Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳабо ба ҷашни Наврӯз!


Вижабарномаи наврӯзии Бахши тоҷикии радиои Озодӣ шоми имрӯз аз соати 19:00 то соати 10:00-и шаб идома хоҳад кард.

Пас аз сардиҳои дардовар ва сахтиҳои зимистони бесобиқа Наврӯз ба маротиб ширинтар хоҳад омад ва аз ҳоло ба назар мерасад, мардуми Тоҷикистон Наврӯзи навбаҳоронро бо хурсандии махсус пешвоз хоҳанд гирифт.

Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ низ ба муносибати Наврӯз омодагиҳои вижа дорад. Хабарнигорони мо дар Душанбе, манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон гузоришҳои наврӯзӣ таҳия мекунанд. Паёми афроди саршинос чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар бо амвоҷи гарми баҳорӣ ба суи ҳар яки шумо парвоз хоҳад кард.

ШОМИ ҶУМЪА, 21 МАРТ ВА СУБҲИ ШАНБЕ, 22 МАРТ -- ВИЖАБАРНОМАИ НАВРӮЗИИ РАДИОИ ОЗОДӢ БО ИМТИДОДИ СЕ СОАТ СӮҲБАТИ ЗИНДА ВА ИШТИРОКИ САРШИНОСТАРИН ШОИРОНУ БЕҲТАРИН ОВОЗХОНОНИ ТОҶИКИСТОН. ОНҲОЕ КИ МЕХОҲАНД, ДАР РАФТИ БАРНОМА ПАЁМИ ТАБРИКӢ Ё СУОЛИ ХУДРО ПЕШКАШ КУНАНД, МЕТАВОНАНД БО МО ДАР ТАМОС ШАВАНД.

ШУМОРАИ ТЕЛЕФОНҲОИ МО:
  • ДАР СТУДИЯИ ДУШАНБЕ - 2 24 61 91 (008 992 372 24 61 91)
  • ДАР СТУДИЯИ ПРАГ - 221 123 951 (008 (10) 4202 2112 3951)

ИНТИЗОРИ ЗАНГ ВА САДОИ ШУМО ХОҲЕМ БУД. НАВРӮЗ БА ШУМО МУБОРАК!

Арзишҳои иди куҳан ва ҳамешаҷавони Наврӯз, вижагиҳои он дар шаҳру рустои мухталиф, бозёфти гумгаштаҳои наврӯзӣ, нақши ҷашни баҳор ва таърих дар худшиносии миллӣ ва фарҳангу ахлоқи мардум, таносуби он бо сиёсат, дину мазҳаб, ҳунар ва адабиёт аз мавзӯъҳои гуфтори мо дар барномаи сесоатаи наврӯзӣ хоҳад буд.

Муҳимтарин рӯйдод ва падидаҳо аз Наврӯз то Наврӯз дар сиёсат, иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳанг ва муҳити зист мавриди баррасӣ ва ҷамъбандӣ қарор хоҳанд ёфт.

Агар Шумо низ пешниҳоде барои ин барнома доред, лутфан дар миён гузоред. Агар на, метавонед, беҳтарин паёми табрикии худро аз тариқи радиои Озодӣ ба ёру дӯст ва хешу наздикони худ бифристед. Ва ҳам беҳтарин орзуҳои наврӯзиро.
XS
SM
MD
LG