Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Раиси ҷамъияти ӯзбакҳо ҳанӯз пайдо нашудаст


Салим Шамсиддинов. 7 маи соли 2012
Салим Шамсиддинов. 7 маи соли 2012

Аз нопадидшавии Салим Шамсиддинов 33 рӯз гузашт. Вазири умури дохила барои кофтукоби ӯ гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дод.

Садриддин Шамсиддинов, бародари раиси Ҷамъияти ӯзбакҳои вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов мегӯяд, ки аз нопадид шудани бародараш инак 33 рӯз мегузарад, аммо мақомоти амниятӣ ва корҳои дохилӣ ҳанӯз дараки ӯро наёфтаанд. Садриддин Шамсиддинов бародари раиси Ҷамъияти ӯзбакҳои Хатлон 17 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, азбаски кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон қазияи нопадидшавии ӯро "бо кундӣ" пеш мебаранд, ба номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов нома навишта аз ӯ хоҳиш кардааст, ки амалиёти ҷустуҷӯи Салим Шамсиддиновро тақвият бахшанд.

Садриддин Шамсиддинов мегӯяд, ки 13 апрел ҳамроҳи хонуми бародараш Бибиниссо ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафта буд, аммо онҳоро муовини вазир қабул карда, аризааашро ба қайд гирифтааст. Вай меафзояд, дар давоми беш аз як моҳи бедарак шудани бародараш, ҳеҷ натиҷаи ин ҷустуҷӯҳо дар даст нест, инчунин мақомот аз ироаи ҳар гуна фарзияи нопадидшавии ӯ худдорӣ мекунанд. Бародари Салим Шамсиддинов мегӯяд, эҳсосаш ин аст, ки "кормандони умури дохила ӯро бо ҷиддияти тамом ҷустуҷу надоранд".


Дар ҳамин ҳол Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари дарёфт шудани аризаи пайвандони Шамсиддиновро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳафтаи равон вазир пас аз ошно шудан бо аризаи хонум Бибиниссо Шамсиддинова Раёсати корҳои дохилии Хатлонро муваззаф кард, ки гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис шавад ва кофтукоби Салим Шамсиддинов тақвият дода шавад. Аз рӯи иттилои ӯ, ин гурӯҳ бояд ба таври мустақим ба вазир гузориш диҳад. Айни замон, вазорати хабар медиҳад, ки амалиёти ҷустҷӯи раиси ҷамъияти ӯзбакҳо натиҷае надодааст.

Салим Шамсиддинов, раиси Ҷамъияти ӯзбакҳои вилояти Хатлон рӯзи 15 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Бародараш Садириддин меафзояд, ки моҳи маи соли гузашта Салим Шамсиддинов аз тарафи як гурӯҳи ношинос дар назди бинои Шӯъбаи амнияти миллии Қӯрғонтеппа шадидан латту куб шуд, аммо бо вуҷуди он ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, то ҳол натиҷаи таҳқиқи ин ҳодиса маълум нест.

Бародараш мегӯяд, эҳтимоли ба ҳам иртибот доштани "ҳодисаи латту кӯби соли гузашта ба нопадид шудани Салим дар соли ҷорӣ ба ҳам иртибот доранд ва шояд ба хотири баъзе назарҳояш дар масоили сиёсӣ ва интиқодҳояш аз бархурди мақомот бо аққалиятҳои миллӣ ӯро дуздида дар куҷое гаравгон карда бошанд». Худи Салим Шамсиддинов баъд аз ин ҳодиса лату кӯбаш дар соли гузашта дар мусоҳибае бо хабарнигори радиои «Озодӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ин ҳодисаро фармоишӣ номида буд. Вай аз ҷумла чунин гуфта буд: “Инро одамони оддӣ намекунанд. Аз боло фармоиш додагианд. 25 метр дурдар аз даромадгоҳи КГБ кӣ ин корро мекунад? Онҳо алоқа доранд. Аз пушти мо гаштагианд”.

Садриддин бародари Салим Шамсиддинов умедвор аст, ки пас аз муроҷиати онҳо ба вазири корҳои дохилӣ амалиёти ҷустуҷӯи бародараш самара хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG