Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, номи туро ФСБ навишт." Ихроҷ аз Русия барои ришу мавъиза


Барои риши дароз муҳоҷиронро аз Русия меронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Мавридҳои аз Русия рондани муҳоҷирон барои дидани мавъизаи рӯҳониён ё пайравӣ аз ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ афзудааст. Муҳоҷирон мегӯянд, маъмурони амниятӣ бештар телефони коргаронро аз Осиёи Марказӣ тафтиш карда, дар он навори рӯҳониёнро меҷӯянд. Ҳамчунин мепурсанд, ки пайрави кадом мазҳаб ҳастанд.

Дар натиҷаи чунин санҷишҳо баъзе аз муҳоҷиронро ба ифротгароии динӣ ва пайравӣ аз созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Русия муттаҳам карда, аз ин кишвар рондаанд. Тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ чанде аз ин мавридҳоро ҷамъ овард.

Мавъизаи Мақсад Ҳоҷӣ ва "Ҳамла ба масҷид"

Қамбар, муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон солҳои дароз дар Русия кору зиндагӣ кардааст. Аммо ҳангоми сафари охираш ба Маскав ногаҳон нопадид шуд. Ӯро дар фурудгоҳ дастгир карда, ба бозпурсӣ бурданд ва зуд ба зодгоҳаш ихроҷ карданд.

"Онҳо телефонамро гирифтанд. Фикр кардам, ба мисли дафъаҳои пешина мешавад. Яъне, телефонро тафтиш ва маро раҳо мекунанд. Мавъизаи рӯҳониён Мақсад Ҳоҷӣ ва Чубак Ҳоҷиро дар Ютуб гӯш мекардам. Онҳо наворро дида, гуфтанд, “Ҷамоати Таблиғ” дар Русия созмони ифротгарост,” – нақл кард ин сокини Қирғизистон.

Воқеаи монанд ба Нуразим, муҳоҷири дигари корӣ аз Қирғизистон, рӯй додааст. Ӯро 49 сол аз ҳаққи даромадан ба хоки Русия маҳрум карданд.

Ин шаҳрванди Қирғизистон мегӯяд, ҳангоме ба Маскав расид, маъмурони амниятӣ гуфтаанд, нисбат ба ӯ таҳқиқи иловагӣ сурат хоҳад гирифт. Ба нақли Нуразим, дар фурудгоҳ асосан мардони ришдорро нигоҳ дошта, аз онҳо мепурсиданд, ки оё намоз мехонанд ё не.

"Онҳо як қуттӣ оварда, гуфтанд, ки телефонҳои худро боз кунед ва дар инҷо гузоред. Мо тибқи гуфтаашон амал кардем. Пас аз онки телефонро фаъол кардам, онҳо ба Wi-Fi пайваст намуда, ба Ютуб даромаданд. Дар онҷо видеои "Ҳамлаи ОМОН ба масҷид"-ро дида, гуфтанд, ки ту чунин наворҳоро мебинӣ ва аз онҳо ёд мегирӣ," – афзуд ӯ.

“Дар баъзе аз масъалаҳо суханони одилона мегӯянд”

Муҳоҷирони боздоштшуда мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ дар Русия ҳатто мепурсанд, ки онҳо аз кадом мазҳабу равия пайравӣ мекунанд ва ё мусулмонҳо чанд ид доранд. Аз баъзе муҳоҷирон пурсидаанд, ки чаро ба ҷанг дар Ховари Миёна нарафтанд.

Яке аз муҳоҷорони корӣ аз Қирғизистон иқрор шуд, ки мавъизаи рӯҳониёни “мамнуъ”-ро дар Русия дидаву шунидааст: “Маъмури амниятӣ дар телефонам ду-се навор пайдо кард. Ман видеои рӯҳониёнеро, ки дар Русия мамнуъ буданд, тамошо кардам. Медонистам, ки ин кори нодуруст аст, аммо онҳо дар баъзе аз масъалаҳо суханони одилона мегӯянд. Дар асл бо ҳеч яке аз равияҳо коре надорам.”

Нерӯҳои Русия дар моҳи феврали имсол муҳоҷири тоҷик Муҳаммаднабӣ Ҷалиловро барои паҳн кардани навори гурӯҳи “Ҳамос” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир карда ва ба Тоҷикистон супурдаанд.

Ҳуқуқшиноси қирғизистонӣ Мирлан Токтобеков, ки бисёр вақт бо масъалаи муҳоҷирон сарукор дорад, ба ин назар аст, ки ихроҷи коргарони хориҷӣ ба далоили мазҳабӣ аз Русия бештар шудааст.

Ӯ гуфт: “Вақтҳои охир мавридҳои бисёре сабт шудааст, ки одамонро барои зоҳир, аксҳои бо риш дар шиноснома ё либоси мазҳабӣ “депортатсия” мекунанд. Дар умум ба сабаби ҷанг дар Украина чораҳои амниятиро дар Русия тақвият бахшидаанд. Аммо ин набояд бо диндорӣ иртибот дошта бошад. Ман инро ба бегонаситезӣ ва исломбадбинӣ пайванд медиҳам.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқдон, нерӯҳои амниятии Русия на ҳамеша дар бораи масоили мазҳабӣ огаҳии дуруст доранд ва рӯҳониёни одии мавъизагӯро аз афроди мамнуъ фарқ карда наметавонанд.

Дар ҳар сурат, ӯ тавсия медиҳад, ки муҳоҷирон пеш аз сафар ба Русия видеои мавъизаи рӯҳониён ва фатвову баёнияҳои онҳоро аз телефони худ ва дастгоҳҳои дигари электронӣ пок кунанд.

XS
SM
MD
LG