Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тақрибан 200 нафар дар се донишгоҳи Амрико


Донишгоҳи Колумбия, Ню-Йорк, 25-уми апрели соли 2024
Донишгоҳи Колумбия, Ню-Йорк, 25-уми апрели соли 2024

Пулиси Амрико рӯзи 27-уми апрел, ҳангоми вайрон кардани хаймаҳои эътирозгарони зидди ҷанг дар Навори Ғазза, ҳудуди 200 нафарро дар се донишгоҳи Амрико боздошт кардааст.

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, ҳудуди 100 нафар ҳангоми тахриби хаймаи норозиён дар Донишгоҳи Бостон боздошт шуданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Аризона 69 нафар ва дар Донишгоҳи Индиана 23 нафарро дастгир кардаанд.

Онҳо ба зидди ҷанги Исроил дар Ғазза эътироз доштанд.

Ин ҷанг моҳи октябри соли 2023 дар пайи ҳамлаи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба ҳудуди Исроил ва кушта шудани 1200 нафару ба гарав бурдани беш аз 240 кас шуруъ шуд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаи ҷавобии Исроил, ки моҳҳо боз идома дорад, зиёда аз 33 ҳазор фаластинӣ, ба шумули занону кӯдакон, кушта шуданд.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG