Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷумҳурии Қирғизистон Наврӯз ҳамчун иди миллӣ дар тамоми манотиқи ин кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Аркони асосие, ки мардуми қирғиз зимни таҷлили иди Наврӯз риоя мекунанд, бо таъомҳои миллӣ оростани дастурхони наврӯзӣ, аёдати хешовандон ва беморон, роҳандозии бозиҳо ва мусобиқаҳои идона дар миёни ҷавонон ва амсоли он мебошад.

Азиза Файзуллоева, коршиноси масоъили фарҳангӣ, мегуяд, қирғизҳо ҳамасола наврӯзро бо пӯхтани суманак пешвоз мегиранд ва онро ба ҳамсояҳо ва наздикони худ тақсим мекунанд. Вай афзуд, ки ҷавонони зиёд ба талу теппаҳо мебароянд ва гулҳои наврӯзӣ чида ба калонсолон тӯҳфа мекунанд ва онҳоро бо фарорасии баҳору наврӯз табрик мегӯянд.

Хонум Азиза Файзуллоева гуфт, дастурхони наврӯзии қирғизҳоро суманак, бӯғирсоқ, қадмол, чаппотӣ, шириниҳо, чормағзу зардолу, бешбармоқ, палов ва анвоъи дигари хӯрданӣ оро медиҳанд. Ба гуфтаи ин коршиноси фарҳангӣ, дар рустоҳои кишвараш наварӯсон дугонаҳои худро ба хона мехонанд ва баъди тановули суманак ва анвоъи дигар ба рақсу таронахонӣ мепардозанд.

Қалқимбой Ҳошимбоев, арбоби шоистаи фарҳанги Қирғизистон, гуфт, мувофиқи таомули суннатӣ қирғизҳо наврӯзро оғози соли нав, таҷдиди равонӣ ва мавсими бедории табиат медонанд, ки касро дубора нерӯ мебахшад ва ба ҳаёт раҳнамун месозад. Вай афзуд, фарорасии иди Наврӯз дасти саховати мардуми қирғизро мекушояд ва ҳар гуна кинаву адоватро барҳам мезанад.

Қалқимбой Ҳошимбоев гуфт, одамони синнашон бузург дуои бо номи алас-алас-ро мехонанд, ки зимни он аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки кишвари моро аз чашмгуруснагон, носипосон, ватанфурӯшон, фиребгарон ва қонуншиканон халос кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта мардуми қирғиз ба хотири халосӣ аз деву аҷинаҳо ва нерӯҳои зишт них дуои алас-алас мехонданд ва аз Худованд рӯзҳои нек, ҳосили баланди киштаҳои худ ва бахту саодатро таманно мекарданд.

Ҳамасола дар шаҳри Бишкек ва дар шаҳру рустоҳои соири вилоятҳои Қирғизистон Наврӯзро таҷлил мекунанд ва базмҳои наврӯзӣ созмон медиҳанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG