Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Дар амалиёти Маскав зодагони Осиёи Марказӣ боздошт шуданд


Яке аз дастгиршудаҳо дар навори бозпурсӣ, ки тавассути Хадамоти федеролии амнияти Русия расонаӣ шуд, худро Абдухолиқ Мирзоев, сокини шаҳри Турсунзода, муаррифӣ кард
Яке аз дастгиршудаҳо дар навори бозпурсӣ, ки тавассути Хадамоти федеролии амнияти Русия расонаӣ шуд, худро Абдухолиқ Мирзоев, сокини шаҳри Турсунзода, муаррифӣ кард

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар амалиёти муштарак бо нерӯҳои Қирғизистон ва ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - дар Маскаву Санкт-Петербург 12 зодаи Осиёи Марказиро боздошт карданд. Онҳо гуфтанд, дастгиршудаҳо тарҳи ҳамлаи террористӣ дар ин ду шаҳри бузурги Русия ва кишварҳои минтақаро кашида буданд. Амалиёти муштарак рӯзи 12 ноябр сурат гирифтааст.

Яке аз боздоштшудаҳо худро Мирзоев Абдухолиқ Алишерович, сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, муаррифӣ кард.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи шанбе бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки "аз боздоштшудаҳо миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфту мусодира гардид. Барои халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишоти пешакӣ мақомот аз овардани ному насаби онҳо худдорӣ менамояд".

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, боздошти 12 зодаи Осиёи Марказӣ ва нақшаи ҳамлаи онҳо баъди дастгир шудани як сокини шаҳри Турсунзода бо номи И.Ҷ. имконпазир шуд, ки қасди сафар ба Сурияро доштааст. Ба иттилои мақомот, бародари И.Ҷ. дар Сурия буда, "хешу табор ва дигар шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ҷалб мекард.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз ифшои ному насаби боздоштшудаҳо худдорӣ карданд, Хадамоти федеролии амнияти Русия бо нашри як навори бозпурсӣ исми бархеи онҳоро ошкор намуд. Бино ба навори видео, ки рӯзи шанбе расонаӣ шуд, яке аз боздоштшудаҳо худро Мирзоев Абдухолиқ Алишерович, сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, муаррифӣ карда гуфт, бародараш дар Сурия дар "ҷиҳод" қарор дорад. Мирзоев дар идомаи бозпурсӣ эътироф кард, онҳо қасди ҳамла дар Маскавро доштанд ва аз "Тағо" ном нафаре ҳам ёдоварӣ намуд, ки ба қавли ӯ шаҳрванди Қирғизистон будааст.

​Мақомоти амниятӣ гуфтанд, боздоштшудаҳо бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар тамос буда, аз маҳалли зисти онҳо дастгоҳи мухобиротӣ ва чор бомбаи худсохт низ мусодира шудааст. Дар иттилоияи ФСБ гуфта мешавад, ин гурӯҳ қасд дошт, ҳамлаҳоро дар ҷойҳои серодам анҷом диҳад.

Дар охири моҳи октябр дар пайи амалиёти нерӯҳои махсуси Русия дар шаҳри Нижний Новгород ду узви, ба гуфтаи онҳо, гурӯҳҳои террористӣ кушта шуда буданд. Расонаҳои Русия гуфтанд, яке аз ин афрод бо номи Даурбеков 28 сол дошта, зодаи Русия ва дувумӣ бо номи Киромиддин 21 сол дошта, аз Қирғизистон барои кор ба Нижний Новгород рафтааст.

Ин амалиёти нерӯҳои махсуси Русия баъди он сурат, ки ду узви ба қавли онҳо гурӯҳҳои террористӣ дар дохили мошини тамғаи "Нексия" бо маъмурони интизомӣ муқобилат карданд. Ин афрод қасд доштаанд, дар маркази Нижний Новгород амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. Мақомот мегӯянд, аз манзили онҳо парчами сиёҳ, никоб ва адабиёти динӣ мусодира шудааст.

Олег Панфилов
Олег Панфилов

Дар ҳоле ки дар маркази ин қазияҳо асосан зодагони Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд, хабарнигору таҳлилгар Олег Панфилов дар сӯҳбати ду ҳафта пешаш бо Радиои Озодӣ ин ҳамаро ҷузъе аз таблиғи Русия барои мубориза бо ифротгароӣ дониста буд. Ӯ гуфт, "ҷалби сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба саффи гурӯҳҳои террористӣ дар Русия бисёр баҳсангез аст. Чун аз рӯи маълумоте, ки ҳаст, зодагони Осиёи Марказӣ дар муқоиса ба кишварҳои худашон бештар дар Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд."

Аз ин пеш дар моҳи майи имсол Хадамоти федеролии амнияти Русия – хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Маскав 12 зодаи Осиёи Марказиро бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои таҷлили иди Ғалаба дастгир кардааст. Дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон будаанд.

Мақомоти амниятии Русия гуфтанд, ин афрод узви созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Маскав аз раҳбарони гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Туркия фармон, пул ва ҳатто силоҳ гирифтанд. Ҳамин тавр, дар моҳи феврал дар шаҳри Екатеринбурги Русия 7 нафар, бо шумули 5 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи маъмурони ФСБ бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд.

Мақомоти амниятӣ гуфтанд, ин афрод узви созмони тундрави “Давлати исломӣ” буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск тайёрӣ медиданд. "Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ду сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном "хилофат" кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст.

Фаъолияти "Давлати исломӣ" дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст ва Тоҷикистон борҳо эълон кардааст, ки бештари сокинони кишвар аз Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 1100 сокини кишвар ба майдонҳои ҷанги Сурияву Ироқ рафта, марги тақрибан 300 нафари онҳо таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG