Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти гаравгонгирҳои соҳибкори душанбегӣ дар Хатлон


Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон аз боздошти аъзои гурӯҳи гаравгонгирҳои як соҳибкор хабар дод.

Ин гурӯҳи созмонёфта соҳибкор Хуршед Гадоеви 34-соларо ба гарав гирифта, бар ивази раҳоияш, аз пайвандони ӯ 700 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

Генерал Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар виояти Хатлон, гуфт, ахиран аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Хуршед Гадоевро, ки бо сафаре хизматӣ ба шаҳри Чкалови вилояти Суғд сафар карда буд, ғайриқонунӣ дастгир ва латукӯб намуда, дасту пояшро баста, ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон овардаанд.

Хуршед Гадоев расо се рӯз, аз шаби 28-уми июн то 30-юми июн, дар таҳхонаи бӯстонсарое дар шаҳри Сарбанд нигаҳдорӣ шуда, афроди қочоқчӣ, ба иддаои пулис, аз ӯ тақозо кардаанд, ки манзили зисташро дар шаҳри Душанбе фурӯхта, барояшон 700 ҳазор доллар бидиҳад.

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон

Генерал Анвар Тағоймуродов дар иртибот ба ин ҷинояти бесобиқа мегӯяд:
«Дар ин бӯстонсаро дар Сарбанд Гадоев Эраҷ, Дилшод ва як нафари дигар, ки ӯро ҷабрдида намешиносад, Хуршед Гадоевро таҳдиду латукӯб мекунанд, то ба хонааш занг зада, ҳуҷҷатҳои манзили зисташро ба онҳо диҳад. Баъди иҷро намудани ин талабот, Хуршед Гадоевро дар ҳамон бӯстонсаро ба сифати гаравгон нигоҳ медоранду барои гирифтани ҳуҷҷатҳо ба шаҳри Душанбе мераванд. Инҳо, албатта, шояд медонистаанд, ки Х. Гадоев ба соҳибкорӣ машғул асту шояд имкони пардохти 700 ҳазор долларро дорад ё хонаашро аз худ карданӣ будаанд. Медонед, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе хонаҳое ҳастанд, ки миллион сомонӣ ё доллар ҳам арзиш доранд».

Пулиси Хатлон мегӯяд, агар ҷинояти мазкур саривақт ошкор намешуд, пас аз иҷрои талаби муттаҳамон эҳтимоли ба қатл расидани нафари ҷабрдида низ дар миён буд. Дар робита ба ин ҳодиса тибқи банди марбут ба «одамрабоӣ»-и кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, милитсия Қиёмиддин Қосимови 38-сола ва як ҳамдасти дигари ӯро боздошт кардааст.

Аммо ҳоло мақомоти интизомии минтақа се узви дигари ин гурӯҳи муташаккилро мавриди пайгарди қонунӣ қарор додаанд. Хуршед Гадоев зери ҳимояти пулис қарор дошта, мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки то замони боздошти муттаҳамони дигари ин ҷиноят аз ироаи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ хоҳанд кард.

«Қочоқи инсон» ё «одамрабоӣ» ба сари худ дар вилояти Хатлон ҷинояти камсобиқа ба шумор намеравад. Гуфта мешавад, дар соли гузашта дастикам 7 нафар дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ба асорати қочоқбарони афғон афтода, бо фишори мақомоти ду кишвар озод гаштаанд.

Муҳаббат Азизова,раиси додгоҳи вилояти Хатлон

Муҳаббат Азизова,раиси додгоҳи вилояти Хатлон

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон солҳои охир чандин мавриди қочоқи инсон ба хотири истисмори ҷинсӣ дар хориҷи кишвар ва хариду фурӯш ё дуздии кӯдакон низ ба қайд гирифта шудааст.

Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, гуфт, ахиран як зане аз ноҳияи Фархор низ бо иттиҳоми “одамрабоӣ” ба муҷозот кашида шуд:

“Зане дар ин ноҳия ҷияни шавҳарашро, ки дар хонаи муштаракашон тарбия меёфтааст, гирифта ба Узбакистон рафтааст. Мақсадаш ин будааст, ки ин кӯдакро ҳамчун фарзанди худаш ба воя расонад. Аммо ин ҷиноят аст ва пас аз бозгашти ин зан мақомоти тафтишотӣ ӯро бо айби “одамрабоӣ” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд...”

Хонум Азизова афзуд, "аммо дар низоми додгоҳии вилояти Хатлон парвандае марбут ба “одамрабоӣ”-и инсони болиғ ё одамони сарватманде, ки бо ҳадафи шантаж ё дарёфти маблағи калон аз сӯйи пайвандонашон дуздида мешаванд, мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG