Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони Шамсиддинов аз раванди ҷустуҷӯи ӯ розӣ нестанд


Салим Шамсиддинов

Салим Шамсиддинов

Наздикони раиси Ҷамъияти узбакҳои Хатлон аз ҷараёни ҷустуҷӯи Салим Шамсиддинов розӣ нестанд.

Хайриниссо Ярова, хоҳари Салим Шамсиддинов, раиси Ҷамъияти узбакҳои Хатлон рӯзи 7 май ба радиои Озодӣ гуфт, ки раиси Бахши корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал Анвар Тағоймуродов хонаводи онҳоро қабул кард ва доир ба вазъи ҷустҷӯи бародараш аз тарафи мақомоти умури дохила, суҳбат намуд.

Хайриниссо гуфт, аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷиҳати ҷустуҷӯи бародараш, ки аз нопадид шуданаш як моҳ мегузарад, розӣ нест ва ӯ аз Анвар Тағоймуродов хоҳиш кардааст, агар мақомоти ҳукуматӣ Салим Шамсиддиновро боздошт ё бурда бошанд, ошкор кунанд. Вай меафзояд, ки аз интизорӣ ва ҷустуҷӯ ба ҳадде ба танг омадаанд, ки мехоҳанд ягон хабаре роҷеъ ба сарнавишти бародараш дошта бошанд. Ба қавли хоҳари Шамсиддинов, мақомоти умури дохила тайи ин муддат рӯшан накардаанд, ки бародарш дуздӣ ва ё гаравгон гирифта шудааст.

Салим Шамсиддинов, раиси Ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон рӯзи 15-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз хона берун рафт ва дигар барнагашт.

Бародараш Садриддин дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, ки дар моҳи майи соли гузашта низ Салим Шамсиддинов аз тарафи як гурӯҳи ношинос дар назди бинои Шӯъбаи амнияти миллии Қӯрғонтеппа шадидан латту куб шуд, аммо бо вуҷуди он ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, то ҳол натиҷаи таҳқиқи ин ҳодиса маълум нест.

Бародараш мегӯяд, эҳтимоли ба ҳам иртибот доштани "ҳодисаи латту кӯби соли гузашта ба нопадид шудани Салим дар соли ҷорӣ ба ҳам иртибот доранд ва шояд ба хотири баъзе назарҳояш дар масоили сиёсӣ ва интиқодҳояш аз бархӯрди мақомот бо аққалиятҳои миллӣ, ӯро дуздида дар куҷое гаравгон карда бошанд.»

Худи Салим Шамсиддинов баъд аз ин ҳодиса лату кӯбаш дар соли гузашта дар мусоҳибае бо хабарнигори радиои «Озодӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ин ҳодисаро фармоишӣ номида буд.

Наздикони оқои Шамсиддинов умедворанд, ки пас аз мулоқоти онҳо бо ин масъули баландпояи вазорати корҳои дохилӣ, амалиёти ҷустуҷӯи бародараш самара хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG