Пайвандҳои дастрасӣ

Резиши тарма дар Хоруғ 3 манзили истиқоматиро комилан хароб карда ва 8 манзили дигар қисман тахриб шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон, резиши тарма ҳаволии соати 11-и рӯзи 16-уми март иттифоқ афтода, аммо хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Ҳамчунин дар пайи ин ҳодисаи табиӣ, 50 метр девори консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ хароб шудааст.

Аммо ба таъкиди Умед Тутишоев, сардор Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хоруғ, хавфи тармафароӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ҳанўз ҳам вуҷуд дорад ва ба ин далел беш аз 100 хонаводаи зери хатар ба минтақаи амн кӯчонда шуданд.

Масъулони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хоруғ гуфтанд, ки дар корҳои бартарафсозии оқибаҳои резиши тарма кормандони ин ниҳод ва бештар аз 300 нафар ихтиёриён, ки қаблан омўзиш диданд, ширкат доранд.
Аз сӯи дигар кормандони ширкати «Помирэнержӣ» ва «Тоҷиктелеком» оқибатҳои тахрибшавии хати барқ ва алоқаро бартараф месозанд.

Давлатмамад Дустмамадов, яке аз зарардидагон мегўяд, ки вай ҳангоми тармафроӣ бо ду кўдак ва келинҳояш дар даруни хона буданд. Аз тарма вақте хабар ёфтанд, ки барф ҳавлиро пур карда, ба воситаи равзанаи бом ба дарун мерехт.

Вай афзуд, ки кўдаконро ба воситаи тиреза берун бароварда, нигоҳ кардаст, ки аз манзили ҳамсояааш ному нишоне намондааст.



Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Бадахшон зимистони ҳақиқӣ тоза фаро расид. Бинобар иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилоят, бар асари боришоти зиёди барфу борон ва тармафароӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Хоруғ - Душанбе қатъ шудааст.

Шаби гузашта дар ноҳияи Шуғнон дар ду мавзеъ тарма фаромада, роҳро бастааст ва ҳаракати нақлиёт ба сўи маркази ноҳияи Ишкошиму Мурғоб низ қатъ шудааст.

Афзун бар ин, мусобиқаи варзишии байниноҳиявии мактаббачагон ба муносибати ҷашни Наврўз мавқуф гузошта шуда, роҳпаймоӣ ё маршировкаи донишҷӯёну хонандагон бинобар сардӣ ва борфишоти барф, аз чанд рўз боз қатъ гардидааст.

Барномаҳои наврўзӣ аз кӯчаҳо ба биноҳо кўчида, дар Кохи фарҳаг ва театри вилоятӣ идома дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG