Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қочоқи инсон дар Тоҷикистон - дар маркази таваҷҷӯҳи Интерпол


Генерал Роналд Нобл, дабири кулли Интерпол ва Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Генерал Роналд Нобл, дабири кулли Интерпол ва Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Дабири кулли полиси байналмилалӣ зимни боздид аз Тоҷикистон мубориза бо қочоқи инсон, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилро баррасӣ кард.

Сайти интернетии Eurasia Review дар бораи натиҷаҳои сафари дабири кулли полиси байналмилалии Интерпол ба Тоҷикистон гузориш додааст. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин сафар рӯзи 10 июн баргузор шудааст.


Сайти интернетии Eurasia Review дар бораи натиҷаҳои сафари дабири кулли полиси байналмилалии Интерпол ба Тоҷикистон гузориш додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, генерал Роберт Нобл дар Тоҷикистон бо вазири умури дохила Рамазон Рахимов ва раҳбари дафтари намояндагии Интерпол дар Тоҷикистон Ҷамшед Машрабов мулоқот карда, чолишҳои амниятии Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои Интерполро дар мубориза бо ин мушкилот баррасӣ кардааст.


Ба эҳтимоли ғолиб манзур аз ин мавзӯъ сафарбаршавии Интерпол ба амалиёти ҷустуҷӯи ду амакбачаи нопадидшуда Сабина ва Малика Араловаҳо будааст. Ин кӯдакони ноболиғ аз назди манзили худ дар Душанбе рӯзи 25 март нопадид шуданд ва то ҳол ҷустуҷӯи онҳо натиҷа надодааст. Бо кӯмаки ИМА, ба ҷустуҷӯи ин духтарҳо Бюрои Федеролии тафтишоти ин кишвар ҳамроҳ шудааст. Дар гузориши Eurasia Review таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар муқобили чолишҳои фаромарзии ҷиддие, ба мисли мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ҷиддитар аз ҳама – қочоқи мардону занон ва кӯдакон қарор дорад, ки ғолибан дар берун аз хоки Тоҷикистон ба кори маҷбурӣ ва танфурӯшӣ машғул мешаванд.

Тибқи иттилои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бо авҷгирии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ, мавридҳои қочоқ шудани инсон аз Тоҷикистон ҳам зиёд мешавад. Масири аслии қочоқи инсон ва баъдан ба ғуломӣ ё бозори фаҳшо фурӯхта шудани онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ кишварҳои мисли Русия, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

"Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳояш дар амри мубориза бо ҷиноятҳои муташакил, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пойбанд аст, - гуфтааст дар ин мулоқот вазири умури дохила Рамазон Раҳимов. – Тавсеаи ҳамкориҳо бо Интерпол, полиси байналмилалӣ дар мубориза бо ин ҷиноятҳо хеле муҳим аст”.


Яке дигар аз мавзӯъҳои мавриди баррсии ин мулоқот – муолмилот бо мошинҳои дуздидашуда ва қочоқи онҳо ба Тоҷикистон будааст.

Сафари Нобл ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи боздид аз давлатҳои узви созмони полиси байналмилалӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG