Пайвандҳои дастрасӣ

«Сеҳри Наврӯз» дар Алмаато


Маросими муааррифии китоб дар Китобхонаи миллии Қазоқистон бо ширкати Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури пешини Ирон ва доктор Абдуллои Абдулло - вазири хориҷаи пешини Афғонистон ва ҷамъи донишмандони Қазоқистон доир гардид. Муҳаммад Хотамӣ дар ин маросим дар бораи равобити фарҳангии кишварҳои минтақа ва Ирон ҳарф зада афзуд, ки чопи ин китоб бо кӯшиши Сафар Абдулло низ ҷузве аз он корҳоест дар тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва шинохти ҳамдигарӣ.

Китоб низ бо паёми ин сиёсатмадори маъруфи Ирон оғоз гардидааст. Дар бораи ангезаҳои чопи китоб Сафар Абдулло, ки баробари мураттаб кардани китоб муҳаррири масъули он ҳам худи ӯст, чунин гуфт:

«Сеҳри Наврӯз» китобест, ки ман тӯли ду сол рӯи он кор кардам. Бояд зикр кард, ки дар чанд соли ахир дар кишварҳои мухталиф, ба вижа кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ё кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, дурӯғҳои фаровоне гуфта шуд, ки Наврӯз аз як сӯ моли исломист ва аз сӯи дигар дурӯғи бисёр ин ки он гӯё тақвими ғайрииронист ва он гӯё моли дигаре буда дар ин ҳуввиятҷӯиҳо. Ҳадафи ман он буд, ки бо такя ба манобеи таърихӣ, ба осори Абурайҳони Берунӣ, Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва беҳтарин мақолоте, ки ба забони русӣ навиштаанд ва ҳудуди 7-8 мақолаи бузургтарин уламои Ирон, аз ҷумла устод Алиакбари Деҳхудо, доктор Алии Шариатӣ ва дигарон ва мақолаи бисёр хуби устод Шариф Шукуров бо номи «Наврӯз» ва бо гирдоварии мақолоти дигар ин корро анҷом дода ба онҳо ҷавоб гӯям.»

«Сеҳри Наврӯз» дар чопхонаи «Атамура»-и Қазоқистон бо теъдоди 1000 адад бо ороиш ва аксҳои басо ҷолиби наврӯзӣ ба нашр расидааст ва тавре ширкатдорони ин маҳфил гуфтанд, он воқеан ҳадяи хубест ба хонандагон.

Лозим ба ёдоварист, ки донишманди шинохта Сафар Абдулло қаблан низ китобҳои зиёде дар ин ҷо ба нашр расонидааст. Китоби « Марсияи хуршед» ё сӯгномаи устод Лоиқ ва асари «Нури сухан» ба забони тоҷикӣ ва китоби «Магические мости» ба забони русӣ аз ҷумлаи он асарҳо ва натиҷаи заҳмати тӯлонии донишманд аст. Ҳамчунин ӯ куллиёти ҳаштҷилдаи адиби маъруфи қазоқ Олҷас Сулаймоновро ба забони русӣ омодаи чоп карда ба он пешгуфтор навиштааст, ки он аз ҷониби ҳавододони каломи бадеи Қазоқистон хуш пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG