Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши даврии Тоҷикистон ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ


Дар сафи аввал: Зариф Ализода (чап), Рустам Менглиев (байн) ва Шерхон Салимзода (рост)

Дар сафи аввал: Зариф Ализода (чап), Рустам Менглиев (байн) ва Шерхон Салимзода (рост)

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориши давраии Тоҷикистонро баррасӣ кард ва пазируфт.

Созмонҳои Афви Байнулмилал (Amnesty International) ба ин муносибат як изҳороте нашр намуд ва дар он аз Тоҷикистон хост, барои дарвоқеъ хотима гузоштан ба шиканҷа дар боздоштгоҳҳо даст ба тадбирҳои амалӣ занад. Ин ниҳоди байнулмилалӣ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир мавзеъгирии Тоҷикистон бештар бо ваъда маҳдуд шуда, гунаҳкорони шиканҷа дар ин кишвар ҷазо намегиранд.

Ин дар ҳолест, ки вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар ин ҷаласаи Женева гуфт, кишвараш баъд аз баррасии дақиқи 131 тавсияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал 104 пешниҳодро пазируфта ва дар пайи иҷрои онҳост. Аз ҷумла Тоҷикистон тавсияи шомил шудан ба Аҳдномаи маҳв кардани ҳама навъи хушунати зидди занон, таҳрими иҷрои ҳукми қатл, ташдиди мубориза бо шиканҷаро пазируфт. Барои иҷрои ин пешниҳодҳо таҳри қонуни зидди хушунати хонаводагӣ омода шуд ва роҷеъ ба шиканҷа банди махсуси муҷозотӣ ба кодекси ҷиноӣ ворид гардид. Аммо ҳафт пешниҳоди Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал аз тарафи Тоҷикистон қабул нашуд, зеро, гуфтааст ҷаноби Менглиев, кишвар, барои татбиқи онҳо захираҳои муносиби молӣ ва фаннӣ надорад.

Дар баррасии ҷараёни иҷрои тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал аъзои ин ниҳод аз Тоҷикистон ситоиш карданд, ки аксари пешниҳодҳоро қабул дошта, дар ҳоле ки рӯйи коҳиши фақри аҳолӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тамаркуз кардааст, талош дорад, иҷрои онҳоро таъмин намояд.
Намояндагони шӯро зикр карданд, ки Тоҷикистон аз тавсияҳои марбут ба ҷазои дастҷамъонаи кӯдакон, барҳам додани меҳнати кӯдак, ҷорӣ намудани низоми адлияи махсуси наврасон ва таҳрими ҳукми қатл ҳимоят мекунад.

Бархе аз нотиқон гуфтаанд, боз ҳам аз маҳдудиятҳои рӯзафзуни марбут ба озодии виҷдон ва бовар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти мустақил дар Тоҷикистон нигарон боқӣ мондаанд.

Дар поёни ҷаласа Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориши давраии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро пазируфт. Дар баррасии он намояндагони Алҷазоир, Марокаш, Куба, Бунёди кӯдаки Созмони Милал, Кумиссюни ҳуқуқи башари Африқо, созмонҳои “Наҷоти кӯдак”, “Action Canada” ва Афви Байнулмилал (Amnesty International) ширкат карданд.

Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал, дар нишасти 12-уми худ дар шаҳри Женева моҳи октябри соли гузашта вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ кард ва ба масъалаҳое монанди вазъи озодии матбуот, риояти озодиҳои мазҳабӣ, мустақилияти додгоҳҳо, вазъи зиндонҳоро ба миён гузошт. Як созмони ғайридавлатӣ чанде пеш гуфт, ҳукумати Тоҷикистон 14 пешниҳоди СММ дар боби ҳуқуқи инсонро иҷро карда, дар шаш маврид ин пешниҳодҳо комилан иҷро нашудааст. Аз ҷумла, додани маълумот дар бораи ҷои дафни эъдомшудагон то қабули мораторияи ҳукми қатл, аз ихтиёри додгоҳҳои низомӣ гирифтани баррасии парвандаҳои ҷиноии афроди низомӣ ва ғайринизомӣ, қабули Қонуни хидмати алтернативӣ дар сафи артиш пешниҳод шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG