Пайвандҳои дастрасӣ

Занозании тоҷикҳо бо доғистониҳо дар Ленинград


Лаҳзае аз занозанӣ дар Кудрово

Лаҳзае аз занозанӣ дар Кудрово

Мақомоти ФМС мегӯянд, 9 тан аз иштирокунандагони занозании шаби 27 ба 28 июн дар канори Петербургро аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд. Ҳамаи ин 9 нафар муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистону Узбакистон мебошанд.

Дафтари матбуоти идораи ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар вилояти Ленинград рӯзи 29 июн хабар дод, ки 9 тан аз иштирокунандагони фаъоли занозании шаби 27 ба 28 июн дар шаҳраки Кудровои ноҳияи Всеволожск дар канори шаҳри Санкт-Петербургро аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти ФМС, ин афрод қоидаҳои будубош дар Русияро поймол кардаанд.

Тақрибан соати нӯҳи шаби 27 июн дар ҳудуди сохтмонҳои ҷадид дар шаҳраки Кудрово байни ду гурӯҳи муҳоҷирон занозанӣ сурат гирифт. Дар наворҳои видеоии дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки коргарони ин сохтмон ду мошинро шикаста ва якеи дигарро ба умқи чоҳи барои пойдевори бинои ҷадид кандашуда меандозанд. Дар як канор мошини дигаре бо номи “Тигр”-ро зоҳиран соҳибонаш партофта, фирор кардаанд.

Пулиси вилояти Ленинград гуфт, дар Кудрово муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар заминаи як муноқишаи маишӣ бо гурӯҳе аз зодагони ҷумҳурии Доғистони Русия дастбагиребон шудаанд ва маъмурони пулис аз байни тақрибан 100 ширкаткунандаи ин занозанӣ 17 нафарро дастгир карда, ба ФМС супурданд. Намояндаи ФМС гуфт, 15 тан аз ин боздоштшудаҳо шаҳрвандони Узбакистон ва дуи дигар аз Тоҷикистонанд.

Назар Мирзода

Назар Мирзода

Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар заминаи муноқишаи маишӣ сар задани занозанӣ дар Кудроворо тасдиқ кард: “Моро ҳамон шаб хабар карданду рафтем ва то соати яки шаб дар Кудрово будем. Ба нақли шоҳидон, аз зери чархи мошини як коргар ба рӯи коргари дигаре об мечошад ва онҳо бо ҳам вориди баҳс мешаванд. Яке аз онҳо аз Доғистон ва дувумӣ тоҷик будааст. Доғистонӣ рафта, дар 5 мошин ҳамватанҳои худро барои тасфияҳисоб(разборка) бо тоҷикҳо меорад ва мешавад ҷанг. Коргарони тоҷик доғистониҳоро латукӯб карда, мошинҳояшонро мешикананд ва як мошини онҳоро ҳатто ба чоҳи кандашудаи як бинои ҷадид партофтаанд.”

Шаҳраки Кудрово дар канори Петербург дар моҳҳои охир ба як майдони бузурги сохтмонӣ табдил ёфтааст. Дар ин минтақа аз сӯи ширкатҳои мухталифи сохтмонӣ даҳҳо биноҳои осмонбӯс қомат меафрозанд. Дар сохтмонҳои Кудрово садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд. Назар Мирзода гуфт, ҳамаи ин муҳоҷирон тоҷикҳои Тоҷикистон ва Самарқанди Узбакистонанд.

Ба гуфтаи консули ифтихории Тоҷикистон, дар пайи занозании шаби 27 июн алакай намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикону доғистониҳои муқими Санкт-Петербург вориди музокира ва ҳалли муноқишаи пешомада шудаанд: “Мо ба мардуми ҷамъшуда гуфтем, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон аз гиребони якдигар нагиред, ки гуноҳ дорад, охир мо, ҳама, мусалмонем. Он тараф зоҳиран фаҳмид ва қабул кард паёми моро. Қарор аст, рӯзи 30 июн дар дафтари консулгарӣ аз нав ҷамъ шавем ва масъалаи пардохти хисороти тарафҳоро ҳам ҳал кунем.”

Занозанӣ бо доғистониҳо дар шаҳраки Кудрово дар ҳолест, ки рӯзи 14 май дар ҷараёни як занозании шадид дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав байни коргарони тоҷики ин оромгоҳ ва як гурӯҳи ҷиноии аксаран зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ҳудуди 30 тани дигар, бо шумули 23 муҳоҷири тоҷик захмӣ шуданд.

Коргарони оромгоҳи Хованское мегуфтанд, ки худро аз як гурӯҳи ҷиноие, ки мехост гӯрканҳову сангтарошҳо ва ҳатто роҳрӯбони ин гӯристонро “ҳақ” бубандад, дифоъ кардаанд.

Аммо занозании ахир байни зодагони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар канори Санкт- Петербург, ба гуфтаи мақомот, бештар ангезаҳои маишӣ доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG