2 миллион толибилм ва дар макотиби олиаш наздики 150 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд.



Дармондани беш аз 100 мошин дар роҳи Хуҷанд-Душанбе

​Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи резиши тарма дар километри 71-и шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе, беш аз 100 мошин дар мондаанд. Ҳошим Ятимов, сардори шуъбаи ахбори фаврии вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 3-юми феврал дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз соати 5 субҳи имрӯз ба сабаби резиши тарма дар километри 71 -и уми роҳи Хуҷанд - Душанбе, беш аз 100 мошин дар мондаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ятимов, дарозии тарма 8 ва баландии он 30 метрро ташкил медиҳад. Ин масъули вазорати нақлиёт гуфт, ки поксозии роҳи Душанбе - Хуҷанд аз тарма тавассути ширкати IRS идома дорад.

Ҷаноби Ятимов гуфт, ки роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ то Дарвоз низ боз аст, аммо ба сабаби резиши тарма дар километри 342 ба самти Хоруғ, ҳаракати мошинҳо мутаваққиф шудааст. Ҳошим Ятимов ибрози умедворӣ кард, ки пас аз пурра поксозии роҳҳо, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта хоҳад шуд.

Хабарнигори Озодӣ рӯзи 3 феврал аз шаҳри Кӯлоб гузориш дод, ки резиши барф дар кӯчаҳои ин шаҳр низ мушкили зиёд эҷод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, равуои нақлиёт ба далели ҷодаҳои пур аз барф мушкил шуда, мақомоти маҳаллӣ дар тоза кардани кӯчаву ҷодаҳо аз барфи зиёд ба далели камбуди мошинҳои вижаи раҳрӯбӣ ва васоили дигари фаннӣ нотавонӣ мекунанд.



Барфи сафед ва рӯзи сиёҳи "East Air" ва занҳои кӯчарӯб

Як ҳавопаймои ширкати "East Air", ки дар масири Маскав - Кӯлоб парвоз мекард, субҳи 2 феврал дар фурудгоҳи Кӯлоб нишасти изтирорӣ анҷом дода, ҳавопаймои дигари ин ширкат ба ҷои Қӯрғонтеппа маҷбур шуд, дар Душанбе пойин шавад.

Мақомоти фурудгоҳи Кӯлоб мегӯянд, ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб соати 7-25-и субҳи 2 феврал ҳангоми нишастан дар фурудгоҳ ба далели обу ҳавои номусоид аз хатти нишаст берун рафта, шассии пешаш шикастааст.

Алӣ Комилов, раиси фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин фуруди садамавии ҳавопаймо, хушбахтона, касе аз сарнишинони ин ҳавопаймо, аз ҷумла мусофирон осеб надидааст.

Оқои Комилов аз ироаи ҷузъиёти бештар феълан худдорӣ мекунад, вале дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "East Air" шикастани шассии пеши ҳавопайморо тасдиқ карда, ба "Азия Плюс" хабар додааст, ки барои таҳқиқи садама як кумиссиюни корӣ аз ҳисоби ходимони Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёти вазорати нақлиёт бо раҳбарии муовини раиси ин Хадамот Рашид Дадабоев таъсис ёфтааст.


Шамоли қибла дар фурудгоҳи Душанбе

Ҳамин тавр, як ҳавопаймои дигари ширкати "East Air", ки дар масири Санкт-Петербург - Қӯрғонтеппа парвоз мекард, рӯзи 2 феврал ба иллати пурбарф будани хатҳои нишаст дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа маҷбур шудааст, дар фурудгоҳи Душанбе пойин шавад.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фурудгоҳи Қӯрғонтеппа баъди барфи дирӯза барои қабули ҳавопаймоҳо омода набуд, ин ҳавопаймо дар Душанбе нишаст ва мусофиронаш бору бағочи худро аз инҷо гирифта, бо роҳҳои заминӣ сафари худро идома доданд. Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе афзуд, ин танҳо мавриди аз нақша хориҷ дар кори ин фурудгоҳ дар рӯзи 2 феврал буд.

Оқои Шодиев мегӯяд, ҳоло фурудгоҳ бо режими маъмулӣ кор мекунад ва кадом таъхири ҷиддие дар нишасту хези парвозҳояш мушоҳида намешавад: "Рӯзи 1 феврал, ки ҳам барф омад ва ҳам шамоли қибла бо суръати 17 метр дар як сония баланд шуд, ин барои қабули ҳавопаймоҳо хатарнок буд ва ба ин далел қабулии ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт то нимаи рӯз қатъ шуд. Вале баъди ист кардани шамолу барф фурудгоҳ кушода шуд.Баъди зӯҳри 1 феврал ва имрӯз, 2 феврал, парвозҳо аз тариқи фурудгоҳи Душанбе бо режими муқаррарӣ анҷом шуда истодаанд. Шояд ягон 10-15 дақиқа таъхир сурат бигирад, албатта, вале ин ба далели он аст, ки мақомоти фурудгоҳ тамоми ҳавопаймоҳоро қабл аз парвоз бо моддаи махсуси зидди яхбандӣ мешӯянд. Ба сурати умум, фурудгоҳ ба таври маъмулӣ кор карда истодааст."


Асароти барфрезиҳои ахир

Баъди барфрезӣ дар Душанбе

Баъди барфрезӣ дар Душанбе

Барфрезиҳои шадиди дирӯза боиси мушкил шудани равуо нақлиёт дар ҷодаҳои Душанбе ва шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон шудааст. Барфрезии шадиди рӯзи 1 феврал кӯчаву ҷодаҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистонро дар зери кӯрпаи ғафси барф "гӯр" кардааст.

Барфи зиёд ҳаракати нақлиёт дар ҷодаҳоро хеле мушкил карда, боиси ҳатто барои як соат ба таъхир гузошта шудани бозии тими "Равшан"-и Кӯлоб бо "Ал-Ярмук"-и Яман дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода шуд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ ё тармафароӣ дар тамоми шоҳроҳҳои Тоҷикистон бунгоҳҳои назоратӣ гузошта шудааст, вале то имрӯз ягон мавриди тармафароӣ ё ҳолати сахти садамавӣ ба қайд гирифта нашудааст. Шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, ки аз шоҳроҳҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дар он хафви тарма зиёд аст, зери назорати ду дидбонгоҳ қарор дорад: «Аз самти Душанбе ҳаракати техникаҳои вазнин ва нақлиётро як дидбонгоҳ назорат мекунад ва самти Хуҷанд ба Душанберо - як дидбонгоҳи дигар. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳ бо маркази обуҳавосанҷӣ хоста буданд, ки дар ин рӯзҳо аз ҳаракат ба самти Хуҷанд - Душанбе худдорӣ намоянд.»

Маркази ҳавошиносӣ қаблан гуфта буд, ки барфрезии шадид шояд то 5-уми феврал идома кунад.

Рӯзи сиёҳи кӯчарӯбҳо

Бо ин ҳама ҷодаву кӯчаҳои шаҳри Душанберо аз барфтӯдаҳо асосан занҳои кӯчарӯб пок мекарданд. Онҳо тамоми шаб сари кор буданд ва аз субҳи 2 феврал ҳам дида мешуд, ки занҳои кӯчарӯб ба кори худ идома дода истодаанд.

Бибигул Мирзоева, як зани кӯчарӯб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз соати 2:00-и шаб ба тоза кардани кӯчаҳо машғуланд. Ба қавли ин хонум, онҳо асосан роҳҳои калони мошингард, роҳравҳо ва шохаҳои дарахтонро аз барф пок мекунанд: «Мошинҳои низ ҳастанд, ки ба корамон кумак мекунанд. Барои қатъ нашудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо регу намак мепошанд. Вале баъзе ронандаҳо мошинҳои худро дар сари роҳ мемонанд, ки ин ба кори мо халал ворид мекунад. Баъзеяшон бисёр дағалӣ мекунанд.» Ба қавли холаи Бибигул, дар бригадаи онҳо 15 нафар занону духтарон кор мекунанд.

Занҳои кӯчаруб мегӯянд, барои онҳо кор дар чунин як ҳавои сард хеле мушкил аст. Ба ҳамин далел шаҳрдории Душанбе дар фасли сармо маоши ин занҳоро 30 дарсад боло бурдааст.

Гулчеҳра Алимуҳаммадова, сардори гурӯҳи занҳои кӯчарӯб мегӯяд, шаҳрдории Душанбе барои кор дар рӯзҳои сард ба маоши ин занҳо 100 сомонӣ илова мекунад: «Агарчи кор вазнин ҳам бошад занҳои кӯчарӯб онро дар танҳоӣ анҷом медиҳанд. Дар ҳар бригада ҳамагӣ ду ё се мард ҳаст, ки барои корҳои вазнинтар кумак мекунанд. Аксарият занҳоянд. Аз ҷониби сокинони шаҳр то ҳол ягон нафар ба мо кумак накардааст. Агар чунин кӯмаке аз ҷониби сокинон мешуд шояд онро «аҷоибот» гуфтан мумкин буд.» Занҳои кӯчарӯб мегӯянд, зиёдии барфро дида, ғамашон гирифтааст, ки ин ҳамаро кай тоза мекунанд?

Ин аксҳоро хабарнигорон ва хонандагони Озодӣ аз Душанбе ва Турсунзода бардоштаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG