Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Қурбониҳои қочоқ ба ҳимояи бештар ниёз доранд


Қурбонии қочоқи инсон ( Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2011)

Қурбонии қочоқи инсон ( Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2011)

Мардон, занон ва кӯдакони тоҷикистонӣ ба хотири кор ва фаҳшои иҷборӣ ба кишварҳои дигар қочоқ мешаванд.

Дар гузориши солонаи вазорати корҳои хориҷӣ ё худ департаменти давлатии ИМА, ки шоми чоршанбеи 19-уми июн аз тарафи котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ муаррифӣ шуд, омадааст, ки мардону занони тоҷикистониро ба ваҷҳи умум дар сохтмонҳо ва киштзорҳои Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб иҷборан кор мефармоянд. Муаллифони гузориш ҳамчунон таъкид кардаанд, ки корфармоии иҷбории тоҷикон дар Қазоқистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Департаменти давлатии ИМА таъкид кардааст, ки баъзан занони тоҷикистониро тавассути Русия ва Қирғизистон ба кишварҳои дигар қочоқ мекунанд. Ҳамчунон дар гузориши солонаар бораи қочоқи инсон таъкид шудааст, ки дар баъзе ҳолатҳо занони тоҷик дар муқобили қарз зӯран ба мардони афғон ба шавҳар дода мешаванд, ки дар ниҳоят бо фоҳишагии иҷбории ин занон ба анҷом мерасад.

Тирамоҳи соли 2012-ум ҳодисаҳои истифодаи кори иҷбории кӯдакону афроди калонсол дар пахтазорҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо як соли пеш бештар будааст. Соли 2012-ум 7 қурбонии тоҷикистонии қочоқи инсон дар Қирғизистон ифшо шудааст.

Дар гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА, ки бори 13-ум ба табъ расид, гуфта мешавад, иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои маҳдудтарини мубориза бо қочоқи инсон нестанд, вале мақомот дар ин самт талошҳои ҷиддӣ пиёда мекунанд. Муаллифони гузориш ба Тоҷикистон машварат додаанд, ки назорати манъи истифодаи кори кӯдакон дар пахтачиниро таҳким бахшида, муҷозоти масъулони қочоқи инсон ва кори иҷбориро пайгирӣ кунад.

Ҳамчунон Тоҷикистон ба ташхиси расмии қурбониҳои қочоқ ниёз дошта, бояд василаи гузоштани фарқ миёни қурбониҳои қочоқи ҷинсӣ ва фаҳшоро муқаррар намояд, то қурбониҳои қочоқ ҳамчун фоҳиша муҷозот нашаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи иҷбории ҷинсӣ ва кори иҷбории инсонро бар пояи бахши аввали моддаи 130-уми қонуни ҷиноӣ муҷозот мекунад, ки маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 5 то 15 солро мадди назар дорад. Моддаи 167-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон хариду фурӯши кӯдаконро манъ намуда, масъулони ин ҷиноятро ба муддати аз 5 то 12 сол аз озодӣ маҳрум мекунад.
Муаллифони гузориш хотирнишон мекунанд, ки соли 2012-ум дар Тоҷикистон се фарди масъул дар қочоқи инсон ва кори иҷборӣ муҷозот шуданд.

Дар гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА зикр шудааст, ки соли 2012-ум созмонҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ба 74 қурбонии қочоқи инсон хадамоти марбут бо ҳимояи онҳо тақдим намудаанд, ки аз ин байн 49 қурбонӣ мард буданду дар корҳои иҷборӣ истифода мешуданд.

Кӯмаки молӣ ба ин созмонҳо на аз тарафи ҳукумат, балки аз тарафи муассисаҳои дигар фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар пардохти хароҷоти ду паноҳгоҳи қурбонии қочоқ ва кори иҷборӣ дар шаҳри Душанбе ва як паноҳгоҳ дар шаҳри Хуҷанд саҳм доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG