Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳавопаймои нави бесарнишинро муаррифӣ кард


Навори муаррифии паҳподи навро хабаргузории "Тасним" нашр кард. 28-уми апрели соли 2024
Навори муаррифии паҳподи навро хабаргузории "Тасним" нашр кард. 28-уми апрели соли 2024

Артиши Эрон рӯзи 28-уми апрел як ҳавопаймои нави бесарнишинро муаррифӣ кард.

Ба гузориши оҷонси давлатии "Тасним", ин паҳпод ба ҳавопаймои бидуни сарнишини русии "Zala Lancet" монандӣ дорад.

"Zala Lancet" бори аввал дар соли 2020 истеҳсол шуда буд.

Эрон дар солҳои охир дар тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин ба пешрафт ноил шудааст.

Ҳавопаймоҳои сохти Эрон аз сӯйи нерӯҳои Русия дар ҷанги зидди Украина ба таври фаровон истифода мешаванд. Ҳавопаймоҳое, ки бо истифода аз он биноҳои зиёде вайрон, зербунёдҳои муҳим хароб ва ғайринизомиён куштаву захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG