Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Имзо накардам, заданд." Ихроҷи ду тоҷик аз Русия барои саркашӣ аз ҷанг. ВИДЕО


Алишер Зарифӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳангоми мусоҳиба бо Мансур Ҳоҷиев. Душанбе, 30-юми октябри 2023
Алишер Зарифӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳангоми мусоҳиба бо Мансур Ҳоҷиев. Душанбе, 30-юми октябри 2023

​​​​​​​Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки пас аз радди пешниҳоди иштирок дар ҷанги Украина бо шиканҷа ва иттиҳоми сохта аз Русия ронда шудаанд.

“БА МИСЛИ ГӮСФАНД БУРДАНДУ ЗАДАНД”

Мансур Ҳоҷиеви 30-сола яке аз онҳост. Русия ӯро ба муҳлати панҷ сол ихроҷ карда, чаҳор ҳазор рубл ҷарима бастааст.

"Иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) доштам. Бояд шаҳрвандии Русияро мегирифтам. 12-уми сентябри 2023 ба Идораи муҳоҷирати ноҳияи Свердловски Перм рафтам. Гуфтанд, ки аввал қарордод имзо кун, барои ба ҷанг рафтан, вагарна намепазирем. Сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки фармон аст," -- нақл кард Мансур Ҳоҷиев. Суҳбати мо бо ӯ дар охири моҳи октябри имсол дар Душанбе сабт шуд.

Мусоҳиби мо афзуд, чун қарордод имзо накард, кораш пеш нарафт ва ночор ба хона баргашт. Вале мегӯяд, ногаҳон ҳама чиз рӯзи 26-уми сентябри 2023 дигар шуд, “вақте телефонӣ ба Идораи муҳоҷират хонда, ин дафъа маҷбур карданд, ки иттиҳоми истифода аз маводи мухаддирро ба дӯш гирам ва зери айбнома имзо гузорам”.

“Чор нафар бе ягон суолу ҷавоб дар Идораи муҳоҷират ба дастам завлона заданд. Рӯяшон пӯшида буд. Ба сарам селофан кашида, ба мисли гӯсфанд ба мошин партофтанд. Ба ҷангал бурда, бо “электрошокер” ба дасту поям заданд. Мехостанд, иқрор шавам, ки бале, маводи мухаддир истифода мебарам,” – гуфт Ҳоҷиев.

Ӯ мегӯяд, дар ниҳоят зери шиканҷаи тоқатфарсо истеъмоли маводи мухаддирро ба гардан гирифт, аммо талошҳои баъдияш барои исботи бегуноҳӣ дар додгоҳ номуваффақ буд.

Бар асоси қарори Додгоҳи ноҳияи Свердловски шаҳри Перм аз 27-уми сентябри имсол Мансур Ҳоҷиев ба истифодаи маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудааст. Тибқи ин санад, пулис замоне ҷавонро боздошт намудааст, ки “зери таъсири маводи мухаддир қарор дошт, аммо аз муоинаи тиббӣ сарпечӣ кард”.

Қарори Додгоҳи ноҳияи Свердловски Перм дар бораи Мансур Ҳоҷиев
Қарори Додгоҳи ноҳияи Свердловски Перм дар бораи Мансур Ҳоҷиев

Ин сокини шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи ноҳияи Свердловски шаҳри Пермро беасос хонда, таъкид кард, ки ҳеч гоҳ маводи мухаддир истифода накардааст. Ӯ, баръакс, мегӯяд, ки ҳамеша омодаи гузарондани муоинаи тиббӣ буд, аммо чунин дархосте аз тарафи мақомоти Русия сурат нагирифт.

Шарҳи масъулони Додгоҳ ва мақомоти пулиси Свердловски Перм ба ҳарфҳои Мансур Ҳоҷиев маълум нест. Ба муроҷиатҳои батакрори мо аз ин ду идора ҳанӯз посух надоданд.

Ба қавли Мансур Ҳоҷиев, ба сабаби он ки ихтисосаш вобаста ба коркарду истеҳсоли нафт аст, мехост шаҳрвандии Русияро бигирад ва дар ин бахш кор кунад. Ҳоло дар Душанбе бекор аст. Бовар дорад, ки душвории зиндагияш ба далели нарафтан ба ҷанг дар Украина пеш омад, аммо аз тасмими гирифтааш пушаймон нест.

"ПАНҶ СОЛ ИХРОҶ КАРДАНД"

Муҳоҷири дигар, Анвар, мегӯяд, ӯ бо айни вазъият дар Боздоштгоҳи муваққатии “Сахарово” дар Маскав дучор шуд.

"Баробари ба онҷо даромадан, гуфтанд, ки ба коғази иштирок дар ҷанги Украина имзо мон. Гуфтам, ки намехоҳам ба онҷо равам. Гуфтанд, бисёр забондарозӣ мекунӣ ва шиканҷаам карданд. Як модари танҳо дорам, ӯро партофта ба куҷо меравам?" – нақл кард Анвар.

Вай мегӯяд, дидааст, ки чанд нафари дигарро барои саркашӣ аз рафтан ба ҷанги Украина низ шиканҷа кардаанд: “Худи ман маъюб шудам. Ба миёнам бисёр заданд. Гуфтам назанед, забондарозӣ мекунӣ гуфтанду заданд. Дар шиносномаам панҷ сол муҳри ихроҷ (депортатсия) заданду рост ба Кӯлоб фиристоданд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Ду муҳоҷири тоҷикро барои саркашӣ аз ҷанг аз Русия ронданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, моҳи марти имсол ба Русия рафта, ҳуҷҷатҳояш дуруст буд, вале маъмурони пулис дар истгоҳи метро ӯро гирифта, ба Боздоштгоҳ бурдаанд.

“Пули семоҳаи патентро дода будам. Пули сабтиномро ҳам. Дар боздоштгоҳи “Сахарово” гуфтанд, ки биё, ба хидмати ҳарбӣ дар артиши Русия барем. Гуфтам, намехоҳам. Пас аз ин гуфтанд, ки бо баҳонаи надоштани ҳуҷҷат маро 17 рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд ва ҳамин корро карданд,” –шикоят кард ӯ.

Модари Анвар мегӯяд, саломати писараш ҳанӯз барқарор нашудааст. “Рӯзи аввали баргаштанаш аз ман пинҳон кард. Дертар фаҳмидам, ки танаш сиёҳу кабуд буд. Ба сараш бисёр задаанд. Чизе, ки аз дастам омад, кардаму писарамро ба по хезондам ва боз ба кор даровардам. Ҳоло кор мекунад. Асабаш бисёр хароб шудааст.”

То кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба таври қарордодӣ, ваъдаи озодӣ аз зиндон ё дарёфти осони шаҳрвандии Русия ба майдони ҷанг дар Украина бурда шудаанд. Хабари марги чандин нафари онҳо расонаӣ шуд, аммо шумораи дақиқе дар даст нест.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҷуз онки аз шаҳрвандон хостааст, дар “ҷангҳои бегона” ширкат накунанд, дар мавриди даргирӣ дар Украина ё иштироки зодагони кишвар дар он паёму иттилои возеҳе надодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG