Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании муҳоҷирони тоҷику узбак дар Русия


Акс аз як занозании муҳоҷирони тоҷику узбак дар Тула дар соли 2015
Акс аз як занозании муҳоҷирони тоҷику узбак дар Тула дар соли 2015

Шаби гузашта гурӯҳи муҳоҷирони тоҷику узбак дар рустои Кудрово дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ҳам занозанӣ кардаанд. Дар пайи ин занозанӣ чанд нафар дастгир шуда, як муҳоҷирро ба бемористон интиқол додаанд.

Мақомоти умури дохилаи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия мегӯянд, шаби гузашта, соати тақрибан 03:40, дар яке аз сохтмонҳои рустои Кудровои ноҳияи Всеволожское байни муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон занозании гурӯҳӣ шудааст. Бино ба гузориши дафтари матбуоти пулиси минтақа, “дар натиҷаи ин низои маишӣ як нафар ҷароҳатҳои миёна бардошта, ба бемористон интиқол дода шуд.” Бино ба ин манбаъ, маъмурони пулис зуд ба ҷои ҳодиса расида, тарафҳои даргирро аз ҳам ҷудо ва чанд нафарро дастгир кардаанд. Дар пулиси Петербург ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар қиболи ин ҳодиса бо иттиҳоми “авбошӣ” дар дасти баррасӣ қарор дорад ва муҳоҷирони дастгиршударо ғолибан ҳукми ихроҷ аз қаламрави Русия ҳам мунтазир аст.

Пулис аз ироаи теъдоди мушаххаси иштирокунандагони занохании ахир дар Кудрово худдорӣ кард, вале ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ дар Кудрово даҳҳо нафар ширкат кардаанд.

Бархе расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки муҳоҷирон ҳангоми таҷлили зодрӯзи яке аз онҳо дар ҳолати мастӣ ба ҳам дарафтодаанд. Бино ба бархе гузоришҳо, нафари ба бемористон мунтақилшуда коменданти хобгоҳ будааст, ки барои манъи муҳоҷирон аз таҷлили пурсарусадои зодрӯзи ҳамкорашон латукӯб шудааст.

Танҳо дар ду ҳафтаи охир ин алакай дувумин мавриди занозанӣ дар сохтмонҳои рустои Кудрово дар канори шаҳри Петербург мебошад.

Занозании моҳи июн дар Кудрово
Занозании моҳи июн дар Кудрово

Шаби 27 ба 28 июн дар ин минтақа байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон ва як гурӯҳи зодагони ҷумҳурии Доғистони Русия низ занозанӣ сурат гирифт. Дар пайи он идораи ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар вилояти Ленинград гуфт, ки 9 тан аз иштирокунандагони фаъоли ин низоъро аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти ФМС, ин афрод қоидаҳои будубош дар Русияро поймол кардаанд.

Тақрибан соати нӯҳи шаби 27 июн дар ҳудуди сохтмонҳои ҷадид дар шаҳраки Кудрово байни ду гурӯҳи муҳоҷирон занозанӣ сурат гирифт. Дар наворҳои видеоии дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки коргарони ин сохтмон ду мошинро шикаста ва якеи дигарро ба умқи чоҳи барои пойдевори бинои ҷадид кандашуда меандозанд. Дар як канор мошини дигаре бо номи “Тигр”-ро зоҳиран соҳибонаш партофта, фирор кардаанд. Пулиси вилояти Ленинград гуфт, дар Кудрово муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар заминаи як муноқишаи маишӣ бо гурӯҳе аз зодагони ҷумҳурии Доғистони Русия дастбагиребон шудаанд ва маъмурони пулис аз байни тақрибан 100 ширкаткунандаи ин занозанӣ 17 нафарро дастгир карда, ба ФМС супурданд. Намояндаи ФМС гуфт, 15 тан аз ин боздоштшудаҳо шаҳрвандони Узбакистон ва дуи дигар аз Тоҷикистонанд.

Аммо агар дар он занозанӣ муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон аз як ҷониб ширкат карда бошанд, ин дафъа аз гиребони якдигар гирифтаанд. Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Петербург гуфта буд, ки дар сохтмонҳои Кудрово дар баробари муҳоҷирони тоҷик асосан тоҷикони Самарқанди Узбакистон кор мекунанд.

Бино ба оморҳо, дар Русия тақрибан 2 миллион муҳоҷир аз Узбакистон ва зери 900 ҳазор аз Тоҷикистон кор мекунанд. Байни онҳо ҳар сари чанд вақт занозаниҳое бештар ба далоили низоъҳои маишӣ рух медиҳанд.

Танҳо дар байни моҳҳои феврал – марти соли ҷорӣ ва танҳо дар шаҳру вилояти Маскав 4 мавриди занозанӣ байни муҳоҷирон аз ин ду кишвари ҳамсоя рух дода буд. Дар пайи занозании шоми 14 март дар гулгашти Кавказский дар пойтахти Русия 28 нафар ва дар пайи занозании шаби 14 ба 15 феврал байни ду бригадаи кӯчарӯбҳои тоҷику узбак дар кӯчаи Старообрядческая дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав 15 тан аз муҳоҷирон аз ин ду кишвар дастгир шуданд. Рӯзи 1 феврал низ муҳоҷирони тоҷику узбак дар ҳолати мастӣ дар шаҳраки Митиши дар канори Маскав аз гиребони якдигар гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, пеш аз ҳама кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.

XS
SM
MD
LG