Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия як фаъоли зидди ҷанг дар Украинаро зиндонӣ карданд


Андрей Бояршинов, акс аз соли 2019
Андрей Бояршинов, акс аз соли 2019

Додгоҳи низомӣ дар шаҳри Самараи Русия як фаъоли зидди ҷанг дар Украинаро ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми Андрей Бояршинов аз Тотористон рӯзи 7-уми май содир шуд. Додгоҳ ин номзади илми биологияро ба дуруст шумурдани терроризм ва даъват ба терроризм гунаҳкор кард.

Парвандаи Андрей Бояршиновро бар асоси як навиштааш дар Интернет дар соли 2022 дуруст кардаанд. Вай он замон аз гирдиҳамоӣ ба зидди таҷовузи Русия ба хоки Украина дар шаҳри Қазон пуштибонӣ карда буд.

Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки Бояршинов баъди раҳоӣ аз зиндон ду сол аз ҳаққи идораи саҳифаҳояш дар Интернет маҳрум хоҳад буд.

Бояршинов ду сол пеш дастгир шуд. Созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" дар соли 2023 ӯро маҳбуси сиёсӣ эътироф кард.

XS
SM
MD
LG