Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯз дар Уструшана


Истаравшан Ҷашни Наврӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Истаравшан бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардид, беш аз 120 нафар ҷавонони боистеъдоду ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои кишварро ба ҳам овард.

Нахуст онҳо дар майдони варзишии шаҳри Истаравшан шоҳиди консерти ҳунармандони ҷавон ва гӯштии миллӣ шуданд, ки ба тамошои он беш аз 40.000 бинанда омада буд.

Ҷавонон ҳамчунони шоҳиди интихоби Маликаи Наврӯз шуданд, ки дар ин озмун Муқаддамхон Каримова, як бонуи зебои хуҷандӣ ғолиб омад. Ӯ дар воқеъ дар пироҳани атлас бисёр зебост. Маликаи Наврӯз бо барномаи Ояндасоз сӯҳбат кард ва гуфт:

«Ман хеле хурсандам. Бовар доштам, ки ғолиб меоям, зеро хуб тайёрӣ дидам. Ман ба шаҳри Урумчии Чин роҳхати сафар гирифтам, ки ҳамроҳи модарам ба сафар мебароям. »

Ҷавонон дар доираи ҷашни Наврӯз ҳамчунин аз намоишгоҳҳои косибони шаҳри Истаравшан, ки таърихи беш аз 6 ҳазорсола дорад, дидан карданд. Ин шаҳр дорои 300 маҳалли ҳунармандон аст, ки дар воқеъ офаридаҳои онҳоро метавон беназир номид.

«Маҳсули дасти ҳунармандон ба ман писанд омад, ба хусус кандакорӣ. Ман бори аввал ба Истаравшан омадам ва оид ба ин як шаҳри кӯҳансол маълумоти бештар пайдо кардам.»

Истаравшан бо ёдгориҳои таърихиаш то андозае ба Бухорову Самарқанд шабоҳат дошта, ҳудуди 160 ёдгориҳои таърихӣ дорад ва ҷавонон аз Қалъаи Муғ, масҷиди Сари мазор, Ҳазрати Шоҳ, ёдгории меъмории асри 15 бо номи мадрасаи Абдулатиф Султон ва осорхонаи таърихӣ, ки дорои 5.000 нигора аст, дидан карданд.

«Қаблан аз таърихи ин шаҳр ман огоҳ будам, аммо мегӯянд шунидан кай бувад монанди дидан»

"Мо ба масҷиди Сари Мазор рафтем ва дар он ҷо чанорҳои 600 - 800 соларо дидем. Ба назари ман чунин чорабиниҳо дӯстиро миёни ҷавонон густариш медиҳад. "

Ҷашни Наврӯзи ҷавонони Тоҷикистон танҳо як рӯз, 24 марти соли равон идома кард ва тибқи барнома ширкатдорон бояд 25 март ба манзилҳои худ бармегаштанд. Аммо бо иллати фаромадани тарма дар ағбаи Шаҳристон ва баста шудани роҳи мошингард, корвони ҷавонон ба вилояти Суғд баргашт.
XS
SM
MD
LG