Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯз дар Ҷазира


Ҷашни Наврӯз дар шаҳраки донишҷӯён бо баробари ворид шудани маликаи Наврӯз бо аспу фойтуни сафеди пургул оғоз шуд. Ва ман дар ҷашни Наврӯзи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ҳазорҳо ҷавонони зебою хушлибосро дидам, ки бо рақси ҷаззоб ва шеъру сурудҳояшон фазои шаҳраки донишҷӯён ё Ҷазираро идонатар мекарданд.

Табрикоти донишҷӯён:

«Омадани иди баҳор, Нарӯзи оламафрӯзро ба ҳар яки шумо шодбош мегӯем. Бигзор ин Наврӯз ба хонадони шумо толеъи баланду иқболи нек, сарсабзи ва хушбахтиҳо биоварад.»

Дар Донишгоҳи миллӣ 14 факулта амал мекунад, ки аз рӯйи 53 ихтисос ҳудуди 17 000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Донишҷӯёни ҳар як факулта ба базмгоҳ бо дастархони идона ва асбобу анҷоми мардумӣ омада буданд.

«Ба назари ман хеле хуб гузашт. Дастархон оростем, ҳафт сину ҳафт шин гузоштем.»


Гурӯҳи дигари донишҷӯён як барномаи консертиеро дар васфи баҳору Наврӯз ва Тоҷикистон таҳия ва пешкаш намуданд.

«Суманак дар ҷӯ мо кафча занем
Дигарон дар хоб мо дафча занем.»


Барои паҳлавонон бозиҳои варзишии дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва гуштии суннатӣ баргузор гардид. Барои иштирок дар базми наврӯзии донишгоҳ ҷавонон аз кишварҳои Чин, Эрон ва Амрико омада буданд. Ёқуб, як ҷавони амрикоӣ, донишҷуйи яке аз донишгоҳҳои Вашингтон мегӯяд:

«Ман суманакро дӯст доштам. Боз ҷолиб аст, ки ҳама либосҳои миллӣ мепӯшанд. Ман мехоҳам дар рӯзи Наврӯз ба бузкашӣ равем.»


Ҳамин тавр, шуруъ аз имрӯз дар макотиби оливу миёнаи кишвар базмҳои идонаи Наврӯзӣ оғоз гардиданд. Тибқи иттилоъи кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 24 март дар шаҳри Истаравшан Наврӯзи ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор хоҳад шуд. Ба ин базм беш аз 120 нафар ҷавонони ҳунарманд, варзишгарон, олимони ҷавон ва намояндагони васоити ахбори умум даъват шудаанд. Барномаи ҷашни Наврӯз аз 3 бахш- суруду таронаҳои фалаку шашмақом бо рақсҳои миллӣ, озмуни Маликаи Наврӯз ва муаррифии ҳунари қадимаи мардуми Истаравшан иборат аст.

Бахтиёр Ҳамдамов, ноибраиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, намоиши маҳсулоти ҳунармандон ба тариқи озмоишӣ ба хотири дар оянда гузаронидани чунин чорабиниҳо барои сайёҳони хориҷӣ доир мегардад. Бахтиёр Ҳамдамов:

«Бо назардошти он, ки шаҳри қадима аст ва кӯчаҳои ҳунармандӣ дорад, се хатсайре ташкил кардем, ки ҷавонон ба сифати меҳмон аз ин маҳаллаҳо дидан кунанд.»

Дар Тоҷикистон аз 21 то 25 март рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд ва дар баробари ҷашнҳои расмии Наврӯзӣ, ҷавонони аксари маҳаллаву деҳоти кишвар дар ин рӯзҳо базмҳои идонаро созмон хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG