Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: Ғайб задани Шамсиддинов ангезаи сиёсӣ надорад


Салим Шамсиддинов.

Салим Шамсиддинов.

Мақомот мегӯянд, бо гузашти 12 рӯз аз замони нопадид шудани Салим Шамсиддинов, аз фаъолони ҷамъияти узбактаборони Хатлон, ҳанӯз дар бораи макони будубоши ӯ иттилое ба даст наовардаанд.

Эминҷон Ҷалилов, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфт, овозаҳо дар мавриди гӯё аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт шудани Салим Шамсиддинов беасос мебошанд:

«Дар асоси аризаи писари Салим Шамсиддинов, мо ин шаҳрвандро мавриди ҷӯстуҷӯ қарор додаем. Аз ҷониби ниҳодҳои вобастаи ба Вазорати корҳои дохилӣ ӯ боздошт ё пайдо нашудааст. Агар аз ҷониби ягон мақомоти дигар ин шаҳрванд боздошт ё пайдо карда мешуд, ҳатман моро хабардор мекарданд.»

Ин мақоми баландпояи раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ҳамчунин баёнияи созмони Афви Байналмиллал ё «Amnesty International»-ро, ки бедарак шудани Салим Шамсиддиновро «одамрабоии сиёсӣ» арзёбӣ кардааст, бепоя хонд.

«Мо ин фарзияро ҳам таҳқиқ кардем. Ин ҷо ягон одамрабоӣ нест. Шамсиддинов худаш аз хона бадар рафта, нопадид шудааст. Ягон изи латукӯб, маҷбуран аз хона ё кӯча дастгир кардан ё ягон нишоне аз одамрабоиро мо дарёфт накардем ва набояд ин қазия «сиёсӣ» арзёбӣ карда шавад», - афзуд Э. Ҷалилов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Amnesty International аз нопадид шудани Салим Шамсиддинов ҳамчун яке аз фаъолони мухолифони сиёсии давлати кунунӣ изҳори нигаронӣ карда, навиштааст, вай замоне бедарак шудааст, ки то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чанд моҳи дигар мондааст. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба зудӣ ҳодисаи ғайб задани Шамсиддиновро тафтиш ва маҳалли будубоши вайро дақиқ ва натиҷаҳои тафтишро эълон кунанд.

Созмони Афи Байналмиллал ё Amnesty Internationalдар бораи бедарак шудани Салим Шамсиддинов-раиси ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон номае пахш ва онро одамрубоии сиёсӣ арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла, дар ин нома гуфта мешавад, ки бедарак шудани Шамсиддионов метавонад сабабҳои сисёсӣ дошта бошад.

Шамсиддинов 58 сола аст ва шоми 15-уми март аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Хешовандонаш рӯзи дигар ба пулис хабар доданд ва аз онҳо кӯмак хостанд. Пайвандони Салим Шамсиддинов мегӯянд, ки бо гузашти 12 рӯз аз замони бедарак шудани ӯ, ҳанӯз ягон хабару паёме на аз Шамсиддинов ва на аз мақомоти тафтишотӣ дарёфт накардаанд.

Салим Шамсиддинов

Салим Шамсиддинов

Дар номаи Amnesty International омадааст, пештар ҳам, яъне 5 майи соли 2012 дар кӯчаи рӯ ба рӯи бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии вилояти Хатлон дар Қурғонтеппа ба Шамсиддинов 3-4 марди ношинос ҳамла бурданд ва вайро лату кӯб намуданд.

Ба навиштаи Amnesty International, манобеи маҳаллӣ он вақт ҳамлаи 5 майро ба мусоҳибаҳои матбуотии Шамсиддинов иртибот дода буданд ва навиштанд, ки вай дар ин мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон сисёсати миллатгароиро пеш мебарад.

Баъд аз нопадид шудани Шамсиддинов Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ба матбуот гуфт, ки ғайб задани Шамсиддинов зоҳиран ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ба ширкати фаъоли вай дар ҳимоят аз тағири қонуни интихоботии Тоҷикистон иртибот мегирад.

Салим Шамсиддинов ҳамчунин ба унвони раиси ҷамъияти узбакҳо аз аҳолии узбактабори Тоҷикистон даъват карда буд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии
Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҷонибдорӣ аз номзадии Раҳматулло Зоиров рай диҳанд.
Қабл аз ғайб задан Шамсиддинов омодагӣ мегирифт, ки бори дигар дар бораи таҳқири узбактаборон дар вилояти Хатлон бо матбуот сӯҳбат кунад.

Созмони Amnesty International аз нопадид шудани Салим Шамсиддинов ҳамчун яке аз фаъолони мухолифони сиёсии давлати кунунӣ изҳори нигаронӣ кардааст ва навиштааст, вай замоне бедарак шудааст, ки то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чанд моҳи дигар вақт мондааст.

Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба зудӣ ҳодисаи ғайб задани Шамсиддиновро тафтиш ва маҳали буду боши вайро дақиқ ва натиҷаҳои тафтишро эълон кунанд.

Amnesty International навиштааст, агар Шамсиддинов дар боздоштгоҳи давлатӣ бошад, ҳукумат онро бояд эълон ва аъзои хонаводаашро барои дидорбинӣ иҷоза диҳад, вай ба худ вакили мудофеъ бигирад ва дар сурати зарурӣ аз кӯмакҳои тиббӣ бархӯрдор шавад.

Дар интиҳои номаи худ Amnesty International гуфтааст, бояд мақомот ба фаъолони сиёсӣ ва ҷонибдорони онҳо имкон диҳанд, то онҳо маъракаҳои сиёсии худро барои омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бидуни тарсу ҳарос ва таҳқир ё шиканҷа ба таври сулҳомез баргузор кунанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG