Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 23 феврал дар роҳи Айнӣ - Шаҳристон боз ду нафар бар асари фаромадани тарма ҷон бохтаанд. Дар ду рӯзи охир шумори қурбониёни тарма дар ин роҳ ба 5 нафар расид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари тармафароӣ як мошини “Газел” дар роҳи ноҳияи Айнӣ - Шаҳристон аз баландии 58 метр сарозер шуда, дар натиҷа ду сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -- Ҳайдар Шокиров ва падараш Усмон Шокиров ба ҳалокат расиданд. Ҳайдар Шокирови 31-сола дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, наҷотбахшон падари ӯро тавонистаанд берун бикашанд, вале ӯ ҳам дар роҳ ба бемористони ноҳияи Айнӣ ҷон додааст.

Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз бориши шадиди барф дар манотиқи Тоҷикистон хабар медиҳад ва аз ронандагону мусофирон ва меҳмонон тақозо кардааст, ки аз сафар ба манотиқи кӯҳистонии хатарнок дар ин шабу рӯз худдорӣ кунанд ва агар ба зарурате ба сафар ҳам бароянд, бояд бо омодагии ҷиддӣ ва бо доштани тамоми васоили фаннии лозим, ҳаракат кунанд.

Аз шаби душанбе ба ин тараф дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон барфи шадид борида истодааст ва тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ҳам дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ва ҳам дар шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ дар нуқтаҳои алоҳида тарма фаромадааст ва ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст.

Ҳалокати ду нафар бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд дар ҳолест ки дар рӯзҳои поёни ҳафта дар ҳамин шоҳроҳ як мошини дигар низ зери тарма монда, бар асари он 3 нафар ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин 3 тан бар асари зери тарма мондани мошини сабукрав дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ҷон додаанд.

Ба гуфтаи мақомоти умури фавқулодда, фалокат дар ноҳияи Айнӣ дар наздикии ағбаи Шаҳристон субҳи 22 феврал рух дода, як мошини навъи "Howa" аз баландии 330 метр сарозер шудааст. Ҳам ронанда ва ҳам ҳарду мусофираш сокинони шаҳри Хуҷанд будаанд.

93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ҳар сол дар роҳҳои манотиқи кӯҳистонии ин кишвар даҳҳо нафар бара сари фуромадани тарма ҷон медиҳанд. Вале ду ҳодисаи охире, ки сабаби марги 5 нафар дар кӯҳистони Зарафшон шуд, нахустин мавридҳои ҳалокати афрод дар зери тарма дар соли ҷорист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG