Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоҳари Шамсиддинов: Ҷасади ӯро аз акс нашинохтем


Салим Шамсиддинов

Салим Шамсиддинов

Пайвандони Салим Шамсиддинов бовар надоранд, ки ҷасади ёфтшуда дар рӯди Омӯ ҷанозаи ин раҳбари собиқи ҷамъияти узбакҳои Хатлон бошад.

Аҳли хонаводаи Салим Шамсиддинов, собиқ раиси ҷамъияти узбекҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки акси электронии ҷасади Шамсиддиновро дар авали ҳамин ҳафта мақомоти умури дохилаи вилоят ба хонаводаи онҳо нишон додаанд, вале нишонаҳо дар ин акс гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҷасади Шамсиддинов нест.

Хайринисо Ярова, хоҳари Салим Шамсиддинов рӯзи 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони умури дохилаи вилоят ӯ ва бародару зану писари Салим Шамсиддиновро барои шиносоӣ бо акси электронии ҷасади Шамсиддинов, ки мақомоти Узбакистон ирсол кардаанд, даъват карданд. Ӯ афзуд, дар ин ҷасад як марди биёр бузургҷусса бо сару рӯи варамида ва бараҳна хобидааст, ки хуб шинохта намешавад: «Ман бовар надорам, ки ин бародари ман бошад. Занаш ҳам гуфт, ки ин шавҳари вай нест, шояд марди дигар аст.»



Ягона чизе ки хонаводаи Салим Шамсиддиновро ба ҳар сурат машкук мекунад, акси «спортивка»-ест, ки ӯ рӯзи 15 март дар тан барои давидан аз хона баромада буд. Хайринисо Ярова мегӯяд: «Ин «спортивка» дар ҳақиқат ба либоси варзишии вай монанд аст.»

Хайринисо Ярова меафзояд, ки то замоне ки худи ҷасадро бо чашмони худ набинанд, комилан бовар нахоҳанд кард, вале вай мегӯяд, ки пас аз ёфтани ҷасад ӯро 10 руз дар мурдахона нигоҳ дошта, баъд гӯр кардаанд, ки ин шиносоии ӯро боз ҳам мушкилтар мекунад. «Ҳоло бародарам даву този гирифтани визаро дорад ва бояд рафта, ҷасадро шиносоӣ кунад,» - гуфт Хайриннисо Ярова, хоҳари Салим Шамсиддинов.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан хабар доданд, ки дар дар қаламрави Узбакистон ҷасаде монанд ба Салим Шамсиддинов, раиси собиқи ҷамъияти узбактаборони Хатлон пайдо шудааст. Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, рӯзи 18 июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, "15 рӯз пеш Узбакистон хабарномаеро ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фиристодааст, ки дар он аз ёфт шудани ҷасаде монанд ба Салим Шамсиддинов сухан меравад."

Ба таъкиди ҷаноби Тағоймуродов, дар ин хабарнома гуфта шудааст, ки "ҷасади монанд ба Салим Шамсиддинов ҳанӯз моҳи апрел дар қаламрави вилояти Сурхондарё, дар канали Амӯзанг ёфт шудааст."

Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон нишонаҳое, ки ҷониби Узбакистон зикр кардааст, дандон ва муйсари ҷасад ба Салим Шамсиддинов монанд будааст. Аммо Анвар Тағоймуродов таъкид кардааст, ки "тибқи иттилоъи пешакӣ нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ҷасади ёфтшуда дида намешавад."

Ҷамшед Нозимов, муовини сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба мо аз кишвари ҳамсояи Узбакистон хабар доданд, ки дар рӯди Омӯ ҷасаде пайдо шудааст ва аз нишонаҳои ин ҷасад маълум мешавад, ки вай монанд ба Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон аст."

Ҷаноби Нозимов афзуд, ки "айни ҳол пайвандони Шамсиддинов дар садади сафар ба Узбакистонанд, то ҷасадро шиносоӣ кунанд."

Ҷаноби Нозимов гуфт, раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар талоши таҳияи санадҳои лозим барои сафари пайвандони Салим Шамсиддинов аст ва интизор меравад ояндаи наздик онҳо ба Узбакистон сафар намоянд. Мақомоти интизомӣ айни ҳол ин хабарро дар даст дорад ва ҷузъиёти бештареро ироа накардааст.

Салим Шамсиддинов, раиси Ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон рӯзи 15-уми марти соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Дар моҳи майи соли гузашта низ Салим Шамсиддинов аз тарафи як гурӯҳи ношинос дар назди бинои Шӯъбаи амнияти миллии Қӯрғонтеппа шадидан латукуб шуд, аммо бо вуҷуди он ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, то ҳол натиҷаи таҳқиқи ин ҳодиса маълум нест.

Салим Шамсиддинов аз ин қабл мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифта буд.

Салим Шамсиддинов аз ин қабл мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифта буд.

Худи Салим Шамсиддинов баъд аз ин ҳодиса лату кӯбаш дар соли гузашта дар мусоҳибае бо хабарнигори радиои «Озодӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ин ҳодисаро фармоишӣ номида буд. Наздикони ҷаноби Шамсиддинов умедворанд, ки пас аз мулоқоти онҳо бо ин масъули баландпояи вазорати корҳои дохилӣ, амалиёти ҷустуҷӯи бародараш самара хоҳад дод.

Шамсиддинов 58 сол дошт. Вай баъд аз гирифтани маълумоти ҳукуқшинос бештар аз 20 сол дар системаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кард ва баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар ташкил ва фаъолияти ҷамъияти узбактаборон дар вилояти Хатлон саҳми муассир дошт.

Вақтҳои охир бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вай талош мекард, дар қонуни интихоботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид шавад ва аз ҷамъияти узбактаборони Хатлон даъват мекард, ки агар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Раҳматилло Зоиров номзадиашро пешбарӣ намояд, онҳо аз номзадии Зоиров ҷонибдорӣ кунанд.

Дар яке аз мулоқотҳои ахираш бо Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи “Азия-Плюс”, Шамсиддинов ба он ишора карда буд, ки вай мехоҳад, фаъолиятҳои сиёсии худро густариш диҳад ва ба ин хотир дар оянда як ҳизби сиёсӣ ва ё ҳаракати миллӣ-сиёсии узбактаборонро ташкил диҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG