Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмҳои наврӯзӣ аз сартосари ҷаҳон


Гулрухсор: "Наврӯз модари ҳамаи фаслҳои сол аст..."

Зебоӣ ва бузургии Наврӯз танҳо суманакпазӣ, дастархонороӣ ва рақсу бозӣ нест, балки чизе амиқтару густардатар аз инҳост. Шояд як сабаби зинда мондани Наврӯз дар тули таърихи сахту хунин ин аст, ки ҳанӯз мо ба умқи ин ҷашн нарасидаем ва ҳамаи фалсафаи онро дарк накардаем. Биноан, ҳар сол онро интизор мешавем, онро меҷӯем ва ногуфтаҳое мемонанд, ки мегӯем, соли дигар дар пайи онҳо хоҳем шуд."

Давоми ин суханон ва дубайтиҳои наврӯзӣ

Устод Мӯъмин Қаноъат: "Наврӯз як иди кайҳонист..."

"Ҳатто вақте ки исломи мубин омад, баъзе ҷанбаъҳои Наврӯз ба онҳо хушоянд набуд ва хостанд, онро манъ кунанд, аммо нашуд, пас қабулаш карданд. Ҳоло аз шаҳри Шом то ними ҷаҳон Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин идест, ки касе тавон надорад, онро аз байн барад, зеро идест, ки пайванд бо кайҳон дорад..."

Идомаи сӯҳбат бо Мӯъмин Қаноат


Фарзона: Эӣ ишқ, баро аз вақт, тақвимдаронӣ кун...

"Ман орзу мекунам, ки дар садафи дили шумо орзуҳои гавҳарӣ тулӯъ кунанд ва на танҳо Наврӯзро, балки имрӯзу фардоро ба худ муборак гӯед!"

Идомаи паёми Фарзона ва як порча аз сурудаҳои тозааш.

Музаффар Бурҳонов: "Магар метавон Наврӯзро фаромӯш кард?"

Шумо, ки солиёни зиёд дар Аврупо ба сар мебаред, Наврӯз аз ёдамон нарафтааст?

Овони тифлиям падарам маро бо ин ид ошно карда буд ва мо онро таҷлил мекардем ва иди хуше буд. Ҳоло ман ва аҳли хонаводаам дар Аврупо ба сар мебарем ва мо соле чаҳор-панҷ соли навро таҷлил мекунем. Ва мо дар ҳамаи ин идҳо шодмонӣ мекунем ва аммо ба ҳар ҳол барои аҳли хонаводаи мо идҳои айёми тифлӣ азизтару аҷибтаранд. Аз нигоҳи ман, маънии ин ҷашн он аст, ки инсон ба фарорасии Наврӯз навгониҳо ва шодиҳои навро интизор мешавад. Ва вақте ки ман бо ҳамкорони тоҷикам, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ҳамсӯҳбат мешавам, мебинам онҳо ҳар сол умедворанд, ки шодмонии наве ё гардиши аҷибе дар рӯзгорашон рух медиҳад. Ва ман мехоҳам ба ҳамдиёронам таманно кунам, ки дар соли нав бахти бештар, муҳаббати бештар, умедвориҳои бештар ба фардои рушан насибашон гардад, зеро, медонам, ки мардуми мо побанди мушкилиҳои зиёдест ва онҳо дар шароити сангин ба сар мебаранд ва аммо ин гуна идҳо ба дили онҳо умед мебахшад, ва аз ин рӯ кадом соли наве, ки набошад, Наврӯз барои мо аз ҳама муҳимтар аст ва ба ҳамдиёронам амалӣ гаштани орзуҳояшонро таманно мекунам.

Идро дар Олмон чӣ гуна таҷлил хоҳед кард?

Дар ин ҷо ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон фаъолият дорад, ки моро ба ҷашн даъват мекунад, мо ин рӯз бо ҳам мулоқот мекунем, шодмонӣ мекунем, мерақсем. Ва сафири Тоҷикистон низ моро даъват мекунад сари хони наврӯзӣ ва ӯ ва кормандони сафорат бо мо муносибати хело ҳалимона доранд. Ва умуман ин ид барои мо ҳамонгуна боқӣ мемонад, ки дар Тоҷикистон таҷлил мекардем.

Темур Зулфиқоров: "Ман мурчаҳаки дараи Варзобам..."

Наврӯз аз нигоҳи Шумо чи гуна идест?

Ин - лолаҳо дар кӯҳдоман, кудакони гулҳо дар бағал ва чукриҳои сари роҳ аст. Ин айёмест, ки табиат аз хоби ноз бармехезад. Вале медонед, ман бештар зимистонро хуш дорам, ин зимистон ман дар Тоҷикистон будам ва дунёи яхини зимистон, олами ғароиби шушаҳои яхбаста дар кӯҳистон худ мегӯянд, ки зимистон айёми зебои сол аст. Ва аммо баҳор фаслест, ки онро дӯст доштани мардум табиист.

Ёд дорам, чанде пеш гуфта будед, ки, ба вижа, баҳори Варзобро дӯст медоред?

Ман худро мурчаҳакаи дараи Варзоб меномам. Ва соли гузашта мо ҳамроҳи дӯстонам ба як деҳаи Харангон рафтем, одамони зиёде, омӯзгорону деҳқонони маҳал ба истиқболи мо шитофтанд ва он чӣ ки маро моту маҳбут кард он буд, ки онҳо навиштаҳои маро хондаанд ва мегуфтанд, ки он чӣ ки шумо бо русӣ эҷод мекунед, ин маънои онро дорад, ки фарҳанги бузурги мо ба фарҳанги дигар, ба забони дигар муҳоҷират кардааст ва ҳифз шудааст, дар акси ҳол комунистҳо онро аз байн мебурданд. Агар ман бо тоҷикӣ асар эҷод мекардам, шояд аслан нашр намешуданд, зеро онҳо ҷанбаи мазҳабӣ ва ҷанбаи суфиёна доранд. Забони русӣ ин адабиёт ва метавонам бигӯям, ин фарҳангро тавонист, ки бипазирад.

Чӣ таманнои наврӯзӣ доред?

Ман аллакай гуфтам, ки алоқамандони асарҳои ман хело зиёданд ва хушбахтам, ки бори аввал китоби ман бо забони тоҷикӣ нашр мешавад ва шояд аллакай нашр ҳам шуда бошад. Ман дар ин рӯз ба мардум мехоҳам муҳаббат ба ҳамдигарро таманно кунам, мехоҳам онҳо дарк намоянд, ки Оллоҳ мо тоҷиконро дар олам ҳамагӣ ҳафт ё шояд даҳ миллион офаридааст. Бояд маҳбуби ҳамдигар бошем, албатта на барои зиён ба миллатҳои дигар, ба ҳамдигар кумак кунем. Ёд дорам, айёми кудакиям дар деҳа, авваалин коса бо оши палавро сари девори ҳамсоя мегузоштанд. Ва он чӣ маро тасхир мекард он буд, ки дар ҳама гуна шамоли сард ин оши сари девор ҳеҷ гоҳ сард намешуд. Ва аз ин рӯ, он чӣ ту ба касе медиҳӣ, ин абадист ва сард намешавад. Боз мехостам таманно кунам, ки доротарин марди Тоҷикистон аз қасри мармарии худ берун равад ва меҳмони ҳавлии фақиртарин шавад, бо аҳли ин манзил чой бинӯшад, ошро нӯши ҷон кунад, ба онҳо кумак кунад ё аққалан ҳамроҳ ба ёд биёваранд, ки онҳо бародаронанд, бо як забон ҳарф мезананд. Ман замоне навишта будам, агар Оллоҳ табиати биҳиштиеро, боғи биҳиштиеро барои тоҷикон арзонӣ доштааст, бояд ба мардум зиндагии биҳиштиро низ ато кунад, зеро набояд дар биҳишт ҳамчун дар дузах зист.


Гулназар Келдӣ: "Наврӯз иди хиёбонҳо, дашту даманҳост..."

Пас аз афсурдагии зимистон, аз кулбаҳо ба берун мерезем, чун Наврӯз моро ба ҳавои пурнакҳат фаро мехонад. Мардум баъд аз хилватнишиниҳои зимистона ба берун мебароянд ва вақте атрофи худро мебинанд, дили онҳо низ аз қафаси андешаҳои тангу тира берун меояд. Ин иди сабзиш ва шукуфоист. Иди тозагию покизагӣ ва парвози ишқ. Ин иди Шеър аст...

Идомаи сӯҳбат бо Гулназар ва як шеъри нави наврӯзии ӯ

Шоиста Муллоҷонова, Нию Йорк, Иёлоти Муттаҳида Амрико: "Наврӯзро бо номи Тоҷикистон дӯст медорем..."

"Орзуи наврӯзии ман ҳамин ки, илоҳо, иди Наврӯз нағз гузарад, ба ҳама хушию хурсандӣ орад. Боз як орзуи дигари наврӯзӣ дорам, ки худо насиб гардонда бошад, як бори дигар ба Тоҷикистон равам, дар кӯчаҳои сабзи Душанбеи азиз қадам занам, аз ёру дӯстони қадимӣ аҳвол гирам. Намедонам, худо маро ба чунин рӯз мерасонда бошад. Ман мардуми Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам, мардуми ҳунарманд ва накӯкор ва меҳрубон. Мо дар дили Амрико наврӯзро бо ёду ёдбудҳои Тоҷикистони азиз ҷашн мегирем..."

Паём ва таронаи наврӯзии Шоиста Муллоҷонова
XS
SM
MD
LG