Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг ё "депорт". Ба муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово" чӣ мегӯянд? ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово". Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово". Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда дар "Сахарово" мегӯянд, онҳоро барои рафтан ба ҷанги Украина ташвиқ мекунанд.

"Сахарово", як Маркази бузургтарини нигаҳдории хориҷиён дар Маскав аст, ки ҳоло даҳҳо муҳоҷири тоҷик онҷо дар интизори ихроҷ ба Тоҷикистон ҳастанд.

Чанд муҳоҷири тоҷик аз ин боздоштгоҳ мегӯянд, муддати тӯлонӣ аст, ки бо сарнавишти норӯшан ва дар шароити бад нигаҳдорӣ мешаванд.

Пешниҳоди рафтан ба артиш ва ҷанг аз аввалин коре будааст, ки баъди овардани муҳоҷирон ба "Сахарово" пеши онҳо гузошта мешавад.

Теъдоди муҳоҷирони боздоштшуда дар боздоштгоҳу марказҳои нигаҳдории хориҷиён дар Русия афзоиш ёфтааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Зиндон ё боздоштгоҳ. Ба муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово" чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Мақомоти Русия дар ним соли ахир тафтишу санҷиши муҳоҷиронро бо шеваҳои дағал бештар кардаанд ва ин вазъ то кунун идома дорад.

Як тан аз муҳоҷирони тоҷик, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи 22-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба ҷанг даъват мекунанд, вале мо не гуфтем. Одамоне ҳастанд, ки аз ин ҷо рафтанд. Номҳояшонро намегӯям."

Дар наворе, ки ӯ равон кардааст, овезаҳои ташвиқи муҳоҷирон ба ҷанг дида мешавад. Ӯ гуфт, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ки муҳоҷирони дар ҳоли ихроҷро барои рафтан ба ҷанг дар Украина розӣ кунанд. Онҳое ки рад мекунанд, дар шароити душвор ва номуайянӣ ба сар мебаранд.

“Шароиташ хуб нест, тамоман вазнин. Ба мо гуфтанд, дар 10 рӯз ҷавоб медиҳем, 28 рӯз шуд. Хурокаш соз нест, муҳофизонаш бо мардуми тоҷику узбек рафтори бад доранд. Аз муҳоҷирон хоҳиш мекунам, ки ҳуҷҷатҳоятонро пурра дуруст кунед,”—гуфт ӯ.

Ин мусоҳиби мо дар Тоҷикистон бозигари як дастаи футбол аст, вале ба далели амнияти нахост муаррифӣ шавад. Тақрибан як моҳ боз дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Мегӯяд, баъди гум кардани ҳуҷҷатҳояш аз як шаҳри дигари Русия ба Маскав омад ва барои гирифтани шиносномаи нав ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кард, вале дар роҳ боздошт шуд. “Дар метрои Люлино қапида, ба боздоштгоҳи Сахарово оварданд. 28 рӯз мешавад дар инҷоям,”—афзуд ӯ.

Муҳоҷирон мегӯянд, дар ин марказ дар як ҳуҷра то даҳ муҳоҷир нигаҳдорӣ мешавад ва ба 13 нафар як дона хлеб ё нон медиҳанд. Танҳо дар се рӯз як бор ба онҳо ҳаққи истифода аз телефон дода мешавад.

Дар ин марказ асосан муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба нақзи қоидаҳои будубош ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муттаҳаманд. Аз ин ҷо аксарият ба ватан ихроҷ мешаванд. Боздошу рейдҳои ахир шумори муҳоҷиронро дар боздоштгоҳи Сахарово зиёд кардааст. Ба мушоҳидаи муҳоҷири тоҷик, ҳоло дар биное, ки ӯ нигаҳдорӣ мешавад, 50 нафар аз Тоҷикистонанд.

Ӯ гуфт: “Бачаҳое ҳастанд, ки нав се рӯз пеш аз Тоҷикистон омадаанд, онҳоро боздошт карда овардаанд. Миёнаравоне, ки регистратсия мекунанд, ҳамаро фиреб медиҳанд. Вақте боздошт ва тафтиш мекунанд, дар база намебарояд, инҷо меоранд. Дар ҳамин корҳо боэҳтиет бошед.”

Дар сафорати Тоҷикистон рӯзи 21- уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар 11 моҳи ахир 2700 муҳоҷири тоҷик аз «Сахарово» ба Тоҷикистон ирсол шудаанд. Дар як ҳафтаи гузашта ба иттилои сафорат 20 нафар ба кишвар интиқол дода шуд. Намояндагони Сафорат мегӯянд, барои сари вақт раҳо шудани муҳоҷирон аз «Сахарово» кӯмак мекунанд.

Ҳолатҳое ҳам буд, ки муҳоҷирон то як сол интизори қарори додгоҳ ва хориҷ шудан ба Тоҷикистон дар ин ҷо мондаанд. Муҳоҷирон барои кӯмак ба ҳуқуқшиносон ҳам зиёд муроҷиат мекунанд. Муҳаммадҷон Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки бо тақозои кор пайваста аз «Сахарово» дидан мекунад, мегӯяд, шароит на ба он ҳадест, ки муҳоҷирон тасвир мекунанд.

“Он ҷо осоишгоҳ нест, боздоштгоҳ ҳаст. Монанди маҳбас аст, аммо шароити он назар ба дигар шаҳрҳои Русия хубтар аст. Вақтҳои ахир бисёри муҳоҷирон аз Сахарово муроҷиат мекунанд, ки дар ин ҷо мо зиёдтар истодаед. Баъзеҳо меган 40 ё 50 рӯз истодаем. Ман худам чандин маротиба ба ин боздошгоҳ муроҷиат кардам. Онҳо мегӯянд, мо маблағ барои равон кардан надорем. Сабаби дер равон карданро ман ҳам намедонем,”—гуфт Муҳаммадҷон Собиров.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, баъди 12 рӯзи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ муҳоҷир ҳақ дорад ба ватан баргардонида шавад. Ӯ гуфт: “Як ду шаҳрванди Тоҷикистон он ҷо буданд, тамоми ҳуҷҷатро доштанд, мо ба догоҳ шикоят бурда, онҳоро баровардем.”

Бархе аз муҳоҷирон, баъди ҳафтаву моҳҳои интизорӣ талош мекунанд, бо маблағи худ чипта харида, ба ватан баргарданд. Бародари яке аз муҳоҷироне, ки ҳафтаи пеш аз ин боздоштгоҳ ба ватан баргашт, ба Озодӣ гуфт, аз тарси ба ҷанг фиристода нашудани додараш, ӯро баъди як моҳи кӯшишҳо аз боздоштгоҳ ба ватан интиқол доданд.

Ба бовари бархе аз муҳоҷирону ҳомиёни ҳуқуқ, як ҳадафи боздошти тӯлонии муҳоҷирон дар ин ҷо феълан, ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг ё артиш аст. Мавқеъ ва вокуниши масъулини марказ ба ин иддаоҳо маълум нест.

Русияро ҳомиёни ҳуқуқ барои поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон бисёр танқид мекунанд ва мегӯянд, бо онҳо дар Русия ҳамчун одамони навъи ду муносибат мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG