Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар феҳрасти афроди муттаҳам ба ҷиноят, ки Тоҷикистон дар боздошти онҳо аз “Интерпол” - полиси байналмилалӣ кӯмак хостааст, тақрибан 10 дарсад шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд.

Ба ин феҳраст ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои африқоӣ, мамолики Араб ва Филиппин низ шомил шудаанд. “Интерпол” дар маҷмӯъ дар торнамои худ шарҳи ҳоли 150 нафарро нашр кардааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон аз 190 кишвари узви созмон хостааанд, дар боздошти онҳо мусоидат кунанд.

Аз шумори 150 нафар муттаҳам ба ҷиноятҳои гуногун, агарчи аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, вале 26 нафари онҳо тобеияти кишвари ҳамсояро доштаанд. Шаш нафар аз ин шаҳрвандони Узбакистон ба тарҳрезӣ ва ё анҷоми таркиш дар қаламрави Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Баъзе дигар аз шаҳрвандони Узбакистон ба таъсиси гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва ё таҳдид ба ҷони инсон муттаҳам шудаанд. Онгуна, ки аз шарҳи ҳоли баъзе аз ин афроди муттаҳам ба ҷиноятҳо дар Тоҷикистон бармеояд, баъзе аз онҳо зодагони худи кишвар буда ва сипас тобеияти Узбакистонро пазируфтаанд.

Ба эҳтимоли ғолиб теъдоде аз онҳо афроде ҳастанд, ки дар ошӯбҳои ноком ба раҳбарии генерали саркаш Маҳмуд Худойбердиев даст доштанд, ки ду дафъа ошӯб бардошт ва охирин бор соли 1998 аз аз қаламрави Узбакистон ба вилояти Суғд ҳамла кард, вале шикаст хӯрд.

Бақия шаҳрвандони Узбакистон, ки Тоҷикистон барои боздошти онҳо аз Интерпол кӯмак хостааст, ба ҷиноятҳои оддӣ ба мисли дуздиву авбошӣ, тақаллуб ва ё қочоқи маводи мухаддир муттаҳам шудаанд. Агарчи дар Узбакистон дар гузашта теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо гуноҳи ҷосусӣ ва иттиҳомоти дигар дар Узбакистон зиндонӣ шудаанд, вале омори дақиқе дар ин бора вуҷуд надорад.
Танҳо ҳамин маълум аст, ки соли гузашта 16 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Узбакистон боздошт шудаанд.

Дар маҷмӯъ ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, соли гузашта маъмурони интизомӣ 1 294 нафарро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд муайян ва дастгир карданд. Маълум нест, ки чанд нафари онҳо бо мусоидати Интерпол боздошт шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG