Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои охир, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, Афғонистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам тӯъмаи ғуломдорон мешаванд.

СММ 25 мартро чун Рӯзи ёдбуди қурбониҳои ғуломӣ ва тиҷорати ғуломон дар қаламрави Аврупову Амрико таҷлил мекунад, вале имрӯз ҳам садҳо ҳазор нафар қурбони ғуломдорон мешаванд. Дар миёни қурбониҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам кам нестанд, ки дар бештари ҳолатҳо, дар муҳоҷирати корӣ ба ҳолати вобастагӣ аз кордиҳанда ва афроди ҷиноятпеша гирифтор мешаванд.


Қурбоналӣ, ки аз водии Рашт ба минтақаи Сибири Русия рафтааст, гуфт, бисёр ҷавонони бетаҷрибаву ноозмуда, бидуни донистани забони русӣ ва оддитарин малакаи муошират бо бегонаҳо тӯъмаи осони гурӯҳҳои ҷинояткор ва ё миёнаравҳои тамаъҷӯ мешаванд. Дар натиҷа, вақте бохабар мешаванд, ки ба ҳолати ғуломӣ афтодаанд, кор аз кор мегузарад.


Қурбоналӣ гуфт, рӯзҳои аввали ба Русия омаданаш тавассути миёнараве ба чунин ҳол гирифтор шуд ва се моҳ дар шароити баставу маҳдуд ба умеди даромаде кор кард. Вай мегӯяд, паспортҳои ӯву дигар ҳамкоронашро марди миёнараве аз дасташон гирифта онҳоро ба ихтиёри кордиҳандаи белорусӣ супурд. Танҳо баъди он ки илоҷе ёфта, ба падараш занг зад, тавассути ёру ошноҳо ӯву ҳамроҳонашро озод карданд. Қурбоналӣ гуфт, чунин ҳолатҳо, аз рӯи шуниди ӯ, хеле зиёд рӯй медиҳад.


Раҳимбек Наботов, раҳбари ҷомеаи мусалмонҳои минтақаи Сибири Русия мегӯяд, ҳар сол ду-се ҳодисаи пурмоҷарои аз ғуломӣ озод шудани гурӯҳи калони муҳоҷирони тоҷикро шоҳид мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳодисаҳои зиёд худи ҳамватанон дар муомилаҳои хариду фурӯши нирӯи корӣ даст доранд ва аз соддагиву бетаҷрибагии ҳамватанони корҷӯяшон сӯиистифода мекунанд. Раҳимбек Наботов дар бораи як чунин ҳодисаи соли 2008 нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, полиси Русия дар тайга ё бешаи анбӯҳи Сибир 39 нафар – 23 шаҳрванди Тоҷикистон ва 16 шаҳрванди Ӯзбакистонро ошкор кардаанд, ки 8 моҳ дар ҳолати ғуломӣ кор мекарданд. Онҳо дар як тарҳи бунёди лӯлаи газе 14 соат дар рӯз кор мекарданду ғизои кофӣ надоштанд.

Таҳқиқ муайян кардааст, ки миёнарави онҳо як марди тоҷике бо номи Азиз аз ноҳияи Ваҳдат будааст, ки бо ваъдаи фиристодани ҳаққи заҳмати ин коргарон ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон онҳоро ба дасти ширкати сохтмонӣ супурдааст. Наботов гуфт, баъди супурдани ин нирӯи корӣ ба кордиҳанда, вай ҳар моҳ ҳаққи заҳмати онҳоро азхуд мекард, вале тине ҳам ба хонаводаҳояшон ба Тоҷикистон ё Ӯзбакистон намефиристод. “Вақте баъди се ҳафта ӯ пайдо шуда омад, ман сари ҷаҳл ӯро хеле лату кӯб кардам”, гуфт Наботов. “Бо азобе ҳаққи заҳмати чормоҳаи ин коргаронро баргардонида тавонистем, ин бечораҳо озод шуданд, вале сарнавишти Азиз чӣ шуд, дигар намедонам”, гуфт ӯ.


Тоҷикистон дар миёни кишварҳое ном бурда мешавад, ки дарсади зиёди ҷамъияташ ба муҳоҷират меравад ва аз ин рӯ, хатари рӯбарӯ шудани ин мардум бо қочоқи инсон ва истифодаи баъдии онҳо дар корҳои маҷбурӣ ва ё танфурӯшӣ хеле баланд аст. Гузориши Вазорати хориҷаи ИМА оид ба вазъи қочоқи инсон дар соли 2012 мегӯяд, ки занҳои тоҷик бо шумори нисбатан бештар дар бозори фаҳшои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Русия ва бо шумори камтар дар Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва дохили Тоҷикистон истифода мешаванд. Вақтҳои охир шумори духтарҳову занҳое, ки дар Афғонистон ба танфурӯшӣ водор ва ё маҷбуран издивоҷ мешаванд, дар ҳоли афзудан аст, мегӯяд ин гузориш.

Роҷеъ ба ҳодисаҳои хариду фурӯши мардони тоҷик ин гузориш мегӯяд, ки дар бисёр ҳолатҳо онҳо ба ҳангоми кор дар саҳро ва сохтмони Русия ва дар мавридҳои камтар дар Қазоқистону Афғонистон ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд. Ҳодисаҳои дар бозори фаҳшои Тоҷикистону Афғонистон ва ҳам ба талбандагӣ водор кардани кӯдакони тоҷик низ ҷо доштааст. Гузориши Вазорати хориҷаи ИМА бо такя ба созмонҳои ҷамъиятӣ инчунин мавзӯи пахтачинии маҷбурии баъзе мактабиёну калонсолонро дар Тоҷикистон зикр кардааст.


Дастандаркорон мегӯянд, ки дар қаламрави шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалб кардани муттаҳамон ба ҷавобгарии ҷиноӣ аз рӯи моддаи одамфурӯшӣ кори осон нест. Тибқи арзёбиҳо, ин тиҷорати сиёҳ, ки аз сердаромадтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд, маъмулан дар ихтиёри афродест, ки дар сохторҳои қудратӣ ва болотар аз он пуштибон доранд. Дар чунин шароит аз ҳароси интиқомҷӯии гурӯҳҳои ҷиноятпеша бисёр қурбониҳо баъди озод шудан ҳам ба мақомоти қудратӣ шикоят намекунанд.


Муҳаққиқони гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид мекунанд, ки “ҳукумати Тоҷикистон ҳарчанд талаботи ҳадди аққали рафъи қочоқи инсонро пурра ба иҷро намерасонад, барои иҷрои ин муқаррарот ба таври қобили мулоҳиза талош ба харҷ додааст”. Ин гузориш ҳокист, ки соли 2011 тибқи моддаи 130.1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки то 15 соли зиндонро барои қочоқи инсон пешбинӣ мекунад, шаш нафар муҷозот шуданд. Айни замон, соли 2011 - 85 қурбонии қочоқбарон, аз ҷумла 57 марди муҳоҷири меҳнатӣ аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳам Созмони байналмилалии муҳоҷират баъди раҳоӣ аз ғуломӣ кӯмак дарёфт кардаанд. Ин гузориш мегӯяд, бо вуҷуди ин ки ҳукумати Тоҷикистон ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар ташкилот барои мусоидат ба қурбониёни қочоқбарони инсон кӯмаки молӣ ироа намекунад, мақомоти шаҳри Хуҷанд ва Душанбе соли 2011 ба онҳо бо ғизову либос ва паноҳгоҳи муваққат кӯмак кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG