Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз инҷо меронанд, дар Тоҷикистон зиндонӣ мекунанд" ВИДЕО


Дар акс: Убайдулло Саидӣ, Ҷамшед Ёров ва Муҳаммадҷон Кабиров
Дар акс: Убайдулло Саидӣ, Ҷамшед Ёров ва Муҳаммадҷон Кабиров

Мухолифони тоҷик аз бозпас фиристодани баъзе аз пайравонашон аз Аврупо ба Душанбе нигарон ҳастанд. Мегӯянд, ки ҷони онҳо дар хатар аст.

"Соли гузашта Билол Қурбоналиев, узви ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24", аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуд. Узви собиқи ҳаракат Низомиддин Насриддиновро аз Беларус ба Тоҷикистон фиристоданд," – гуфт Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи "Гурӯҳи 24".

Вай афзуд: "Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои манофеи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон хатар эҷод мекунад, ӯро ба ҷонибдорӣ аз ҳизбҳои сиёсии мамнуъ дар Тоҷикистон муттаҳам карда, ба зиндон мебаранд. Мутаассифона, ҳукуматҳо ҳамин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон ҷонашон дар хатар аст, онҳоро ихроҷ мекунанд."

Аслиддин Шерзамонов, писари яке аз фаъолони мухолифон Алим Шерзамонов, дар Лаҳистон (Полша) ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ёрӣ медод. Рӯзи 10-уми январ дастгиру сипас раҳо шуд, аммо Хадамоти марзбонии Лаҳистон хостааст, кишварро тарк кунад. Сарнавишти ӯ ҳанӯз норӯшан аст.

Шамсиддин Саидов, намояндаи мухолифон, як сол боз писарашро надидааст. Абдуллоҳро аз Олмон ронданд ва дар Тоҷикистон ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Дидбони Ҳуқуқи Башар, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, моҳи январи имсол гуфт, Олмон бояд аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, ки ӯро аз зиндон озод кунад ва иҷоза диҳад, ки кишварро тарк кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Аврупо мегӯянд, дастгиру берун кардан ва ба ҳукумати Тоҷикистон супурдани баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯён бештар шудааст. Ба қавли ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров, мудири созмони “Бунёди Бузургмеҳр”, “теъдоди тоҷикистониҳое, ки аз хориҷа, аз Ғарб, Русия ва давлатҳои дигар ба Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд, хеле афзуд.”

“Истирдод мешаванд. Хеле аз онҳо зиндонӣ мешаванд. Омори депортшудаҳо бисёр аст, мутаассифона, ҳамаи онро надорем. Баъзе аз фаъолони тоҷик ҳам депорт шуданд. Парвандаи ҳар тоҷике, ки аз Лаҳистон ихроҷ шудааст, бояд ҷудогона баррасӣ шавад. Ҳатто дар мавридаш ҷудогона бояд изҳори назар шавад,” – мегӯяд Муҳаммадҷон Кабиров, сардабири шабакаи “Азда”.

Расонаҳои аврупоӣ зиёд шудани ихроҷи муҳоҷиронро ба дигар шудани қонунгузорӣ ва рӯҳияи ҷомеа вобаста медонанд.

“Онҳое, ки ҳаққи будубошро надоранд, бояд кишвари моро тарк кунанд. Шумораи берун кардан имсол (2023) аллакай 27 дар сад бештар аст, вале боз ҳам чораҳои фаврӣ заруранд. Барои ҳимояи ҳуқуқи бунёдии паноҳандагӣ мо бояд муҳоҷирати ғайриқонуниро сахт маҳдуд кунем,” – гуфтааст вазири корҳои дохилии Олмон Нэнси Фезер.

Зиёд шудани боздошту бозпас фиристодани муҳоҷирони тоҷик онҳоро дар Аврупо ба ташвиш овардааст. Мегӯянд, намедонанд дар чунин ҳолат бояд чӣ кор кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ба онҳо машварат медиҳанд.

Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров гуфт: “Риояи талаботи қонунгузории ҳамон давлате, ки будубош доранд. Ҳангоми тағйир додани маҳалли истиқомат, тағйир ёфтани вазъият дар оила, дар кор ва он чизе, ки ба парванда зарур аст, ҳатман хабар диҳад. Ба фаъолияти ғариқонунӣ машғул нашудан. Меҳнат кардан, бастани шартномаҳои корӣ ва машғул нашудан ба корҳои ғариқонунӣ, корҳои сиёҳ."

Чаро Аврупо баъзе аз паноҷҳӯёнро “сахт” гирифт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ҳукумати Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои мухолифро баста, ҷонибдорони онҳоро маҷбур кардааст, ки ватанро тарк кунанд, вале дар хориҷа ҳам ором намегузорад.

Даҳҳо нафари онҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва баҳонаи терроризиму ифротгароӣ таъқиб карда мешаванд. Мухолифон ҳукуматро ба саркӯби дигарандешон ва наздикони онҳо дар остонаи гузариши эҳтимолии қудрат айбдор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG