Як пайвандонаш ба Азия-Плюс гуфтанд, дили Раҳимов пас аз як ҷарроҳӣ субҳи имрӯз аз тапидан монд. Ба иттилои ин манбаъ, Саъдулло Раҳимов солҳо ба ин сӯ аз бемории сутунмуҳра ранҷ мекашид ва қариб як ҳафта инҷониб дар Бемористони Шифобахш (маъруф ба Қарияи Боло) дар Душанбе бистарӣ буд.
Раҳимов корманди собиқадори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва доктори илмҳои фалсафа буд. Дар вазифаҳои раиси киностудияи “Тоҷикфилм” ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст.
Вале он чи ки ӯро ба тамошобини фаротар муаррифӣ намуд, ин барномаҳояш дар бораи таърих ва вижагиҳои синамои тоҷик мебошад. Барномаҳои телевизионӣ бо ширкат ва таҳлилҳои ӯ барои фароҳам кардани маълумоти фарогир оид ба филмҳои тоҷик ба тамошобинони кунҷу канори Тоҷикистон мусоидат кардааст.
Солҳои 2000-ум дар қатори дигар фарҳангиён дар ташкили ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” фаъолона иштирок кардааст.