Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масдудияти роҳи Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Такфон то Ҳушёрӣ


Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бинобар фаромадани тарма, мутаваққиф шудаааст.

Давлатқадам Раҳимов, як ронандаи таксии мусофиркашонӣ дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 14:00-и рӯзи сешанбе ба ин тараф, дар мавзеи Такфон то Ҳушёрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳаракати мошинҳо манъ карда шудааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар назди деҳаи Такфон тақрибан 200 мошини мусофиркашу борбар ҷамъ шудаанд ва мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд.
Давлатқадам мефзояд, ки аз масъулони идораҳои роҳсозӣ касе намегӯяд, ки роҳ кай боз хоҳад шуд. Дар дохили мошинҳо занону кӯдакон дар шаротии бисёр танг шабро рӯз кардаанд.

Шуъбаи ахбори фаврии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ мегӯяд, ки воқеан дар километрҳои 60-72 ин шоҳроҳ тарма фаромада, бинобар хавфи дубораи тармафароӣ, роҳро муваққатан масдуд кардаанд.

Ҳошим Ятимов, сардори Шуъбаи ахбори фаврии Вазорати нақлиёт гуфт, ки дар ин мавзеъ барфи зиёд борида ва дирӯз бо булдозер баъзе мошинҳое, ки дар дохили тунелҳои хурд монда буданд, раҳо карда шуданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ятимов, ҳоло барои пурра тоза намудан ва беҳтар кардани ҳаракат дар роҳҳо, когарон ва булдозерҳои ширкати IRS машғул мебошанд. Ва имкон дорад ҳамин рӯз ба ҳаракати мошинҳо иҷоза дода шавад. Аммо аз як тараф сардии ҳаво, аз тарафи дигар шароити номусоид мусофирон ва ронандагонро дилтанг кардааст.

Акрам Ҳакимов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳамроҳи фарзандонаш дар як таксии «Мусо» қарор дорад ва ба сахтӣ шаби гузаштаро сипарӣ кардааст. Вай мегӯяд, ки билети ҳавопаймо танҳо аз як тараф 370 сомонӣ аст ва аз ин рӯ ночор бо роҳи заминӣ тарафи Хуҷанд мехоҳад биравад.
XS
SM
MD
LG