Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо тан мусофирон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дармонданд ва аз нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбе то субҳи ҷумъа дар шароити танг шабро рӯз кардаанд.

Абдуманон Содиқов, сокини ноҳияи Исфара наздикиҳои соати 20-00 аз наздикии деҳаи Такфони Айнӣ ба радиои "Озодӣ" бо телефон гуфт, ки бинобар масдуд будани роҳ дар минтақаи Такфон то нақби «Шаҳристон», наздики 500 нафар, ки занону кӯдакон низ мебошанд, банд мондаанд ва мунтазири иҷозаи убур ҳастанд. Вай гуфт, дар маҳалле, ки онҳо банд мондаанд, танҳо як чойхонаи кӯчак аст ва мардум дар дохили мошинҳо ва дар як шароити сахт дар ҳавои сарду шамолӣ, шабашонро рӯз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол бахши ахбори фаврии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 14-уми март ба "Озодӣ" гуфт, ки аз субҳи дирӯз бинобар хатари тармафароӣ ҳаракати роҳро манъ кардаанд ва аз баста будани роҳ ширкати IRS, ки маблағгузории ин роҳро бар ӯҳда дорад низ, огоҳ буд. Аловиддин Қаландаров, як масъули бахши иттилооти фаврӣ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки барои боз кардани роҳ дар он минтақа ва тоза кардани барфу тарма булдозерҳо истифода мешаванд.

Аммо мусофирон мегӯянд, вақте ки аз тарозуҳои IRS убур мекарданд, ходимони истгоҳҳои ин ширкат ҳангоми пардохти роҳпулӣ дар бораи баста будани роҳ хабар намедоданд. Абдуманон Содиқов, мегӯяд, ки ҳам ронандаҳо ва ҳам мусофирони ноогоҳ аз хабари баста будани роҳ аз нақби «Истиқлол» убур карда дар миёнаи роҳ дар мавзеъи Такфон банд мондаанд.

Саодат Муллоева, як сокини ноҳияи Истаравшан, ки аз дирӯз боз дар миёнаи роҳ банд мондааст, мегӯяд, ки бо кӯдаки навзодаш дар дохили мошин ба танг омадааст ва дар ҳавои сард мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд.

Аммо як намояндаи ширкати IRS воқеъ дар «Варзобгес» мегӯяд, ки ба ронандаҳо хабари масдуд будани роҳро огоҳ мекарданд, вале онҳо мегуфтанд, шояд то расидан ба он мавзеъ роҳ боз карда шавад ва роҳҳро идома медоданд.

Дар ҳамин ҳол, тақрибан соати 11:00 14-уми март раиси Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербуттаев ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳоло роҳ аз тарафи Айнӣ ба Душанбе ва аз тарафи Душанбе ба Хуҷанд боз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG