Пайвандҳои дастрасӣ

Ғайб задани Шамсиддинов ва талоши ҳақшиносии ақаллиятҳо


Салим Шамсиддинов - раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон

Салим Шамсиддинов - раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон

Номи Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон, замоне дар расонаҳои хабарӣ дар сархатти хабарҳо қарор гирифт, ки субҳи 15 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа барои варзиш аз хонааш берун рафт ва дигар барнагашт.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз ҷумлаи аввалин шахсоне буд, ки аз ин одамрабоӣ ба матбуот хабар дод ва гуфт, ғайб задани Шамсиддинов ба фаъолиятҳои сиёсии вай иртибот дорад:

“Вақте ки шӯъбаи корҳои дохилӣ ин масъаларо намедонист, шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хабар надорад ва хешу табораш гуфтанд, ки аз кумитаи амният ба вай таъсир мерасонданду ҳамин кор шуд, ман ҳамаи онро ҷамъбаст карда, як изҳороти сиёсӣ додам, ки ҳамин хел одам бо сабабҳои сиёсӣ бедарак шудааст.”

Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон ин суханони Зоировро беасос хонданд ва аз нопадид шудани Шамсиддинов изҳори бехабарӣ намуданд.

Раҳматилло Зоиров - раиси ҲУСДТ

Раҳматилло Зоиров - раиси ҲУСДТ

Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International изҳороте пахш ва нопадид шудани Шамсиддиновро "одамрабоии сиёсӣ" арзёбӣ кард. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ҳодисаи ғайб задани вайро тафтиш ва маҳали буду боши вайро дақиқ кунанд.

Шамсиддинов 58 сол дорад. Вай баъд аз гирифтани маълумоти ҳукуқшинос бештар аз 20 сол дар системаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кард ва баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар ташкил ва фаъолияти ҷамъияти узбактаборон дар вилояти Хатлон саҳми муассир дорад.

Вақтҳои охир бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вай талош мекард, дар қонуни интихоботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид шавад ва аз ҷамъияти узбактаборони Хатлон даъват мекард, ки агар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Раҳматилло Зоиров номзадиашро пешбарӣ намояд, онҳо аз номзадии Зоиров ҷонибдорӣ кунанд. Худи оқои Зоиров низ инро таъйид мекунад ва мегӯяд, ҳар ҳизби сиёсӣ ва ё ҳар ҷамъияти миллӣ ё шахси алоҳида тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳаққи таблиғи номзади дилхоҳи худро дорад.

Дар яке аз мулоқотҳои ахираш бо Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи “Азия-Плюс”, Шамсиддинов ба ин нукта ишора кардааст, ки вай мехоҳад фаъолиятҳои сиёсии худро густариш диҳад ва ба ин хотир дар оянда як ҳизби сиёсӣ ва ё ҳаракати миллӣ-сиёсии узбактаборонро ташкил медиҳад.

Рамзия Мирзобекова - хабарнигори “Азия-Плюс”

Рамзия Мирзобекова - хабарнигори “Азия-Плюс”

Вале нуқтае, ки Рамзия ба он ишора мекунад, ин аст, ки дар ин суҳбат Шамсиддиновро мисли як шахси эҳсосотиву озурдахотир дарёфтааст, ки дар гуфтораш на пешниҳод, балки бештар оҳанги шиква мушоҳида мешуд: “Ин чандон пешниҳод набуд. Шояд бештар дарду алам бошад. Гуфт, ки фаъолияти ҷамъияти узбакзабонон тақрибан дар ҳамаи соҳаҳо маҳдуд карда мешавад. Мегуфт, ки дарсҳо дар мактабҳо ба забони узбакӣ кам карда шудааст. Кӯдаконашонро маҷбур мекунанд, ки фақат ба забони тоҷикӣ хонанд. Дар бораи он суҳбат кард, ки дар сохторҳои давлатӣ, ҳатто дар парлумон ба намояндагони узбактабор ягон мароқ зоҳир намекунанд. Аз ин ҳуқуқашон маҳрум шудаанд.”

Аз гуфтаҳои хонум Рамзия бармеояд, ки оқои Шамсиддинов ин масъалаҳоро дар ҷаласаҳои ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ба баррасӣ мегузошт ва роҷеъ ба онҳо протокол низ тартиб медод ва нусхаи яке аз чунин протоколҳоро дар ихтиёри Рамзия гузоштааст. Вале то куҷо ин иддаои Шамсиддинов дар бораи нодида гирифтани ҳаққи ақалияти узбактаборон дар вилояти Хатлон ба ҳақиқат дуруст меояд?

Муҳаббат Мирзоалиева, раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон, бо назардошти чунин андешаҳои Шамсиддинов, ки дар гузаштаҳо ҳам садо додааст, моҳи майи соли 2012 дар матбуот чунин ақидаҳои вайро рад кард ва навишт, ки ин андешаҳо назари шахсии худи Шамсиддинов аст ва мавқеи расмии ҷамъияти узбактаборонро ифода намекунад.

Ба ин тартиб миёни Мирзоалиева ва Шамсиддинов ихтилоф ба вуҷуд омад ва ин ихтилоф бо он анҷомид, ки Шамсиддиновро аз муовинати раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон барканор карданд, вале вай ҳамчунон раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон мебошад.

НОРИЗОЯТИИ ШАМСИДДИНОВ АЗ КУҶО ОБ МЕХӮРАД?

Дар давоми як соли гузашта намояндагони ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ба матбуот шикоят бурданд, ки таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои узбакӣ маҳдуд шудааст. Аз ҷумла, Зебо Сатторова, узви раёсати ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон, мегӯяд, дастури расмӣ вуҷуд надорад, вале мақомот пешниҳод кардаанд, ки узбактаборон фарзандонашонро ба мактабҳои таълими тоҷикӣ диҳанд:

“Бисёр узбакҳо маҷбур шуда истодаанд, ки фарзандонашонро ба мактабҳои тоҷикӣ диҳанд. Баъзе муаллимаҳо шикоят ҳам мекунанд, ки агарчанде дастури хаттӣ ҳам набошад, мегӯянд, ки ба синфҳои узбакӣ хонанда қабул карда нашавад. Агар муносибатҳоямон наздик мешуд, муаллимони синфҳои узбакӣ ба донишгоҳҳои Қаршӣ ва Термез рафта такмили ихтисос мегузаштанд, хуб мешуд. Агар ҳар сол барои 5-10 нафар ба донишгоҳҳои Узбакистон квота медоданд, ки онҳо барои мо муаллими забони узбакӣ тайёр кунанд. Афсӯс, ки ин чизҳо ҳоло ғайриимкон аст.”

Малика Отахонова, сокини узбактабори вилояти Хатлон, мегӯяд, вай худаш фарзандашро ба мактаби тоҷикӣ додааст, то дар оянда писараш забони тоҷикиро хуб ёд гирад, барои он ки дар ин кишвар тоҷикӣ забони давлатист: “Барои он ки забони давлатӣ дар Тоҷикистон тоҷикист. Кӯдакон дар оянда азоб накашанд. Агар камтар гапат узбакӣ равад, дар бозор хоҳ гӯштфурӯш ва ё каси дигар, вай баҳс мекунад. Агар вай қатӣ сар ба сар шавӣ, ҷанг кардан даркор. Лекин агар фикр кунӣ, ҳамааш як инсон аст. Барои ҳамин мо мехоҳем, ки як кас ба ҳамин кӯдакони мо дағалӣ накунад.”

ЯК СОЛ ПЕШ ШАМСИДДИНОВ ЛАТУКӮБ ШУДА БУД

Салим Шамсиддинов 5 майи соли 2012 дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби 3 шахси ношинос латукӯб шуда буд. Вай баъд аз ин ҳодиса дар мусоҳибае бо хабарнигори радиои «Озодӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ин ҳодисаро фармоишӣ номид: “Инро одамони одӣ намекунанд. Аз боло фармоиш додагианд. 25 метр дурдар аз даромадгоҳи КГБ кӣ ин корро мекунад? Онҳо алоқа доранд. Аз пушти мо гаштагианд.”

Шамсиддинов дар суҳбаташ бо радиои «Озодӣ» гуфта буд, ки узбакҳо дар давраи Шӯравӣ аз имтиёзҳо бархӯрдор буданд. Онҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ кор мекарданд ва дар миёни онҳо вазирон низ буданд: “Дар даврони Шӯравӣ 40 фоиз узбакзабонон дар ҳокимият буданд. Қонуни ҳукумати Шӯравӣ қатӣ. Дар миёни 3 миллион тоҷик 2 миллион узбак зиндагӣ мекард. Ягон вазир нест ҳозир. Вақтҳои охир якта-нимта одамоне, ки буданд, ҳамонҳоро ҳам гирифта истодаанд. Мо ҳам мехоҳем аз 2 миллион узбакзабон 10-15 нафар депутат шаваду манфиати узбекҳоро ҳам пеш баранд.”

Аммо Асадулло Шоев, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа, ин суханони Шамсиддиновро беасос медонад ва мегӯяд, дар интихоботи гузашта дар таркиби номзадҳо ба намояндагии Маҷлиси шаҳрӣ миллиятҳои дигар, аз ҷумла 4 нафар узбакзабонон низ буданд: “Вақте ки мо номзадҳои вакилони халқии Маҷлиси шаҳри Қӯрғонтеппаро пешбарӣ кардем, дар рӯйхати номзадҳо аз 32 нафар 4 нафарашон узбакзабон буданд. Мо вақти интихоби номзадҳо халқи узбакзабонро ҷудо кардагӣ нестем.”

Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон бисёре аз узбактаборон ва рустаборон Тоҷикистонро тарк карданд ва таркиби миллии аҳолии ин кишвар ҳоло тағйир ёфтааст. Дар муқоиса бо солҳои ахири Шӯравӣ, аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 8 миллион нафар расидааст ва аксарияти куллро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Сӯҳроб Шарифов - намояндаи парлумони Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов - намояндаи парлумони Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов, намояндаи парлумон ва раиси пешини Маркази стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, дар солҳои Шӯравӣ қавмҳои мухталифи турктабор, аз қабили лақай, марқа, барлос, қунғурот ва амсоли онро миллати узбак менавиштанд. Вале ҳоло ин қавмҳо талоши худшиносӣ доранд ва мехоҳанд, бо номи қавми худ сабт шаванд: “Дар давраи Шӯравӣ ҳамаро, масалан лақаю марқаву қунғуроту уйғур ва ғайраро узбак менавиштанд. Имрӯз тақсимшавии туркнажодҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар давлатҳои Шӯравии собиқ ба вуҷуд омада истодааст. Лақайҳо ҷамъияти худро доранд, ӯйғурҳо ҷамъияти худро доранд. Ҳамин тавр, туркнажодҳои дигар низ ҷамъиятҳои худро ташкил кардаанд ва намехоҳанд худро узбак ҳисоб кунанд. Чунки онҳо мехоҳанд қавми худро намояндагӣ кунанд. Намехоҳанд, ки онҳоро узбак шуморанд.”

Ба ақидаи Шарипов, чунин раванд дар Узбакистон низ мушоҳида мешавад ва дар он ҷо қавмҳои бузурге чун хоразмиву қарақалпоқистониҳо зиндагӣ мекунанд.

ОЁ МУШКИЛ ФАҚАТ МУШКИЛИ УЗБАКТАБОРОН АСТ?

Давлати ҷавони Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккул ва раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ қарор дорад. Виктор Ким, раиси ҷамъияти кореягиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар чунин марҳила на танҳо ақалиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, балки худи тоҷикон низ ба мушкилиҳо гирифтор мешаванд ва ин мушкилиҳоро набояд танҳо маҳдуд кардани ақалиятҳои миллӣ арзёбӣ кард. Вай мегӯяд дар Тоҷикистон деҳоте ҳастанд, ки худи тоҷикон наметавонанд ба забони модариашон таҳсил кунанд. Виктор Ким ҳамзамон таъкид кард, ки дар давраи Шӯравӣ русҳо ва узбакҳои Тоҷикистон ба унвони ақалиятҳои бузурги кишвар соҳиби имтиёзҳои хуб буданд. Вале имрӯз ин имтиёзҳоро надоранд:

“Ин як ҳолати равонӣ аст, ки масалан узбакҳо ё русҳо дар давраи Шӯравӣ дорои вазъи боимтиёзе буданд ва якбора дар як ҷумҳурии миллӣ дар ҳолате қарор гирифтанд, ки ин имтиёзҳоро аз даст додаанд. Ҳоло онҳо ҳам аз ҷиҳати шумора ва ҳам бо назардошти мавқеияти иҷтимоии худ наметавонанд аз ин имтиёзҳо бархӯрдор бошанд.”

Дар давраи Шӯравӣ ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, ки дар ҷумҳуриҳои миллӣ зиндагӣ мекарданд, шаҳрванди Шӯравӣ буданд ва Шӯравии федеративӣ ватани ягонаи онҳо буд. Вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ онҳо дар қаламрави кишварҳои миллӣ ба ақалияти миллӣ табдил ёфтанд. Узбакҳои Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Сӯҳроб Шарипов, намояндаи парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон кишвари ақибмонда аст ва чунин вазъ ба зиндагии ҳама яксон таъсир мерасонад: “Мо кишвари камбизоат мебошем, аксари мардум дар зиндагиашон бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Мумкин ақалиятҳо фикр кунанд, ки тоҷикон шароити хубтар доранду онҳо не. Лекин ин нодуруст аст, чунки ҳама дар як фазо зиндагӣ мекунем, дар шароити яксони иқтисодӣ қарор дорем. Ман фикр мекунам, ки ин вазнинии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз он бармеояд, ки худи давлат наметавонад тибқи хостҳои худи миллати тоҷик низ сатҳи зиндагиро таъмин созад. Имкониятҳои давлат низ хеле маҳдуд мебошад. Барои ҳамин бояд ақалиятҳо фаҳманд, ки ин мушкилиҳо на танҳо мушкили узбакҳо, русҳо ва ё қирғизҳо мебошад, балки ин мушкилиҳо умумимиллӣ аст.”

Ақаллиятҳои миллӣ мисли мардуми тоҷик аз тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархӯрдоранд. Онҳо барои равнақи фарҳанги миллии худ ҷамъиятҳо ташкил кардаанд. Виктор Ким мегӯяд, ба назари вай, агар ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон раҳбари хуб ва созмондиҳандаи хуб дошта бошад, раҳбаре, ки битавонад воқеиятҳои кунунӣ ва ояндаи ҷомеаро бубинаду таҳлил кунад, дар он сурат ҳеҷ мушкиле пеш намеомад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG